воскресенье, 28 апреля 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 48


Ситораашон рост наомадас…
Зану шавҳар ҷанҷол кардан гиранд, чунин мегӯянд.
Ситораҳое, ки миллионҳо соли рӯшноӣ аз сайёраи Замин дуранд, гӯё характери одамро шакл додаанд. Ин ҳама сафсатаи фолбинҳост ва мунаҷҷимҳое, ки аз рӯи ҷойгирии дувоздаҳ бурҷҳои фалак фол мекушоянд. Ин ҳама асбоби фиреби пулёбии онҳост.

Пулмаст.
Дар базму тӯй ба рақскунандаҳо пул часпондан мегирад.

Кабки майзада.
Фалонӣ кабки майзада барин, ду-се пиёла арақ нӯшад, баъд ба сурудхонӣ сар мекунад. Ба кабки майзада то моши ба коняк тар карда надиҳанд, садое намебарорад.
Кабки нохоноро савдогарони кабкфурӯш майзада карда ба бозор мебароранд ва ӯ дар назди харидор сароидан мегирад, зеро ҳамон моши алкӯлӣ хӯрдааст. Харидор баъди харида ба хонаи худ бурдани ин кабк мебинад, ки вай намехонад. Баъд пай мебарад, ки кабки майзадаро кабки хоно гуфта ба ӯ фурӯхтаанд, яъне ки фиреб додаанд.


Устухон бӯй дорад.
Вақте ки тифлро ба дасти хеши наздик медиҳанду ношинос намепиндорад ва гиря намекунад, чунин мегӯянд.

Як дона майиза (мавизро) чил кас хӯрдас(т).
Дар бораи ба кам қаноат кардан мегӯянд. Одами зӯр ба кам қаноат мекунад. Одами паст ба кам қаноат карда натавониста худро ба чор тараф мезанад. Яъне корҳое мекунад, ки хилофи шарафи одамӣ.
Як дона мавизро ба чил кас тақсим кардан ғайри имкон аст. Ин ҷо муболиғаи шоирона ҷой дорад.

Дар рӯзи Наврӯз чил кундая (кундаро) сӯз.
Аз замонҳои қадим дар рӯзи иди Наврӯз бо кундаҳо гулханҳо афрӯхта дар атрофи он суруди баҳорӣ мехонданд ва мерақсиданд. Наврӯзгоҳи Самарқанд дар соҳилҳои рӯди Обираҳмат ва доманаи кӯҳи Чӯпонота (Кӯҳак) буд, ҷойи пурсабзу пуроб, табиати зебо.

Гӯҳи шарикия (шарикиро) саг нахӯрдаас.
Мақоли аз замони қадим дар байни сарватмандон машҳур. Зеро онҳо шарикони ҳамкори худро фиреб медиҳанд, муфлис (банкрот) карда мемонанд. Инро ба забони нимарусии худ «Кидат кардан» мегӯянд.

Тушберая хом шумурдӣ.
Ба касе гӯянд, ки сухани беасос гӯяд.


Комментариев нет: