среда, 14 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 10

Ба гузашта салавот.

Худованди карим имрӯзеша додас.

Фардо – худо подшоҳ.

Некӣ бимонад ҷовидон.

Некӣ куну ба дарё (ба об) андоз. Яъне ҳамон замон фаромӯш кун.

Ман ин писарама сараша дута карданӣ. Яъне зандор карданӣ.

Даҳонсӯхта оба пуф карда менӯшад.


Боимҷон – арзон, харҷаке дорад. Азбаски дар вақти пухтан равған бисёр мехӯрад, ин тавр мегӯянд. Ба мисли: Қимат (гаронбаҳо) бе ҳакмат не, арзон бе иллат не.

Хар ҳамуну тӯкумаш дигар. Нокасе либоси нав пӯшад, мегӯянд.

Дили раҳмин – ҳамеша ғамгин.

Дар кори хайр ҳоҷати истихора нест. Дар ин мақол истихора ба маънои фолбинӣ омадааст, аммо дар Самарқанд ба маънои фикру хаёл кор мефармоянд.

Аспи нағз – ба як қамчин, аспи бад – ба сад қамчин. Оиди шахси гапногир.

Рӯзро кӯр мекунад. Оиди шахси беҳудакор ё бекор.

Одами дукуна. Дурӯяро дар Самарқанд дукуна низ мегӯянд.

Замин сахту осмон баланд. Дар ноилоҷӣ мегӯянд.

Замина об зада рӯфтагӣ. Яъне касе нест.

Ба фалонаш тут шиппонда гаштас. Яъне марди аз ҳад зиёд сарватманду бодӣ.

Бо бинӣ замина хат кашида рафт. Яъне мулзаму сархам рафт.

Эзораша чаккахалта кард. Чакахалта ин халтаест, ки дар он оби ҷурғот (мост) аз зардоб ҷудо мешавад. Оиди касе мегӯянд, ки бисёр тарсу ва буздил мебошад.

Аз таги ҷигда (санҷит) гузаштагӣ. Дар Самарқанд санҷид, чормағз ва чинорро дарахтони баргашон заҳрдор ҳисобида дар ҳавлӣ ва назди он намешинонанд. Ин мақолро оид ба касе мегӯянд, ки сухани подарҳаво мегӯяд.

Аз таги дор гурехтагӣ. Оиди одами аз ҳад зиёд маккор, фиребгар ва ҷинояткор.
Пишак  офтоб-ба намебурод. Оиди музди ночиз мегӯянд.

Дар ҳез нишонаи мардӣ пеш аз марг пайдо мешавад. Оиди касе мегӯянд, ки дар умри худ боре некӣ накарда, дар охири умр бо як кори хуб аз худ хотираи нек боқӣ гузоштанист.

Пахтая (пунбая) аз гӯш гир. Яъне бо диққат сухани маро шунав.

Мазори беоқибат. Мансабдор ё сарватманде, ки ба ҳеҷ кас ёрдам намедиҳад.

Мазорбостӣ. Нон ё ғизои дигаре, ки аз ҷои дур овардаанд.

Аз зин фурод ҳам аз узангу намефурод. Мансабдори аз вазифа маҳрум шуда, ки ғурури мансаб ҳанӯз дар сар дорад.

Шайхи чандин мазор. Одами серкор.

Аҳмади порина. Бетағйир.

Така бошаду шир диҳад. Шиори сарватмандон.

Бо думи шер бозӣ мекунад. Ҷасорати беақлона.

Пашша ба лабаш шинад, киш намегӯяд. Яъне танбал.

Сараш ба девор зад. Яъне ҳушёр шуд.

Мушти баъди ҷанг ба ёд омадая сари худат-ба зан. Дар бобати он ки ҳар корро дар вақту соати иҷрои он бояд анҷом дод.

Хонаи норӯфта-ба меҳмон мибиёд. Ба ҳамин сабаб бонувон ҳар субҳ хонаро рӯфта тоза мекунанд.

Маймун зойид. Вақте ки борон мебораду офтоб баромада тиру камони ҳафтранг дар осмон намоён шуд, чунин мегӯянд. Чаро ин тавр мегӯянд, яъне бӯзина маҳз дар ҳамин вақт мезоидааст, намедонам.

Қафота (куната)  гӯз-ба одат накунон, даҳоната ба гапи бад.

Ба куни  гӯзин орди ҷав  баҳона. Яъне бадкор барои бадкорӣ баҳонае меёбад.

Ҷаранги мис аз тилло баланд аст.

Мисаш баромад. Яъне аслаш намоён шуду рӯсиёҳ гардид.


Комментариев нет: