четверг, 18 октября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 39


Кӯрнамак.
Шахсеро мегӯянд, ки нону намаки касеро хӯрда нисбати соҳиби нону намак носипосӣ кунад. Яъне ба ҷои некӣ кардан, эътиборе надиҳад дар вақти тангдастии он кас ёрдам надиҳад, ё зарар расонад. Дар ин сурат мегӯянд: Намакаш кӯр хоҳад кард.

Намак хӯдӣ, ба намакдон туф накун.
Ин ҳам ба маънои қаблӣ гуфта шудааст. Ба ғайри намаки ошии маълум (натрий хлор) намаки маънавӣ низ ҳаст. Яъне муаллим, устод ё падару модар ё бародару хоҳар, ё дӯсте ба шахсе чизе меомӯзонад, яъне ғизои маънавӣ медиҳад, ин низ ба маънои ҳамон намак аст.
Зиёфатҳо, тӯю маърака, ки хоси ҳамагон аст, намак ҳисоб намешавад.
Аз дастархони касе ду-се бор зиёфат хӯрдан ин маънои намакро надорад. Намаки ибораи нону намак ёрдами моддиву маънавии назаррас ва бардавом аст.


Телефонҷиннӣ.
Одамони телефонбозе, ки вақти зиёди худро бо ғарқи бозиҳои телефонӣ мегузаронанд.

Ҳаштмех кардан.
Далелҳои раднопазир пеш овардан, ки тарафи муқобил ҳарфе ба нишони эътироз гуфта натавонад.

Малах.
Пули бедардимиён, яъне муфт.

Чакида истад.
Яъне қатра-қатра барин бошад ҳам, даромади муфт чакида истад.

Мучӣ.
Дар Самарқанд бӯсаро мучӣ мегӯянд. Шунидам, ки ба форсӣ соати дастиро соати мучӣ мегуфтаанд. Расули акрам байни мардон танҳо бӯса ба пушти даст доданро иҷозат додаанд.
Барои изҳори муҳаббат ё дӯстӣ кофист, ки мардон ҳамдигарро ба оғӯш гиранд, ба андозае, ки гӯши яке ба гӯши дигаре бирасад. Яъне дар муҳаббату дӯстӣ на изҳори намоишкорона, яъне зоҳирии он, балки дар амал бо кӯмаки моддиву маънавӣ, ғамхории доимӣ исботи ин муҳаббат асосӣ ҳисоб меёбад.
Агар Расули Худо ба бӯсабӯси байни мардон зид бошанд, пас ба дигар муносибатҳои бадахлоқонаи байни мардон низ қатъиян зид будаанд.
Одатан волидайн фарзандону наберагони худро аз ҷабин мебӯсанд. Байни бонувону мардон, хоҳ калонсолу хоҳ хурдсол бо дастфишорӣ салом кардан манъ аст, агар мусалмон бошанд.
Тибқи баъзе тадқиқоти илмӣ  ҳангоми бӯса аз як кас ба каси дигар 15-20 ҳазор микроб мегузаштааст.
Боре дар як намоиши ТВ шоире гоҳ-гоҳ даст ба ориҷи бонуи баранда мерасонид. Сипас баъзе одамон ба ман мегуфтанд, ки чаро ин шоир одоби мусулмониро намедонад.
- Он шоир дар ятимхонаи советӣ тарбия ёфтагӣ. Он ҷо ба бачаҳо одоби мусулмониро намеомӯзанд,- гуфтам ман.

Аз соия худаш метарсад.
Дар бораи роҳбарони нашрияҳое, ки бо баҳонаи «ба бологиҳо ин гапҳо нафориданаш мумкин» аз чопи мақолаҳои дандонадор, яъне фошкунанда ҳатто камбудиҳою нуқсонҳои роҳбарияти идораҳои поёнӣ худдорӣ мекунанд.

Гаҳ худою расул, гаҳ ғамзаю усул.
Усул ин ҷо ба маънои рақс аст.
Мақоли машҳурест на танҳо дар Самарқанд. Дар байни суфиён рақс як намуди ифодаи муҳаббат ба худост.

Комментариев нет: