Дар осмони боғи ман абр вазнин аст
Дар шакл табарсангин аст
Дар ниҳодаш қатрае об надорад
Обистан аз тирагист
Хокистарист
Ҳеҷ гоҳ намеборад
Ба мисли сояи гургест
Нишаста дар паси дарвозаи боғам
Ва ҳар рӯз зери сояи шаклам пинҳонӣ мегардад
Куҷое меравам меравад ин абр
Меравад ин сояи гурге
Девори хонаам ҳуши маснӯист
Нақшҳояш гӯши маснӯист
Таги девори хонаам хонаи муши маснӯист
Ва гӯшаш гӯши маснӯист
Сагам бо сояи гург хӯ гирифтааст
Аккос намезанад.
Гурбаам ошиқи муши маснӯист
Шикор намекунад .
Чӣ бояд кард?
Намедонам.
Комментариев нет:
Отправить комментарий