суббота, 26 ноября 2022 г.

Баҳори пур аз нафосату меҳрубонӣ

На ҳар  кас метавонад ҷамъиятро дигар кунад. Донишмандони улуми инсоншиносӣ мегӯянд, ки агар дар ҳамон давлат  шароити хуб барои тавлиду тарбия ва зиндагии чунин шахсиятҳо мавҷуд бошад, теъдоди онҳо танҳо се дар сади аҳолӣ хоҳад буд. Театр ва синамо, адабиёт дар пайдоишу афзоиши теъдоди чунин шахсиятҳо нақши муҳим доранд. Ба ин қатор фалсафа низ дохил мешавад.

 

Барои он ки театр вазифаи худро комилан дуруст иҷро кунад, яъне дар ботини тамошобин катарсис ба вуҷуд оварда тавонад, омилҳои пуртаъсире лозиманд. Коргардони боистеъдод, ҳунарпешаи боистеъдод, рассому композитори бомаҳорат аз омилҳои асосианд. Аммо агар театршинос набошаду бурду бохти ин эҷодкоронро таҳлил накунад, дар санъати театрӣ пешрафт нахоҳад буд.

 

Чӣ хеле ки адабиёт набошад, танқиди адабӣ низ нест, дар санъати синамою театр низ чунин аст. Ба ҳамин сабаб дар замони шӯравӣ барои ривоҷи киношиносӣ ва синамошиносӣ маҷаллаҳои махсус таъсис ёфта буданд.

 

Мо тоҷикон адабиётшиносони хуб дорем, аммо театршиносу синамошиносон ангуштшуморанд. Сабаб ин ки театршинос аз нозукиҳои мушкилтарин жанри адабӣ-драматургия ва нозукиҳои он, маҳорати коргардонӣ, маҳорати актёрӣ, санъати рассомию оҳангсозӣ бояд маълумоти фарогир дошта бошад ва кам касон ба ин муваффақ мегарданд. Яке аз чунин шахсиятҳои нодир Баҳори Хуррамзод ҳастанд.

 

Коргардони машҳури синамо ва театр Бақо Содиқов инро амиқ дарк кардаанд ва вақте ки гоҳ-гоҳ бо телефон гап мезанем, ҳатман аз Баҳор мепурсанд, ки чӣ ҳоле доранд, ва таъкид мекунанд, ки чунин шахсиятҳоро бояд қадршиносӣ кард. Беҳуда халқ нагуфтааст, ки қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ. Бақо Содиқов нобиғаанд. Рӯзе мерасад, ки ин миллати парешонрӯзгори тоҷик ба қадри Бақо Содиқов ва Баҳори Хуррамзод барин шахсиятҳои нотакрор мерасад.

 

Олим шудан осон, одам шудан мушкил. Вақте ки дар бораи донишманди ҳунаршинос Баҳори Хуррамзод фикр мекунам, ҳамин мақоли мардумӣ ба ёд меояд. Зеро Баҳори Хуррамзод донишманди зақоватманд ва ҳам инсони комиланд. Дар бораи асарҳои илмиву педагогиашон, арзиши баланди онҳо ҳарфи бисёре метавон гуфт. Аммо таваҷҷӯҳи камина ба ҷиҳати инсонии ин бонуи донишманд хеле зиёд аст.

 

Баҳори Хуррамзод аз хонаводаи зиёиён аст. Падару модарашон дар деҳаи Ангаралмоси ноҳияи Самарқанд аз инсонҳои пешқадамтарин буданд. Падарашон муаллими собиқ Абдуқодирака баъди ба нафақа баромадан низ фаъол буданд ва ба гузар роҳбарӣ мекарданд. Дар он деҳа хоҳари камина Масъуда Истадова мезистанд ва бо модари Баҳори Хуррамзод робитаи дӯсти доштанд. Рӯзе модари Баҳор як чӯбдаст гирифта ба назди хоҳарам омада мегӯянд: - Дар чойхонаи гузар ҳар рӯз ҷавонҳо ҷамъ шуда қиморбозӣ мекардаанд. Биёед  як калтак ба даст гиред, онҳоро зада пароканда мекунем. Баъд онҳо ба чойхонаи гузар рафта қиморбозҳоро мекӯбанд.

 

Ҳамин хел хислати хуби номуросоӣ бо одатҳои бад  дар вуҷуди Баҳори Хуррамзод низ ҳаст.

 

Солҳои шӯравӣ ман дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мудири шӯбаи санъат будам. Баҳори Хуррамзод дар шӯъбаи таърихи санъати Институти таърих ва этнография ходими илмӣ буданд ва мақолаҳои оид ба театр навиштаашон бо имзои камина рӯи чопро медид. Таҳлили спектаклҳо хеле объектив буд, мо аз ҳар як мақолаи он кас оид ба намоиши спектакли нави ягон театр бурду бохтҳои коргардон, ҳунарпешаҳо, рассому композиторон маълумоти ҷолиб мегирифтем.

 

Вақте ки дифои рисолаи номзодиашон кашол ёфт, ман боре сабабашро пурсида будам. Гуфтанд, ки дар маҷаллаи илмӣ бояд ду мақола чоп кардан лозим будааст. Он вақт дар шӯъбаи танқиди адабии “Cадои Шарқ” Кароматулло Шукруллоев мудир буданд, донишманду инсони асил. Ман ба Баҳори Хуррамзод гуфтам, ки ин ҳолро ба он кас фаҳмонед, ҳатман кӯмак мекунанд барои чопи мақолаҳотон. Наметавонам. Ин буд ҷавоби Баҳор.

Ин тавр бошад, ман мегӯям, зеро сухани маро ба замин намемонанд, мо бо ҳам хеле нону намак хӯрдаем, - гуфтам ман.

 

-Шумо низ чизе нагӯед! -Ин буд посухи Баҳор.

 

Баъди ин ҳодиса эҳтиромам нисбати Баҳор хеле афзуд.

 

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ман ба Самарқанд омадам, Баҳор низ омаданд.

 

Боз чунин иттифоқ афтод, ки ҳамроҳ дар шӯъбаи маданияти рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар як утоқ кор кунем, ман мудир, Баҳор ходими адабии шӯъба. Аммо ин сӯҳбатҳои самимонаи дилангез бо он кас дер давом накард. Баҳор ба шӯъбаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд даъват шуданд.

 

Саҳми бузургашон дар ин шӯъба тарҷумаи китоби дарсии бузурги Гуннер Скирбек ва Нилс Гилье “Таърихи фалсафа” ба забони тоҷикӣ шуд, ки аз 578 саҳифа  иборат аст ва соли 2004 дар нашриёти “Адолат”-и Тошканд бо теъдоди сесад нусха чоп шуда буд. Ин китоб дар асл аз ҳазор саҳифа зиёдтар аст, аммо бо ҳуруфи хеле хурд чоп шудааст. Барои як кас анҷоми чунин меҳнати тоқатшикан хеле гарон аст ва камина хабар дорам, ки ба қалби Баҳор чӣ таъсири манфие дошт.

 

Дар Тоҷикистон низ чунин китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ набуд ва ман хабар дорам, ки аз ҳамон китоб донишгоҳҳо истифода мебурданд.

 

Боре ба Иди забон ба Хуҷанд ҳамроҳ рафтем ва ман дар он ҷо ногоҳ гум кардам. Шаб соат аз 12 гузашт, даракашон набуд хеле ғам хӯрдам, зеро ба дӯсти ба дилам наздик мубаддал шуда буданд. Рӯ ба рӯи меҳмонхонаи мо бинои театр буд. Ҳеҷ ба ёдам наомад, ки театршиносро бояд аз театр ҷуст.

 

Аз як ҳамраҳамон пурсидам, ки Шаҳзода ва Баҳор куҷо рафтанд, гуфт намедонам. Хеле ошуфта гардидам, диламро гургон тала мекарданд. Ба беруни меҳмонхона баромада бо ҳаяҷон хеле қадам задам. Соат аз 2 гузашта буд, ки ҳар ду аз ҷониби театр намоён шуданд. Ва маро дар таги дари меҳмонхона дида бе ҳеҷ хел узр хоби хуш устод гуфта гузашта рафтанд, ки боиси боз бештари тааҷҷуби камина шуд. Дертар фаҳмидам, ки ба он ҳамраҳамон гуфта будаанд, ки ба театр мераванд. Бахор инсони хушсӯҳбатанд. Сӯҳбатҳои мо соатҳо давом мекунад. Он ҳамраҳи мо дар сафар ба Хуҷанд аз рӯи бухл ё ҳасад хостааст, ки бо асаби банда бозӣ кунад.

 

Дар бораи сӯҳбаташон бо Барзу, навпардозиҳои ӯ хеле нақли ҷолиб карданд.

 

Боре як шахсияти фарҳангии Самарқанд ҷашн дошт. Ба як ҳамкори собиқаш муроҷиат кардам, чизе нанавишт.

 

Маҷбур шудам ба Баҳор муроҷиат кунам. Баҳор чанд саҳифа оид ба кору рӯзгори он донишманд навиштанд ва ҳол он ки он одамро чандон хуш надоштанд. Ин гувоҳи дили нарми инсонпарварона аст.

 

Дар Самарқанд ба чандин намоиши асарҳои рассомон даъват кардам, не нагуфта меоянд ва мақолаҳо омода карда оиди бурду бохти эҷодии рассомони тоҷик менависанд. Рассомон низ аз таҳлили амиқ ва нозуки асарҳояшон хурсанд шуда ба Баҳор баъзе корҳои эҷодии худро ҳадя мекунанд.

 

Зиндагии Бахор дар зодгоҳашон Самарқанд қанду асал набуд. Даргузашти падару модари азиз, бемории бардавом ва марги шавҳари дӯстдоштаашон Абдуҳаким ва соле пеш бар асари ковид марги додари меҳрубонашон Баҳодур зарбаи сахте буданд. Ба ғайри ин дар Самарқанд одатҳои урфӣ, маъракаҳо инсонро хеле дар чорчӯбаи сахти худ нигоҳ медоранд ва барои олим, эҷодкор монеаҳои дигар зиёданд. Бо вуҷуди ин маҳрумиҳо фарзандони худро маълумоти олидор карда ба пой монда тавонистанд. Ба вуҷуди серкорию танҳоӣ робитаашонро бо Академияи улуми Тоҷикистон, муҳити фарҳангии тоҷик ҳеҷ гоҳ накандаанд, дар фестивалҳои театрӣ, анҷуманҳои илмии Тоҷикистон фаъол иштирок мекунанд. Воқеан бе ҳеҷ муболиға таҷассуми имрӯзаи қаҳрамонзанҳоянд, яъне Гурдофариди муосир!

  

Ҷаҳони ботинии Баҳор як уқёнуси беканор аст, дар зер марвориду ганҷҳо дорад, аммо ҳоло ки ба муносибати зодрӯзашон ин сатрҳоро шитобон навиштам, қарздорам, ки ба ин мавзӯъ ҳатман бармегардам.

 


Комментариев нет: