среда, 16 ноября 2022 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 3

 [мақолаи сеюми китоби дуюм]

 Нон дар нондон, калидаш дар осмон. Ин мақол мисли мақоли ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем аст. Аввалиро дар мавриди коре мегӯянд, ки ҳалли он дар ихтиёри инсони хокӣ нест.

 Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо.

 Дил дили Зайнаб, яъне зан як мӯъҷизаест, ки то дили онро ба даст наорад, зиндагии мард ноосуда хоҳад буд.

 Зан кор кунад, шавҳараш лоф занад. Мақоли кӯҳна аст, аммо ба имрӯзи мо, ки бисёр занҳои тоҷик дар Русия, Исроил, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо мардикорӣ мекунанд, бисёр мувофиқ афтодааст. Шавҳари ин гуна занҳоро ба русӣ алфонс мегӯянд, муродифи тоҷикиашро гӯем, моро лату кӯб мекунанд.

 Хару хокистар, зану азохона. Варианти дигараш ин аст: Хара аз хоктӯда меёбию занро аз азохона. Ин ишора ба азодорӣ аз ҳад зиёд эътибор додани занон аст. Сабабаш эҳтимол аз нармии дили онҳост. Мақоли Духтар (хоҳар) синаи раҳм аст, инро тасдиқ мекунад.

 Ҳунар аз молу мероси падар беҳ. Ба шаҳр эҳтиёҷ нест.

 Баъзеи ин маколҳо тахмин дар замони модаршоҳии таърихи инсоният пайдо шудаанд:

 Дарахти макри зан сад реша дорад,

Фалак аз дасти зан андеша дорад.

 Баъзе донишмандон бар ин ақидаанд, ки замони модаршоҳӣ наздик аст.

 Мард ҳамин рӯзро меандешад, аммо зан фардоро низ. Аз қадим барои фардо нигоҳ доштани оташ дар оташдон ба зиммаи ӯ будааст.

 Марда мард мекардагӣ ҳам зан, номард мекардагӣ ҳам зан. Яъне завҷа дар назар аст.

 Хари гумшударо аз духтари хона пурс.

 Очая бину духтара гир. Дар мавриди интихоби арӯсшаванда мегӯянд.

 Ғарро бигир, аммо духтарашро не. Ин ҳар ду мақол идомаи ҳамдигаранд.

 Таваккал нар (мард) бувад, андеша мода (зан).

 Хамира мушт, аврата (зана) пушт. Яъне дар вақти интихоби зан ҳафт пушти ӯро мепурсанд.

 Боҷа боҷая нағз мебинад, гов кунҷолая. Ишора ба он ки хешони тарафи арӯс тифоқтаранд.

 Якзаная як рӯш сиёҳ, дузаная ду рӯш сиёҳ. Сезанаю чорзанаҳоро боз куҷошон сиёҳ? Худатон ёбед!

 Гурба шӯ дорад, обрӯ дорад.

 Воқеан ҳам дар бораи бевазанҳо бисёр ғайбат мекунанд ва онҳо барои аз чунин ғайбат халос шудан маҷбур мешаванд, ки ба бевамарде, ки чандон обрӯ надорад, ба шавҳар бароянд.

 Аз ҳавои равшанбор тарсу аз одами хандонрӯ. Мақоли хуб, яъне ба зоҳири одам  ғарра машав, зеро чунин хандонрӯён рӯз хандонаку шаб гирёнаканд, занҳоро азоб медиҳанд.

 

 

Комментариев нет: