четверг, 3 января 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 43


Саг соҳибашро намеёбад.
Дар бораи бесарусомонии баъзе идораҳо мегӯянд.

Як йигитба чил ҳунар кам аст.
Ин мақол дар  замони нав муҳим шуда монд. Зеро як чавонмард танҳо бо як хели ҳунар рӯзгори хонаводаашро таъмин карда наметавонад. Яъне вай дар шароити имрӯза камаш 7-8 хел касб дошта бошад, имкони васеътар пайдо мекунад.

Лояш аз хоктеппаи паст гирифтагӣ.
Дар бораи сарватмандони бесаховате мегӯянд, ки ба ягон кори хайр ягон сӯм намедиҳанд. Ба он маъно лой мегӯянд, ки худо ҳазрати Одамро аз лой сохта буд. Ва одами хеле пастфитрат бошад, лояш аз ботлоқ гирифтагӣ низ мегӯянд.


Отангни ӯлдирганга яхшилик қил (Ба падаратро куштагӣ хубӣ кун).
Аз мақолҳои хеле олии халқи ӯзбек, ки тоҷикони Самарқанд дӯст доштанд ва бисёр кор мефармоянд. Ин мақол характери асосии халқи ӯзбекро нишон медиҳад.
Муродифи тоҷикии ин мақол «Аз хурдон гуноҳ,  аз калонон бахшидан» аст. Бахшидани гуноҳ аз хислатҳои хуб маҳсуб мешавад. Кина гирифта гаштан хислати одами дилсиёҳ аст.

Булбулакаш ба хондан сар кард.
Ба маънои он ки ба гап задан сар кард.

Боморӣ кӯҳ барин меояду мӯй барин меравад.
Оиди он ки табобат дар мӯҳлати кам муяссар намегардад.

Қандата хӯр! Қанд занед!
Нидои таҳсину офарин дар забони омиёна.
Шакли ҳазломези он: Қандата хӯр аз пули худат!

Бовар накун ба дӯстат, коҳ чой кунад ба пӯстат!
Ақидаи омиёна оиди дӯстӣ. Дӯстӣ қоидаи худро дорад, ки ба сабаби талафоти маънавӣ – нобуд шудани бисёр китобҳои динии ахлоқӣ дар замони шӯравӣ аз зеҳни мардум дур шуд.
Аз донишмандони бузурги ахлоқ Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асри понздаҳ шартҳои дӯстиро ин тавр муқарар кардааст:
1.       Шумо набояд ба дӯстшаванда ғаразе дошта бошед ва ӯ низ ба шумо. Яъне байнатон набоядд манфиатҷӯӣ, тамаъ бошад.
2.       Дӯстшаванда бояд одами доно бошад, чун гуфтаанд: Душмани доно беҳтар аст аз дӯсти нодон.
3.       Дӯстшаванда бояд бадкор ва фосиқ набошад. Яъне бояд дилсафеду покизаахлоқ бошад.
4.       Гурусначашм ва хасис набошад.
5.       Ростгӯю росткирдор бошад. Зеро агар ин хислатро надошта бошад, фиребгар аст. Инҳо ҳама ба андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек реша доранд.
Шекспир гуфтааст, ки дӯстӣ бартар аст бар ишқ, чун ишқ яктарафа буда метавонад, аммо дӯстӣ не.
Ин қоидаҳо то ҳанӯз устуворанд.
Аммо мардуми мо ба ҷойи калимаҳои ошно, рафиқ, ёр, ҷӯра дар ақсар маврид калимаи дӯстро истифода мекунанд, ки хатост.
Ба ин сабаб ибораи дӯсти содиқ (ҷонӣ), дӯсти забонӣ ва дӯсти нонӣ пайдо шудаанд. Дӯсти ҷонӣ дӯсти ҳақиқист, ки ба панҷ шарти дӯстӣ, ки дар боло таъкид кардем, мувофиқат мекунад. Дӯсти нонӣ, яъне рафиқонеанд, ки ба сабаи аз шумо ягон хел манфиат гирифтан наздикӣ меҷӯянд. Дӯсти забонӣ танҳо бо сухан дӯст будани худро таъкид карда меистад.
Дар адабиёти классикии тоҷик калимаи дӯст ба маънои ошиқ, маъшуқа низ меояд. Баъзе мутафаккирон решаи қавии дӯстиро дар ҳамақидагӣ, ҳамфикрӣ мебинанд ва дӯстии Марксу Энгельсро мисол меоранд. Энгельс барои таъмини моддии оила Маркс дар як корхонаи тиҷоратӣ кор мекард, то ки Маркс асари асосии худ «Капитал»-ро нависад.
Дар романи яке аз бузургтарин нависандагони асри бисти немис Эрих Мария Ремарк «Се рафиқ» дӯстии ҳақиқӣ тасвир ёфтааст. Қаҳрамони ин асар барои он ки дӯсташ тавонад зани бемори худро дар шифохона табобат кунад, корхонаи таъмири мошинҳояшро фурӯхта ба дӯсташ мебахшад. Ин корхона ягона манбаи даромади ӯ буд.

Зиғири бирён.
 Доноча. Оиди кӯдакон.

Комментариев нет: