Ҳаво сарду садо сард аст
Фазои кадхудо сард аст.
Само бепарво,бедард аст
Дарахти бахти ман зард аст
Аҷаб дунёи номард аст.
Агар дар асри яхбандӣ бимиранд кӯдакон, пирҳо,
Бимиранд яксара гулҳо,
Муранд бо нола булбулҳо.
Вале дар яхбандии рӯҳӣ
намонанд шеъру шоирҳо.
Ва берун афканда номусҳо
Бимонанд танҳо чоплусҳо!
Бигиранд ҷойи ною ғижжакро
Таблу кӯсу ноқусҳо.
Ба бедорӣ зафар ёбанд кобусҳо
Ба ҷойи Рустам оянд Ашкбӯсҳо.
Бимиранд некташаббусҳо.
Нагӯянд лек афсусҳо.
Ки виждон мунсаҷим гардид
Ва инсон аз паси сарват давида
Асири шайтони раҷим гардид.
Ноқус-зангӯлаи калисо
Кӯс -барабани бузург ки бо садои он ба ҷанг мераванд. Маънои дигар низ дорад.Заминҳои каҷро кӯс мегӯянд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий