среда, 28 января 2009 г.

Телевизиони тоҷикии ҷаҳонии берунмарзӣ

Блогнавису блогхонҳои тоҷик асосан дар атрофии блоги Андеша пар мезананд. Ман ҳам гоҳе, ки вориди Интернет мешавам ба ин блог нигоҳе меафканам, то бидонам: дар сари тоҷикони интернетхон чи фикрҳост? Мавзўе, ки дар ин чанд рўзи гузашта Андеша баррасӣ кард, беэтиборӣ нисбати Тоҷикистон аз ҷониби телевизиони нави ҷаҳонии форсии BBC буд. Бархе айбро дар гардани эрониҳое гузоштанд, ки дар бахши форсии Би-би-си кор мекунанд. Чун диданд, ки дар студияи телевизионии нав ягон муҷрии тоҷик нанамуд.

Ба фикрам аз ин ҳол набояд ғам хўрд ва оташин шуд. Ба назар бояд дошт, ки имрўз дар он даргоҳ Боқири Муин ё Меҳдии Ҷомӣ барин шоиру олимон дигар кор намекунанд. Боқири Муин мекўшид, ки ҳар як паёмнигоре, ки дар бахши форсии Би-би-си кор мекунад, аз фарҳангиён бошад. Он ҷо байни фарҳангиёну рўзноманигорони касбӣ муборизаи ниҳоние буд ва оқибат кор ба он анҷомид, ки рўзноманигорони эронии аз фарҳанги тоҷикӣ кам огоҳӣ дошта имрўз дастандаркоранд. Барои инглиси раҳбар фарқ надорад, ки дар ин ҷода кӣ кор мекунад, аз куҷост, тоҷик ҳаст ё нест. Барои онҳо форсиро донаду рўзноманигори касбӣ бошад, бас аст. Рўзноманигори касбӣ ба ғайри касбаш ҳунари дигар надорад, вай доим ҷон меканад, ки фармоиши хўҷаинҳоро сад фоиз иҷро намояд.

Фарҳангӣ бошад меандешад, ки ин хабар, ин мақола, ин тасвире, ки ба эфир мефиристад, ба нафъи миллати ўст ё на. Фарҳангӣ доимо ҳар як чунин падидаро зери шубҳа қарор медиҳад, сари ҳар масъала баҳс мекунад, ин бошад ба хўҷаинҳои хориҷӣ ҳеҷ хуш нахоҳад омад.

Агар бархе аз блогнавису блогхонҳо чунин пиндоранд, ки якто зиёд шудани телевизиони форсии ҷаҳонӣ чизе ба фарҳанги тоҷикӣ меафзояд ё обрўи Тоҷикистонро зиёд мекунад, боз ҳам хато мекунанд.

Бародарони азиз! Дар Би-би-си дигар Меҳдии Ҷомӣ кор намекунад (Ў ҳоло дар радиои Замона аст), ки бо пули киссаи худ наворбардорони касбиро киро карда оиди Давлатманди Хол филме ба навор гирад ва ба тамоми эрониҳои Аврупову Амрико намоиш диҳад, ки бинед, ин ҳамзабонони мо чӣ фарҳанги вижае доранд!

Фарҳангиён дар радиои «Озодӣ» низ рўз надиданд. Равшани Темуриён, Обиди Шакурзода, Ҷовиди Муқим, Искандари Хатлонӣ (равонаш шод бод) ва камина аз фарҳангиёни собиқи ин радио ҳастем. Он ҷо тани танҳо Салими Аюбзоди хушқалам мондааст, ки ҳар рўз пеши пояш чоҳ мекобанд.

Аз навиштаҳо чунин бармеояд, ки тоҷикон дар берун аз марз ташнаи як телевизиони аз сиёсатбозиҳо дур ҳастанд.

Бахши форсии «Садои Амрико» телевизиони ҷаҳонии худро дорад, ки то ҳол як хабарчае аз Тоҷикистон пахш накардааст. Дур нест рўзе, ки Радиои Аврупои озод ва Озодӣ телевизиони худро таъсис диҳанд. Агар ҳукумати Амрико дар ин шароити инқирози иқтисодӣ маблағ ҷудо кунад.

Ба ин сабаб он рўшанфикрони тоҷике, ки дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои ин мақсад ҳаракат карданашон мумкин аст. Дар Амрико телестудияҳои форсии зиёде ҳастанд, ки ғайридавлатианд ва бо пули реклому ҳомиён кор мекунанд. Чаро дар қатори онҳо як телевизиони тоҷикии ғайридавлатӣ набошад? Агар ба таъсиси чунин телевизион маблағ ҷамъ карда натавонед, бояд аз худатон гила кунед, на аз Би-би-сиву на аз «Садои Амрико». Б.Раҳимзода гуфта буданд, ки шабе дар хоб Низомиро дидам, ки аз домани ҷомаашон дошта мегўям:
- Устодо мадад кунед!
Низомӣ бо қаҳр мегуфтанд: - Доманамро раҳо кун!
Бедор шуда дидам, ки домани пероҳани худамро мекашам. Яъне ҷўраҳо, аз худамон намонем.

Ба мо чунин пандҳои бузургон раҳнамост.

Комментариев нет: