среда, 7 января 2026 г.

ПРИПЛИЛИ!

Дар тӯйҳои Самарқанд дигар Исломи Найранг нест 

Ки бо лӯхтакаш бачаҳоро шод кунад 

Ва Ҳоҷӣ Абдулазиз низ ки дар чойхона маърака обод кунад 

Масҷидҳои бузург сохтем 

Аммо касе нест ,ки кори савоб кунад

Ва Ботурхон Валихоҷаев, ки Навоивор адлу дод кунад

Ба манфиати халқ бар худ азоб кунад.

Сарватманд шабу рӯз дар фикри пулу кабоб,

Аз ёдҳо рафтас кайҳо кори савоб 

Шабҳо  агар биандешам дар ин боб

То саҳар мепарад аз чашми ман хоб 

Шунидам яке гуфт: Раньше какие люди были !

Ман гуфтам:-Приплили!

Равонаем ба оянда бо фикри сабук 

Бо мақоли халқии

Куни савоб тешук.

Ҳайкал монед , гуфтам бар савобталаб

Акси садо нашуд 

аз соҳибмансаб.

Гӯё нарафтаанд боре ба Масков 

Хабар надоранд кӣ буд Третяков.


Третяков -соҳибкори рус, ки ҳама сарвати худро бари ҷамъоварии асарҳои санъати тасвирӣ сарф кардааст.Галереяи худро бо қасру ҳама асарҳои гаронбаҳои нотакрор ба халқ тӯҳфа кардааст.

Академик Валихоҷаев гарчанде дар як ҳавличаи танг бо падару модар ва зану бачахо мезистанд, хонаи бепул додаи ҳукуматро баргардонида гуфтаанд:- Аз ман мӯҳтоҷтарҳо дар шаҳрамон ба чунин хона ҳастанд.

Комментариев нет: