воскресенье, 2 июня 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 49


Аз падари ахмоқ як писари чақмоқ.
Ахмоқ-аҳмақ. Чақмоқ-барқ.
Яъне ақл ирсӣ нест, фарзандони падару модари нофаҳм низ инсони комил шуда метавонанд. Дар мавриде, ки бисёр китоб хонанд бештар таҷрибаи зиндагиро омӯзанд.

Ҳам ба наъл мезанаду ҳам ба пошна.
Одами дурӯя, ҳам тарафи худисту ҳам тарафи муқобил.

Куни гӯзинба орди ҷав баҳона.
Ҷави хӯрокии «Геркулес» бошад, имрӯзҳо бо шифобахшии худ машҳур аст ва бод эҷод намекунад. Дар Англия ҳар саҳар хӯрдани шавлаи ҷавӣ расм шудааст.

Неши каждум на аз паи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст,
гуфтааст Саъдӣ.
Байни ин мақоли халқӣ ва он байти Саъдӣ монандие ҳаст.


Суханаш бо оби тилло навиштагӣ.
Дар бораи касе, ки фикри як бор баёнкардаи худро хато бошад ҳам дигар кардан намехоҳад. Одами якрав ва гарданшах.

Роҳбар гӯзад вай «лаббай» мегӯяд.
Яъне дар хушомадгӯиву лаганбардорӣ ба мансабдорон устухон надорад.

Нӯги дукаш сафед нашуд.
Яъне пулдор шуда натавонист.

Барака – ғайри ҳосил.
Яъне деҳқоне шикоят кунад, ки имсол ба сабаби офатҳои табиӣ ба ҳосил зарар расид, ҳамсӯҳбаташ мегӯяд: Худо гӯед, ки баракеша тияд.
Агар деҳқон гӯяд, ки имсол ҳосил зӯр шуд, боз ҳамсӯҳбаташ мегӯяд: Худо гӯед, ки баракеша тияд.
Барои самарқандӣ баракати ҳосилу корҳо хеле муҳим аст.

Нафас ях.
Нафас ях, натақаш набуромад мегӯянд дар бораи касе, ки сухане ба ҳимояи худ гуфта натавонист.

Гапа кӣ занад, пулдор занад.
Дагарҳо хап, гапи пулдор гап.
Муносибати мардуми закӣ ба навсарватмандон, ки дар чойхонаву гузарҳо даҳонкалонӣ мекунанд, худро калони ҳама меҳисобанд. Дар ҷамъияти навсармоядорӣ, ки арзишҳои маънавӣ ба дараҷаи зарурӣ эътибор пайдо накардаанд, мардуми аз фарҳанг дур монда ба муаллим, адиб ё донишмандон не, ба пулдорон зиёд аҳамият медиҳанд.

Гӯшти бача дар токча.
Яъне тез ба воя мерасад, тез қад мекашад.

Рӯз нишон наметияд.
Яъне бо ҷанҷолу нотавонбинӣ рӯзаша сиёҳ мекунад.

Соеша аз девор метарошад.
Яъне дар ғайбати касе дар бораи ӯ камбудиҳояшро мегӯяд.

Душманат гар пашша бошад,
Камтар аз филаш мадон.

Даҳони гург – хунолуд.
Яъне дузд дуздӣ мекунад ё не гунаҳкор аст.


Комментариев нет: