вторник, 15 января 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 44


Кори шабу хандаи рӯз.
Яъне кори шабона бенуқс намешавад. Инсон бояд ҳама корҳоро дар рӯз анҷом дода тавонад.

Ҳақи устод аз падар беш аст.
Яъне щогирд ба устоди худ на камтар аз падар бояд ғамхорӣ кунад.

Гапаша зану гӯшаша каш.
Дар бораи касе сухан кунанду худаш биёяд, чунин мегӯянд.

Даҳанашба об гифта шиштас.
Яъне хомӯш нишастааст, сухан кардан намехоҳад.

Одами даҳонкалон.
Шахсе, ки дар маъракаҳо аз ҳар боб сухан мекунад.


Даҳондарида.
Шахсе, ки дар суханаш фачу лач зиёд аст. Дар бораи ӯ баринҳо мегӯянд: Ин даҳон ё калӯшкӯҳнаи дарида?

Зан-пинҳон, зар пинҳон.
Ба он маъно, ки ин ҳар ду сирри дарунии ҳар мард аст.

Деги сиёҳ боло шавад,
Хешу табор пайдо шавад.
Ин тавр низ мегӯянд:
Ҷонам аз тан баромад,
Хешам аз дар даромад.
Аз сустии пайвандҳои хушутаборӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Хушрӯй дӯстрӯй не, ситорагарм – дӯстрӯй.

Харидӣ, дӯхтӣ,
Фурӯхтӣ, сӯхтӣ.
Яъне пул зуд харҷ мешавад, аммо ашё мемонад.

Дӯст айбат рӯ ба рӯ гӯяд, на ин ки рафта мӯ ба мӯ гӯяд.
Дар бораи дӯстӣ мақолҳои зиёде вирди забонанд:
Ба ҷонӣ ҷон бидеҳ, дар пешгаҳ шинон,
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз хонаат рон.
Аз қадимзамон қоидаҳои хоси дӯстӣ мавҷуданд, ки ба қавли донишманди базурги ахлоқ Ҳусайн Воизи Кошифӣ теъдоди онҳо бист шартро дар бар гирифтааст ва аввалин шарт ин аст, ки касе набояд пулу мол аз дӯсташ дареғ дорад.

Дӯстӣ дар рафтуомад.
Ин ҳам халқист.


Меҳр – дар чашм.

Аз дида рафт,
Аз дил биравад.
Агар моҳҳо гузаранду он касеро, ки дӯсташ мешуморед, аз шумо ҳолпурсӣ накунад, пас дӯст набояд шуморид.
Аз шартҳои риояи дӯстӣ дар шаҳри мо дар замони ҳозира чортояш боқӣ мондааст: 1. Мол аз дӯст дареғ надоштан. 2. Айби дӯст ба рӯяш гуфтану ба каси дигар нагуфтан. 3. Дидорбинӣ карда истодан. 4. Аз душманони дӯст дур будан.


Комментариев нет: