вторник, 25 сентября 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 34


Манҷалақӣ
Зану духтарони беору беномус. Манҷалақӣ хеле маккор аст. Ба ягон баъди обед бойшудагӣ зани дуюм, саввум ё чорум ва ё маъшуқа мешавад. Аввал маъшуқа мешавад ва баъди ҳомиладор шудан маҷбур мекунад, ки ягон муллоро ёфта хутбаи никоҳро хононад. То ки фарзанди ҳаромӣ ба дунё наояд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки фарзандашро ҳаромӣ гӯянд. Манҷалақӣ нони худро бутуну нони зану бачаҳои ҳалолиро нимта мекунад. Дар Бухоро зани шаттоҳ, беобрӯ, беандеша ва сабукпоро манҷалақ мегӯянд. Самарқандиёни баору баномус манҷалақиро фарқ карда метавонанд. Духтарони онҳоро келин намекунанд, ба писарҳояшон духтар намедиҳанд.

Аз пушти шолӣ курмак об мехӯрад.
Бо ёрдами тағою амак ба мансаб соҳиб шудан.

Эркаи бепиёздоғ.
Оши бепиёздоғ ширин намешавад, яъне фач аст. Бачаро эрка кунед, мисли оши бепиёздоғ «фач» мешавад.


Зиндагӣ дар хонаи кас,
Не ғами нон, не ғами хас.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки «меҳмонӣ се рӯз» гуфтаанд.

Пиёдак…схӯр.
 Дар Самарқанд занбозу ҳаромхиштакро гӯянд, гарчанд пиёда нагардад ва мошин дошта бошад.

Эзораша сарашба салла кард.
Зани ҷанҷолӣ ё манҷалақӣ ба ҷанҷол сар кард.

Ишкамбанда.
Шахси пурхӯри шикамкалон.

Лаганбардор.
Ба маънои хушомадгӯй, тамаллуқкор. На танҳо шахсони алоҳида, балки баъзе рӯзномаҳо низ бо таърифу тавсифи мансабдорон лаганбардор шуда метавонанд.

Маймунбозӣ.
Фииребгарӣ кардан. Бо ягон баҳона ба вақти дигар монондани иҷрои кор.

Синни гӯсфанду бузҳо.
Панҷӣ - гӯсфанд ё бузи тақрибан сесола, чорӣ - аз дусола калонтари нарро мегӯянд. Яъне як соли умри одамӣ бо ду соли ҳайвонот баробар будааст. Аммо чаро гӯсфанди яксоларо шишак яъне шашсола мегӯянд, намефаҳмам. Эҳтимол барои тезтар кушта хӯрдан мегӯянд. Зудтар нӯши ҷон кардан мехоҳанд.
Ӯҳ инсонҳои маккоре!
Барои зудтар кушта хӯрдани бузу гӯсфандон ҳатто солшумориро барои онҳо дигар кардаанд!

Бемор бемор не, бемордор бемор.
Оид ба парастори бемори рӯйибистарӣ мегӯянд.


Комментариев нет: