суббота, 27 октября 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 41


Чашми чапам напаридас(т).
Паридани чашми чап нишонаи омадани касест дар боварҳои мардум. Инҷо гӯянда интизори касе набудан, яъне ба он кас пазмон нашуданро гуфтанист.

Аз сояи худаш метарсад.
Сардабири нашрияе, ки ҳанӯз аз социализм ба капитализм нагузаштааст ва мақолаҳои танқидиро чоп намекунад.

Давуча нашуда туршак (ғӯлинг) шуд.
Ба маънои дар мактаб нахонда олим шуд. Дар бораи онҳое, ки рисолаҳои илмиро харида муфт соҳиби унвонҳои илмӣ мегарданд ва дар донишкада аз рӯи конспектҳои профессорони мурда лексия мехонанд.


Кафи дастам хорид.
Яъне аз ягон тараф пул меояд. Аз боварҳои мардум.

Дар дилат шавқе набошад, синаҷунбонӣ чӣ суд?
Яъне дар ҳар касб косиб бояд меҳр ба ҳунари худ ва такмили маҳорат дошта бошад.

Бо як гул баҳор намешавад.
Яъне дар ҳар кор миқдори назарраси он низ муҳим аст.

Бахт аз таваккал.
Дар асл ин ибора, агар ба  худо таваккал яъне умед бибандӣ, бахтат кушода мешавадро ифода мекунад. Аммо дар Самарқанд маънои аз рӯи мақоли «шавад обӣ, нашавад лалмӣ» амал кардан гирро дорад, яъне барои корҳои тахминӣ асос мешавад.

Духтарам ба ту мегӯяме,
Келинам ту шунав.
Қизим сенга айтаман,
Келиним сен эшит.
Ба ҳар ду забон мегӯянд. Ба ҷои он ки сухани сахти танбеҳро рӯирост ба арӯс бигӯянд, ба духтари худашон мегӯянд, то ки келин шунида ибрат гирад.
Ин ҷо «ҳалворо ҳоким хӯраду калтакро ятим» нест. Духтар низ медонад, ки суханҳои сахти модар ё дигар калонҳои хонавода ба ӯ нею ба келин тааллуқ доранд.

Намади сиёҳ бо шустан сафед намешавад.
Аксар дар бораи одаме мегӯянд, ки гуноҳҳои вазнин кардаст, аммо ба журналистон пул дода дар бораи худаш мақолаҳои ситоишӣ чоп мекунад.

Бе дарди саре нишаста будам,
Пул додаму дарди сар харидам.
Оиди хариди чизи мушкилотзиёдкунанда.

Зӯри беҳуда миёна мешиканад.
Яъне ба коре бояд даст зад, ки шикаст наоварад.

Комментариев нет: