Афсонаҳоро мардуми тоҷик ҳамту барои дилхушии кӯдакон не, балки барои пешгирӣ аз хатарҳо, ки дар зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, эҷод кардааст.
Албатта ин хатарҳо дар ривоятҳои асотирии Шоҳнома низ тасвири нобиғавӣ ёфтаанд. Чунончи аз ин пеш навишта будам, тасвири рамзии фашизм дар воқеаи Заҳҳок. Ба морони Заҳҳок мағзи сари бачаҳою наврасон лозим, на калонсолон.
Акнун ба афсонаи халқи тоҷик Бузаки чингилапо аз нуқтаи назари рамзи асотирӣ назар кунед.
Дар ин афсона низ нерӯҳои Аҳриманӣ душмани бачаҳоянд. Бузаки чингилапо бачаҳои худро бе падар худ танхо парасторӣ мекунад. Маҷбур аст онҳоро дар хонааш танҳо гузошта худ барои овардани хӯрок ба ягон ҷойи дур равад. Душмани асосии ӯ Гург аз набудани модари бузичаҳо истифода бурда онҳоро мехӯрад.
Гург барои он ки бачагони бепадари танҳоро хӯрда тавонад , бояд онҳо худ дари бастаро кушоянд. Гург душмани доност ва овози Бузаки чингилапоро тақлид мекунад ва бузичаҳо модари худ пиндошта дарро боз мекунанд. Яъне ин маънои онро дорад ки душмани ҷонӣ дар симои азизтарин шахс ё дӯст пайдо мешавад. Чӣ тавре ки дар қиссаи Заҳҳок иблис дар симои ошпази моҳир пайдо шудааст.
Агар ба образи Бузаки чингилапо назар кунед, мебинед, чандон душманшинос нест. Ӯ хонаро холӣ ёфт, Шағол,Саг, Рӯбоҳро гумонбар донист. Баъди он ки ҳамаи онҳо инкор карданд, ба хонаи Гург меравад.
Агар ин афсона имрӯз эҷод мегардид, эҳтимол Хирс ҷойи Гургро мегирифт.
Дар афсонаҳо билохира некӣ бар бадӣ зафар меёбад. Аммо дар ҳаёт на дар ҳама ҳолат.
Панди ин афсона ин аст ки аз ҳилаву найранги душман бояд огоҳ буд.Душманро бояд шинохт.
Масалан байни суханони ҳамин дӯст ва шарики стратегии Тоҷикистон Путин ва амалаш фарқи калон ҳаст. Мо бояд ба мардумон аз рӯи амалашон баҳо диҳем ,на суханашон.
Комментариев нет:
Отправить комментарий