суббота, 6 октября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 36


Хоксорӣ.
Хоксорӣ, кам карда нишон додани корҳои худ хоси самарқандиён низ ҳаст. Хоксориро камсуқумӣ мегӯянд. Масалан якта ошча пухтем ё як даҳанча ош пазем мегӯянд. Занро зан нею занак, мардро мардак, пойро поча, зиёрати полезиро обчакорӣ, навқадро навчақад, чашмзаниро чашмакзанӣ (чашмаки ман чашмаки ту), келинро келинчак, навдомодро домодча мегӯянд ва ба ҳамин монанд хурдкуниҳо мушоҳида мегардад. Агар одам қадпаст бошад, ҳатман пасванди ча ба номаш мечаспад, Мамад бошад Мамадча мешавад. Тӯй карданӣ шаванд, ҳатмат тӯйи калон мекунанд, на тӯйча. Хоксорӣ тамоман фаромӯш мешавад.

Даҳонро ба дашном (ҳақорат) ва қафоро ба бодшиканӣ одат накунон.
Ба фикри мардум дашном ва гӯз ҳар ду баданд ва монанд ба ҳамдигар.


Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ,
Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.
Аз ҳамнишину ҳамсӯҳбати бад дур будан беҳтар.

Қанда аз қурут фарқ намекунад.
Ба суоли камина оиди он ки самарқандиҳои сарватманди хориҷӣ чаро дар ватанашон корхона намесозанд, марҳум Эшонакаи муқими Амрико соли 1995 гуфта буданд, ки ин ҷо ҳоло қандро аз қурут фарқ намекунанд. Қанд ҳам сафеду қурут ҳам.

Зорӣ дорему зӯрӣ не.
Самарқандӣ доим роҳҳои мулоими ҳалли масъаларо меҷӯяд.

Кӯзапуштро гӯр рост мекунад.
Кӯзапуштӣ аз осеби сутунмӯҳра аст. Ин ҷо сутунмӯҳраи ахлоқӣ дар назар дошта шудааст. Яъне таҳкурсии ахлоқӣ хароб бошад, то охири умр ислоҳ намешавад.
Дар забони русӣ горбатого могила исправит мегӯянд.

Бо ҳар ду по мелангад.
Оиди одами нӯноқ ва беҳунар.

Дар зиндагеш, ки накардӣ ёд,
Рӯзи вафот чӣ мекунӣ фарёд?
Оиди касе, ки ба дидорбинӣ ва касалбинии наздиконаш намеравад ва аммо рӯзи мотам аз ҳад зиёд гиряву нола мекунад.

Одами чашмдор.
Одами чашмдор, агар чизеро ё ҷондореро «ӯҳ зӯр будас» гӯяд, тамом ҳолаш табоҳ мешавад, чорпо бошад ҳамон замон мемурад. Ин ҳодисаро ман бо чашми худ надидаам, аммо шунидаам. Аҷобат дар он ки дар вақти ҷанг чаро аз ҳаминҳо истифода накардаанд. Масалан ҳама чашмдоронро ҷамъ карда дар хандақ муқобили фашистон рост монанду онҳо беист «эҳ ин душмани зӯр будааст» гуфтан гиранд, аскарони фашистон ҳама кафида мемурданд.

Бепоиқадам.
Одами бепоиқадам ҳаст мегӯянд омиён. Яъне агар ҳамон одам ба ҷои кор биёяд, корҳо дабба мешавад. Аммо илм чунин даъворо қабул надорад. Зеро одами бепоиқадам гипнозчӣ нест, ки ба мағзи инсон таъсир карда тавонад. Вай як одами оддист.

Бесӯлӯқай.
Тахмин ин калима шакли омиёнаи бесалиқа аст. Бесӯлӯқай ягон хатои шуморо бинад барои болотар кардани мартабаи худ нисбат ба шумо ҳамин хаторо ба забон овардан мегирад.


Комментариев нет: