воскресенье, 15 июля 2012 г.

Бозмондаҳои нуҷумпарастии оини митроӣ


Пажуҳишгарони торихи оини митроӣ нуҷумпарастиро хоси митроизм медонанд.

Ин тавр ки бошад, аз рўи ин ақида ба этнографияи мардуми тоҷик бояд эътибор дод. Дар ин масъала этнографияи таърихӣ маводи зарурӣ фароҳам карда метавонад. Зеро бисёр расму одоти мардумӣ бо мурури солҳо аз байн рафтаанд.


Яке аз ин русум вақти гирифтани офтоб ва моҳ дар болои бом бо кўфтани зарфҳои филизӣ аз қабили тағораи мисиву сатилҳои оҳанӣ оҳанги шўрангези осмонкаф баргузор кардан буд. Дар  шаҳр ва остони Самарқанд дар нимаи дуввуми асри гузашта ин одат аз байн рафт. Профессор Ҷуумъа Ҳамро гуфт, ки дар деҳоти тоҷикнишини вилояти Қашқадарё низ ин одат вуҷуд дошт.

Аз ин пеш дар як мақола таъкид карда будам, ки дар Наврўзи Самарқанд дар оби рўди Оби Раҳмат ғусл кардан (ин одат дар авали асри бист аз байн рафтааст) аз боқимондаҳои оини митроист. Ғусли тамъидро дар оини масеҳӣ аз оини митроӣ гирифтаанд.

Комментариев нет: