вторник, 13 ноября 2018 г.

Матни нав низ лозим аст!


Дар Тоҷикистон шашмақомшиносӣ ривоҷ пайдо накардааст. Чанд асари илмӣ, ки доир ба он аст, танҳо ба тоираи танги донишмандони саҳа маълум. Оид ба адабиёти тарғибӣ, ки бояд мақомхониро барои мардум шарҳу тафсир кунад, ҳоҷати гап нест.

Аз рӯи мушоҳидаи шахсии камина хусусан байни насли ҷавон мақомшунавӣ расм нагардидааст.

Матнҳои сурудҳои мақом аз осори шоирони асрҳои миёна иборат буда, ба сабаби дар онҳо зиёд мавҷуд будани  калимаҳои архаистӣ ба доираи васеи мардум фаҳмо нест. Устоди бузурги мақомхон Барно Исҳоқова барои фаҳмотар кардан аз ғазали Ҳофиз «Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем» баъзе мисраъҳоро партофта сабуктар карда буд. Ғазалҳои шоирони мумтози тоҷики асрҳои гузашта аксар мазмуни тасаввуфӣ доранд. Масалан дар онҳо калимаи май ба маънои аслии худ намеояд ва он шароб нест, ки аз оби ангур мегиранду менӯшанд. Дар ақсар маврид он каломи раббониро ифода мекунад.


Оё ҷавонони имрӯза медонанд, ки чунин аст? Агар чунин сурудро ҷавони маълумоти хуб надошта шунавад, фикр мекунад, ки шоир шоробнӯширо тарғиб карда истодааст.

Хулоса зарурати бо матнҳои шоирони муосир сароидани мақомҳо пеш омадааст. Вагарна мо шавқи насли наврасро ба ин мероси бузурги гузаштагон бедор карда наметавонем.

Баъзе донишмандони мусиқии классик даъво хоҳанд кард, ки касе бо Ҳофиз ё Бедил баробар шуда наметавонад, аммо мақомхонӣ бе шеъри олӣ (ба ёд оред, ки шашмақом аз шеъри олӣ, мусиқии олӣ ва санъати олии сарояндагӣ иборат аст) мақом нахоҳад шуд.

Аввал ин ки шоирони муосири тоҷик имрӯз он қадар истеъдоди кофӣ ва маҳорати баланд доранд, ки барои ҳар як оҳанг шеъри олӣ офарида метавонанд. Ҳеҷ кас мақомхонӣ ба шеъри классиконро инкор намекунад, он ҳамчун як шохаи мақомхонӣ давом кардан мегирад.

Дар жанри суруд унсури асосӣ оҳанг аст ва дигар шудани матн бо мурури замон ҳодисаи табиист.

«Ушоқи Душанбе»-ро бар шеъри Лоиқ намунаи хуби мувофиқати шеъри муосир бо оҳанги классик метавон номид. Аммо ин ташаббуси олӣ идома пайдо накард.

Акнун мебояд, ки барои равнақи  ин кор озмунҳо гузаронид. Барои матни шеър мукофотҳои гаронбаҳо таъин бояд намуд. Барои сарояндаҳое, ки чунин матнҳои навро месароянд, низ ҷоиза бояд дод.

Он гоҳ метавон умед кард, ки дар ин самт кор амалӣ сар шудааст.

Комментариев нет: