среда, 7 января 2026 г.

Мо тоҷикон ба муҳити дурӯғин, ки замони шӯравӣ ба вуҷуд оварда буд, хӯ гирифтаем.

Худро ориёӣ мегӯему аз фарҳанги ориёӣ хабар надорем. Мусулмон мегӯему мусулмонӣ чист, намедонем. Худро миллати китобхон гуфта акси китобро ба герби Точикистон дароварда китоб намехонем.Мо мардуми шоиртабъ ва меросбари аҷдод гуфта хати ниёгон ва тақвими миллиро эҳё намекунем.

Мо уқобони кӯҳӣ гуфта дар кӯчаҳои Русия кӯчарӯбӣ мекунем. Нерӯгоҳҳои барқии обӣ сохта аз бебарқӣ шикоят мекунем. Сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣро наомӯхта депутат ва мансабдорони ҳукумат мешавем.

Истеъдоди фитрӣ надошта асари бадеӣ нависта узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешавем.Илми шаҳрсозӣ наомӯхта шаҳрсозӣ карда баъд шикоят мекунем ки барқу об кам шудааст ва кӯчаҳо аз мошинҳо тирбанду ҳаво ифлос.

Мо миллатем, ки нардбон насохтааст ва ба осмон баромадан мехоҳад.

Комментариев нет: