пятница, 23 ноября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 42


Санги вазнина об намебарад.
Насиҳат ба маънои он ки ба ҳар як носозгории ҳаёт пурсаброна тоқат кун. Ба арӯс дар рӯзи тӯйи никоҳ вақти гусел аз хонаи падар сарвари хонавода «ба ҷои рафтагет санг шав» гӯён дуо мекунад.

Аспи нағзба як қамчин, аспи бадба сад қамчин.
Яъне ба одами нағз як ишора кофист.

Қасами буз.
Бузи мода вақти зоидан савганд мехӯрдааст, ки дигар ба бузи нар наздик намеравад. Аммо баҳор ин қасами худро фаромӯш мекардааст.
Дар бораи онҳое, ки савганди худро мешикананд, мегӯянд:
- Қасами вай – қасами буз!


Одамшаванда.
Нисбати мансабдор мегӯянд. «Ҳӯ фалонӣ-мӣ? Мансабдори зӯр, одамшаванда!». Мансабдорро калоншаванда низ мегӯянд.

Ҳаммая мону аммая меҳмон.
Яъне саргарми меҳмондорӣ шуда аз кори асосӣ дур намон.
Ин ҷо мақоли «амма дарба тамба» ба ёд меояд, ки дар хонаводаи самарқандиён  хешовандони зан афзалият доранд. Боз як мисоли равшан мақоли «Хеши зан қайла (зирбак) бизан (бихӯр), хеши шӯ дега бишӯ» мебошад, ки ин хоси на танҳо Самарқанд буданро собит мекунад.

Занак мурдая бинад, мурдеша (ҷасадашро) мепартод.
Ин варианти дигари «занро гум кунӣ, аз мурдахона (хонаи азодорӣ) меёбӣ» мебошад. Тахмин ишора бар он аст, ки бонувони Самарқанд ба маросими таъзия аз ҳад зиёд эътибор медиҳанд, ки исботи нармдилии онҳост.

Лӯбиёву каду – лаънат ба ҳар ду.
Ҳоло тибби муосир оид ба шифобахшии лӯбиёву каду соҳиби ахбороти илмӣ аст. Ҳар ғизо аз меъёр зиёд истеъмол шавад, зараровар аст, аз ҷумла лӯбиёву каду низ ба миҷози ҳар кас мувофиқат надоранд.

Аз бекорӣ кадукорӣ.
Шахси бекормонда, агар каду бикорад, манфиат мебинад, чун каду серҳосил аст.

Садқаи сарам.
Шакли омиёнаи «Садақаи сарам».

Тасаддуқатон шавем.
Тасаддуқ ин ҳамон садақа аст. Ин ҷо гӯянда гӯсфанд ё бузро дар назар дорад, ки барои садақа мекушанд.



Комментариев нет: