Боғи бобоии ман
Боғи тиллоии ман
Дар он минтақа аст
Бо боғҳои худоӣ машҳур
Ки яке ҳам имрӯз нест.
Боғи бесоҳиби ман
Дуртар аз рӯди Муғоб
Об мебинад хоб.
Дар сари кӯчаи он
Сафедор қатор
Дар ин боғ
Дорамаш себу анор,
Дорамаш чанд мурӯд
Боқӣ зардолузор.
Дар лаби ҷӯйи дарун
Дорамаш чанд анҷир, анҷири сафед ва анҷири сиёҳ
Онҳо бо дидани ман мекашанд оҳ.
Зеро ман аз ин кишвари худ дур шудаам.
Сар мезанам бо фосилаи дур ба ин боғ гоҳ-гоҳ.
Боғ танҳо монда
Дорад он ҳоли ғариб
Дар вазъи аҷиб.
Агарки боғ бесоҳиб шуд
Аз самар бозмонад
Оҳанг ёбоӣ хонад.
Боғи тиллоии ман
Боғи бобоии ман
Дуртар аз сари роҳ аст
Манзили як рӯбоҳ
Ва зоғони сиёҳ .
Соҳибаш -мардикор,
Рафта бар шаҳри дулор.
Чӣ азобе дорам!
Бар ҷониби ин боғ ҷӯй меканамаш
Ҳар шабе дар рӯъё.
Солҳо мегузаранд
Хобро охир нест
Ин хобро таъбир нест
Зеро як пири бо тадбир нест.
Боғ дар ин хоб
аз чашми тарам сероб шуд.
Дулор- талаффузи шевагии доллар аст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий