понедельник, 15 октября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 38


Куфрони неъмат.
Маънои асосии куфрони неъмат ношукрӣ аст.
Дар Самарқанд касе маъракае кунад бо таомҳои гуногуни бисёр ва баъд ин таомҳо нохӯрда бимонанд ва ба ҳайвонот диҳанд, куфрони неъмат шуд мегӯянд. Чунин маъракаҳо садақа ҳисоб меёбанд, аммо исроф, яъне ҳайф кардани неъмат ношукрӣ аст. Ва маълум нест, ки ин ҷо савоб зиёдтар аст ё гуноҳ.

Ваъда кардӣ, вафо кун.
Мегӯянд баъзан самарқаандиён.
Аммо Расули худо Муҳаммад гуфтааст, ки ваъда бо қарз баробар аст ва каси ваъдаро иҷро накарда мунофиқ ҳисоб мешавад, бо вуҷуди ин ки панҷ вақт намоз хонаду рӯза дорад. Одами ваъдахилофро «лафзаш ҳаром» мегӯянд.


Дурӯғгӯй – душмани худо.
Ин мақол дар Самарқанд машҳур аст.
Аз Расули худо пурсидаанд, ки оё мӯъмин дурӯғ мегӯяд. Расули акрам гуфтааст: - Намегӯяд! Яъне агар дурӯғ гӯяд, пас мусулмон нест.

Бача азиз, одобаш аз вай азизтар(аст).
Мардуми Самарқанд мақоли «Бола бӯлса шӯх бӯлсин, шӯх бӯлмаса йӯқ бӯлсин»-ро низ мегӯянд. Аммо ин ҷо шӯх ба маънои серҳаракат омадааст, на бесарию бемаънигӣ.
Ин мақол дар асл таъкид бар он мекунад, ки тарбияи кӯдак болотар аз муҳаббатест, ки падару модар ба кӯдак дорад.
Ба ҳамин сабаб бузургон гуфтаанд, ки зебоии зоҳирии бачаро не, ахлоқу одоб, хислатҳои хуби ӯро дӯст доред. Дар ин сурат бача мекӯшад, ки дар вай чунин хислатҳои писанди ҳама зиёдтар шаванд.

Отангни ӯлдирганга яхшилик қил.
Яке аз мақолҳои хуби инсонпарваронаи халқи ӯзбек. Маънояш: Ҳатто ба одами падаратро куштагӣ нағзӣ кун. Ин мақолро низ тоҷикони Самарқанд зиёд истифода мекунанд.

Ҳазрати Хизр мадад кунад.
Баъзан дар вақти дуо мегӯянд.
Дар Самарқанд Хизр не Хизир мегӯянд. Гӯё ин паёмбари  намирандаи зиндаабад дар байни мардум бо либоси оддӣ мегаштаст ва касе ӯро шинохта метавонистааст, агар дар вақти саломалек пай барад, ки ангушти хурди пирамарди ношинос устухон надорад.
Самарқандиён вақти ба сохтмони масҷиде шурӯъ кардаанд, устоҳо барои таҳкурси чуқур кофта шом ба хона бармегарданд. Вақте ки саҳар барои идомаи кор меоянд, мебинанд, ки меҳроби масҷидро касе сохтааст. Баъди ин овоза мешавад, ки Ҳазрати Хизр шаб омада меҳробро сохтааст. Аз ин пас номи ин маҷид Ҳазрати Хизр шудааст.

Рӯз агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст.
Мегӯянд самарқандиён. Ва мекӯшанд, ки рӯзҳои хурсандӣ зиёд бошад. Аз ин сабаб қайди ботантанаи зодрӯзҳо ва гаштаку ҳарифонаҳо зиёд аст.
Хизр оби ҳаёт хӯрда ба умри ҷовидона соҳиб шуд, аммо мардум дар чунин зиёфатҳо шароб нӯшида умри худро кам мекунанд.

Комментариев нет: