среда, 7 января 2026 г.

Муайян кардани ҷанбаҳои ҳуввияти миллӣ аз масъалаҳои муҳими фарҳангиён ва донишмандони тоҷик аст.

Агар ин корро ба солҳои минбаъда вогузор кунанд, оқибатҳои номатлуб хоҳад дошт.

Ҳуввияти миллӣ ба мисли як дарахт аст.Иборат аз решаҳои ба чашм ноаён, тана, шоху баргҳо.

Решаҳои ҳуввияти миллии тоҷикон ба замонҳои қадим рафта мерасанд. Яъне ба он замон, ки аввалин оине бо номи митроизм пайдо шудааст. Баъд ин оин ҷои худро ба оини зардуштӣ додааст. Фарҳанги ҳар дуи ин оинҳо ба вуҷуд оварда ориёӣ ҳисоб мешавад.

Яъне ҳуввияти миллии тоҷикон ориёимеҳвар аст.

Асоси мафкуравии онро Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ташкил кардааст. Ва мубориза бо дурӯғ ва нерӯҳои бад. Покиза нигоҳ доштани об,хок, ҳаво.Яъне экология. Ва аз ҳама муҳимтарин тарбияи инсони баркамол будааст.

Табиист ки баъди қабули ислом ҳуввияти миллӣ такомуле доштааст.

Аммо реша ва асли он дар ҳамон замонҳои қадим шакл гирифтааст.

Чунонки имрӯз мушоҳида мешавад, дар ҷомеаи мо дурӯғ афзоиш ёфтааст.  Ва ифлосшавии атмосфера, хоку об бесобиқа аст.

Ва ин ҳол зарари ҷиддӣ ва фоҷиавӣ ба худи ҷомеа аст.

Комментариев нет: