среда, 10 октября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 37


Кафтари дубома.
Оиди шахсоне, ки дар ду манзил истиқомат мекунанд. Аксар оиди кӯдаконе, ки ҳам дар хонаи падару модари худу ҳам дар хонаи бобову модаркалон зиндагӣ мекунанд. Сарварони ҳар ду хонавода гумон мекунанд, ки хонаводаи дувум бо тарбияи кӯдак машғул аст ва дар натиҷа тарбияи бача ноқис мешавад.

Забони саг.
Тааҷҷуб аз он дорам, ки дар Самарқанд бо саг ба забони тоҷикӣ фармон намедиҳанд. Масалан ронданӣ шаванд «тур!» мегӯянд. Ё ба русӣ гап мезананд. Саг дар ҷомеаи инсонӣ дар чорводорӣ аҳамият дорад, яъне барои посбонӣ. Азбаски тоҷикон ба чорводорӣ кам машғуланд, аксар дар шаҳрҳо аҳли касбанд, ба саг таваҷҷӯҳ кам аст. Дар ҷомеаи мусулмонӣ бошад, ҳайвони ҳароме ҳисоб меёбад ва баъди ба он даст расондан ҳатман бояд дастро бо собун шуст. Зеро ба қавли аҳли тиб аз саг ба одам бисёр бемориҳо, алалхусус кирми ҷигар мегузарад. Дашноми сахти самарқандӣ нисбати бонувон қанҷиқ (модасаг), нибати ҷинси мард сагбача аст.


Моҳӣ аз сараш бӯй мегирад.
Яъне ганда мешавад. Ин ҳам мисли мақоли «Об аз боло – лой» аст.

Такрор - модари дониш.

Олим бошӣ такрор кун,
Деҳқон бошӣ шудгор кун.
Ин ҷо такрор комилтар ва амиқтар омӯхтанро ифода кардааст.
Шудгор низ илми худро дорад. Тирамоҳ шудгор накунӣ, баҳор сад бор шудгор кун мегӯянд.

Шарм дар бозори чарм.
Дар бораи одами беҳаё мегӯянд, ки аз гуноҳ кардан шарм намедорад. Масалан нархи чизеро ба мақсади фоидаи бештар беасос баланд кардан мегирад, ҳол он ки дар оини мусулмонӣ аз даҳуним фоиз зиёдтар фоида бинад, ҳаром аст.

Падарсолорӣ.
Дар хонаводаи Самарқанд падар мақоми бузург дорад. Баъзан набераҳо ба номи падарбузург гузошта мешаванд.
Тибқи ақоиди динӣ ҳар кас, ки ба падару модар итоат накарду аммо дигар амалҳои диниро иҷро кард, нофармонбардор ва ҳар ки амалҳои диниро иҷро накарду ба падару модар итоат намуд, фармонбардор ҳисоб меёбад.

Дӯсти нонию забонӣ мабош, дӯсти ҷонӣ бош.
Дӯстони нонӣ ба мисли он ки ба нӯшидани шароб ду-се нафар мунтазам ҷамъ оянд, дӯстони забонӣ дар гуфтор дӯст бошанд, дӯсти ҷонӣ мисли дӯстии мусулмонист, на танҳо зару мол, балки чизеро аз дӯст дареғ намедоранд. Дӯстии ҳақиқӣ он будааст, ки агар дӯстатон бимирад, оилаи ӯро чил сол бо ғизо таъмин кунед.

Отадан ӯғил, маховдан невара.
Тоҷикони Самарқанд баъзе мақолҳои ӯзбекиро низ дар мавридаш ба забон меоваранд. Ин мақол ба маъноест, ки писар ба падараш ва набера ба падарбузургаш монанд мешавад. Ин ҷо бештар кирдори манфии фарзанд дар назар аст, чун калимаи махав на бемории маъмул, балки ахлоки бадро ифода кардааст.

Ота, туя бир танга, йӯқ танга,
Ота, туя минг танга, мана танга.
Яъне дар мавриде, ки нархи шутур дар бозор як танга будааст, падар пул надоштааст, дар вақти ҳазор танга шудан пул доштааст.
Дар мавриде мегӯянд, ки писар аз падар пул талаб кунаду падар пул надошта бошад.

Отанг бозор, онанг бозор.
Яъне агар ба бозор баромада тиҷорат карда тавонӣ, туро падару модар не, бозор сер хоҳад кард.

Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.
Яъне гуфтор не, рафтор (амал) муҳим аст.

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,
Миннати Ҳотами Той набарад.
Ҳотами Той дар олами мусулмон бо саховати бемонанд машҳур аст. Аммо аз ҳамин хел одам кӯмаки моддӣ хоҳед, рӯзе миннат шуниданатон аз эҳтимол дур нест.

Бе дарди саре нишаста будам,
Пул додаму дарди сар харидам.
Оиди хариди чизе,  ки боиси ташвиши зиёде гардидааст.

Хорошо там, где нас нет.
Он ҷо беҳтар, ки мо нестем.
Мақолҳои русиро низ самарқандиён истифода мекунанд.

Аз сад «сиз-биз» як ҷизбиз беҳтар.
Сиз-биз ӯзбекист ва маънояш муноқишаи ман аз ту зиёд аст. Ҷизбиз гӯшти дар равған бирёнкарда аст. Яъне гӯяндаи ин мақол мегӯяд, ки аз баҳси ту кӣ будию мо кӣ будем, беҳтар аст, ки дар атрофи ҷизбиз нӯши ҷон кунем.

Айба кӣ кунад? Маиб.
Яъне одами аз ҳар кас айбҷӯянда худ айбҳо дорад, ки айби дигаронро зиёдтар карда нишон дода, худро сафед кунад, ба он маъно ки «бинед, дигарон аз ман зиёдтар айбҳо доранд».


Комментариев нет: