суббота, 22 июня 2019 г.

Номи устод Айнӣ дар асл чигуна буд?


Номи устод Айниро дар баъзе маврид Садриддин ва дар ҷои дигар Садриддинхоҷа хондаам. Масалан дар «Рӯзномаи Шарифҷон  Махдуми Садри Зиё» ӯ  Садриддинхоҷа номида шудааст. Садриддин Айнӣ вақти навиштани нусхаи форсии китоби худ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-ро тамом мекунад, дар саҳифаи охир номи худро ин тавр  навиштааст:
Садриддин Айнӣ ибни Саидмуродхоҷа.

Пурсиданиям, ки чаро дар вақти зикри номи устод Айнӣ номи хонаводагии ӯ – Саидмуродхоҷаро Саидмуродзода менависанд ё умуман наменависанд?
Оё чунин муносибат нишонаи ҳурмат ба ин бузургвор буда метавонад?
Донишмандони тоҷик дар ин бобат чӣ фикр доранд?



Комментариев нет: