пятница, 9 января 2009 г.

Тоҷик ё мусалмон?

Як муаллифи блоги Андеша навиштааст, ки ҳар сол дар Руссия садҳо мардикори тоҷик кушта мешавад, аммо мусалмонҳои Тоҷикистон алайҳи ин бераҳмӣ не, балки балки алайҳи ҳуҷуми Исроил ба минтақаи Ғаззаи Фаластин намоишҳои эътирозӣ кардаанд.

Дирўз як тоҷири самарқандӣ нақл кард: Ба Чин сафар накарда будам. Бо чанд тоҷири самарқандӣ моҳи гузашта ба шаҳри Урумчии Чин бирафтем. Чун ба фурўшгоҳе даромадем, он ҷо фолбини чинӣ нишаста буд ва ба ман гуфт: - Ту тоҷик ҳастӣ. Ман гуфтам, ки аз чеҳра муайян кардан душвор нест. Ў илова кард: - Бо миллати худ ифтихор дорӣ. Ин гапаш рост, ки буд, майлам зиёд шуд.

Дидам, ки чанд нафар тоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон он ҷоянд, ба онҳо ишора карда гуфтам: - Тоҷикони асил онҳоянд. Ба забони мо самарқандиҳо таъсири забони ўзбекӣ ҳаст. Фолбини чинӣ гуфт: - Не, онҳо тоҷик нестанд, онҳо мусалмонанд.

Тоҷирони самарқандӣ маро аз ў дур карда гуфтанд: - Дур шав аз ў, ки ҳоло пулҳоятро кашида мегирад. Ман ҳам пас аз ин доим меандешам: Агар ислом ҳуввияти миллии моро нест карда бошад, пас мо чӣ бояд кунем?

Ба ёдам расид, ки чанд сол пеш як эронӣ (коргардони синамо) ба Самарқанд омада буд. Аз ман хоҳиш кард, ки дар аксбардории ёдгориҳои меъморӣ роҳбаладаш бошам. Ҳар нақше, ки дар ёдгориҳо медид, мегуфт: - исломие!

Сипас гуфтам: - Ин свастикаҳо, ин салибҳо, ин шеру хуршед дар он замонҳое, ки ҳанўз ислом вуҷуд надошт, дар Осиёи Марказӣ буданд. Бираву ёдгориҳои Яссавиро бубин, девораш пур аз свастика аст!

Он солҳо дар Самарқанд ресторанҳои бешароб набуданд. Чун хеле мутаассиб буд, барояш чунин ошхонаро пайдо кардан мушкил шуд. Сипас як ресторанро интихоб кардем, ки мудираш ба ҳаҷ рафта омада буд. Аммо дар он ҷо низ ба ногоҳ дид, ки дар як канори толор рўи мизе шишаи шаробе истодааст. Ба нишони эътироз зуд аз ҷой хест ва худро аз дар ба берун зад. Дар Самарқанд масҷидҳо зиёданд, аммо кўшиш мекард, ки намозашро танҳо дар як масҷиде, ки имомаш шиист, адо кунад. Сипас аз чунин мазҳабтарошию таассуби динии ў чунон дилтанг шудам, ки чанд рўз пеш аз поёни навобардории филм ба сараш дод задам: - Ту иронӣ нестӣ! Ту иронӣ нестӣ!

Ва тарки роҳбаладии ў намудам.

Бароям аҷиб ин буд, ки бо шунидани дашноми «Ту иронӣ нестӣ!» вай бояд эътироз мекард, асабонӣ мешуд ва ғайра. Аммо баракс хурсанд буд ва табассум мекард. Хурсанд буд, ки ўро ту иронӣ нестӣ, мегўянд. Яъне барои ў иронӣ набудану исломи будан беҳтар аст.

Фикр кардам, ки дашноми ман маънои «ту падари худро намешиносӣ, яъне ҳаромзодаӣ»-ро дорад. Аммо ин тавр набудааст. Барои ў танҳо мусалмон будан мояи ифтихор будааст. Дигар ҳама арзишҳои фарҳангии миллӣ ҳеҷанд.

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

in navishtaaton maro ba hairat ovard, vale na hammai unho chunin hastand, ki az sarguzashti xud medonam