пятница, 19 октября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 40


Одами рӯсӯхта.
Рӯйи фалонӣ сӯхтагӣ, чунки бар ивази некиҳо бадӣ карда буд,- мегӯянд баъзан.
Як кас тӯёнаҳои дӯсти давраи ҷавонии худро барнагардонд. Гумон карда буд, ки акнун миллионер шудаасту ба чунин дӯстон эҳтиёҷ надорад. Аммо рӯзе ӯро бо тӯҳмате ба прокуратура даъват карданд, метавонист ба назди ҳамон дӯсти ҳамсинфаш, ки дар ҳокимияти вилоят мансабе дошт, раваду ёрдам пурсад. Аммо рӯяш сӯхтагӣ, ки буд, нарафт. Дар натиҷа аз нисф зиёди боигарии ҷамъкардаашро сарф карда базӯр аз ҳабс худро халос кард.

Чилдурӯғ.
Оид ба чилдурӯғ наметавонам ин ривояти халқиро нақл накунам. Подшоҳе саҳар баъди қазои ҳоҷат ба хона баргашта ба занаш мегӯяд, ки ба ҳоҷатхона кафтар даромада будааст, маро дида парида рафт. Бегоҳӣ хидматгор ба бозор рафта хабар меорад, ки дар бозор байни мардум оиди аз қафои подшоҳ парида баромадани чилто кафтар овоза паҳн шудааст.
Дар замони муосир чилдурӯғсозӣ рангу тобиши гуногун пайдо кардааст. Намедонед, ки ваъдаҳои иҷронашудаи депутатҳои интихобшударо чилдурӯғ гӯед, ё рекламаҳои ҳаннотонро. Чилдурӯғ дар ҷомеае, ки ба он эҳтиёҷ дорад, бо техникаю технологияи пешрафта мусаллаҳ шуда майнаро гич кардан мегирад.


Соли Хар.
Дар ягон тақвими Соли Хар нест. Аммо дар Самарқанд,  агар ягон сароянда дар нола дарди дилро ифода карда натавонад, яъне нолааш хушку холӣ бошад, дар Соли Хар таваллуд шудааст мегӯянд.

Ту одам намешӣ!
Чунин сухан дар Самарқанд ношинос нест. Ба кӯдакон, агар ба фармоиши калонсолон итоат накунанд, чунин мегӯянд.
Дар деҳаи мо, ки айёми кӯдакиву ҷавониям он ҷо гузаштааст, калонсолон хурдсолонро кор мефармуданд. Боре саҳар ба мактаб мешитобидам, зеро то сар шудани дарсҳо нони модарам пухтаро дар назди ҷойхонаи мазори Хоҷа Кафшер мефурӯхтам ва ба дарси якум дер мемондам. Як марди калонсоли ҳамсоли падарам пеши роҳамро гирифта гуфт:
- Мана ҳамин бори маро ба хонаам бурда те.
Дар тӯрхалтача як кило макарон буд. То хонааш сад қадам масофа буд.
- Не, вақт надорам!- Гуфтам ман.
Он марди калонсол бо ғазаб гуфт:
- Ту одам намешӣ!
Ман гуфтам: - Ман ҳоло одам шудам. Одам будан югурдак ё ғулом набудан аст.

Профессори ҳайвонотпизишкӣ Фаттоҳ Маҷидӣ соҳибқалам буданд. Боре як шиносашон мегӯяд, ки говаш касал шудааст, як бинанд. Маҷидӣ баъди дидан гуфтаанд: - Говатон одам намешавад. Вале мана ин доруҳоро диҳед.
Гов сиҳат шудаасту соҳиби гов гуфтааст, гови маро одам намешавад гуфтед, сиҳат шуд.
Маҷидӣ гуфтаанд: - Сиҳат намешавад нагуфтаам. Одам намешавад гуфтам. Говатон одам шуд-мӣ?

Одам ғанимат, ҳар дам ғанимат.
Дар ҷаҳон қимматтарин чиз инсон аст. Умри инсон бо сонияҳо, дақиқаҳо чен карда мешавад. Ба  қадри ҳар як сонияи умр, ба қадри ҳар як инсон расида тавонистан ҳунари одамгарӣ аст.

Чиллаба шиштед-мӣ?
Рақами чил дар ҳаёти самарқандиён мавқеи хоси худро дорад. Кӯдаки навзодро чил рӯз ба ҷое набурда эҳтиёт мекунанд. Ба наздикони навзоди чилладор ба хонаи чилладори азодор (чил рӯзи азодорӣ) рафтан манъ аст. То яксолагӣ тифл иммунитет надорад, аз хонаи азодор ягон инфекцияро овардан мумкин. Чил рӯзи аввали занушӯйӣ низ чиллаи махсус ҳисоб меёбад ва дар ин муддат домод агар ба кор ё ҷое рафта бошад, бояд то фурӯ рафтани офтоб ба хона ба назди арӯс баргардад.
Чилла нишастани сӯфиён ба ҳама маълум аст.
Дар чилсолагӣ ҷавонӣ ба охир расида давраи миёнсолӣ оғоз меёбад.
Дар тақвими мардумӣ бошад чиллаи зимистон ҳаст. Сармоҳои сахт дохили ҳамин чилла рух медиҳанд.
Соле ҷарроҳиро аз сар гузаронидам. Бо талхадони сангдор падруд гуфтам. Рӯзи аз бемористон берун омаданам доктор гуфт: - Ба назар дошта бошед, ки ин ҳам чиллаи худро дорад. Яъне чил рӯз аз хона набаромада худро аз ҳар гуна инфекцияву шамолхӯрӣ муҳофизат бояд кард.
Ягон кас ба чойхонаи гузар ягон ҳафта набарояд, дӯстонаш бо шӯхӣ ба ӯ мегӯянд: - Чиллаба шиштед-мӣ?

Комментариев нет: