суббота, 3 января 2009 г.

Номаи Афшин ба А.Истад

Дуруд ба созандаи Герби шердор!

Устоди арҷманд! Дар як мақолаатон навиштед, ки миллат бе камоли матлуб ба пешрафти зарурӣ ноил шуда наметавонад. Камоли матлуб ҳамон энержии ба чашм ноаёни дохилист, ки миллатро барои расидан ба мақоми баландтар таҳрик медиҳад. Масъала пеш гузоштед, ки рўшанфикрони Тоҷикистон бояд чунин камоли матлубро эҷод кунанд. Фикратон сад дар сад дуруст аст. Аммо ба андешаи камина иҷрояш дар шароити кунунӣ номумкин аст. Чаро?

Рўшанфикрони Тоҷикистон ҳоло дар оқибмондагии фикрӣ қарор доранд. Онҳо китобҳоеро, ки барои пешрафти фикри заруранд, намехонанд. Онҳо ҳатто аз антеннаи моҳвораӣ канали 6-ро, ки ҳар рўз соати 20-и вақти Душанбе Ризо Фозилӣ як соат оиди ба ҳеҷ як мантиқ мувофиқат надоштани ояҳои Қуръон сухан меронад, намебинанд.

Замони шўравӣ ҳол беҳтар буд. Мафкураи ҳоким бар алайҳи хурофот ва ақоиди асримиёнагии мазҳабӣ, динӣ ва ғайра мубориза мекард. Ҳоло ба дараҷае поин рафтаанд, ки устухонҳои Имоми Аъзамро аз гўри кўҳна гирифта ба он либоси замонавӣ пўшонида, ба қавли эрониҳо ба гарданаш каравот зада мехоҳанд улгу, доҳӣ ё чароғи роҳнамои миллат қарор диҳанд. Худатон шоҳид будед, ки дар ҳақи имоми Ғазолии Хайёмкушу Синокуш чӣ мадҳияҳое аз забони олимони тоҷик садо дод.

Оё онҳо бо чунин савияи дониши асримиёнапарастӣ метавонанд, ки барои миллати Тоҷикистон камоли матлуб эҷод кунанд?

Афшини Истаравшанӣ

Аз А.Истад:


Ман барои посух ба ин суол тайёр нестам. Рўшанфикрони тоҷик якранг нестанд. Бовар дорам, ки масалан Акбар Турсун аз ин тоифа нест. Аммо садои ин тоифаи ба пешрафти фикрӣ расида ё нест ё ба дараҷаест, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир расонида наметавонад.

Аз он китобҳое, ки Ризо Фозилӣ аз тариқи канали 6-и моҳвораӣ хондани онҳоро барои пешрафти фикрӣ зарур мешуморад, ҳатто якеро ҳам дар Тоҷикистон нашр накардаанд. Худи ман ҳам аз онҳо хабар надорам, ба ин сабаб дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Аммо аз суханрониҳои рўшанфикрони тоҷик, ки аз тариқи ТВ намоиш меёбад, ба чунин хулоса омадаам, ки онҳо тарҷумаи форсии Қуръонро нахондаанд ва оиди ҳарфҳои он андеша накардаанд.

То вақте ки миллат камоли матлуб надорад, президенти кишвар ягон хел ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида наметавонад. Мазмуну мўҳтавои барномаҳои ислоҳотиро танҳо аз рўи талаботи камоли матлуб таълиф метавон кард.

Бубинед, ки дар вақти муҳокимаи пешниҳоди президент оиди танзими маъракаҳо рўшанфикрони тоҷик чӣ карданд? Онҳо саҳеҳ ва бо қатъият гуфта натавонистанд, ки ин ё он маърака тоҷикӣ нест ё ориёӣ нест ва онҳоро ботил кардан лозим аст.

Ба ҳамин сабабҳо посухи суоли шуморо ба худи рўшанфикрони тоҷик ҳавола мекунам.

Ҳавола мекунаму бовар надорам, ки посухи комил бигиред. Соли фарҳанги ориёиро чӣ тавр гузарониданд, дидаед. Агар ҳама рўшанфикрони тоҷик камарро маҳкам баста ба эҳёи фарҳанги ориёӣ мекўшиданд, фикри оммаро хеле пеш бурда метавонистанд. Аммо ин кор иҷро нашуда монд.

Дурўягӣ хоси бисёри онҳост. Ҳамонҳое, ки оиди арзишҳои бузурги фарҳанги ориёӣ сухан ронда ба ғосибони араб, ки ин фарҳангро наввад дар сад аз байн бурданд, лаънат мефиристоданд, акнун оиди бузургии арзишҳои фарҳанги исломӣ дар мисоли осори имом Ғазолӣ ва имом Абўҳанифа ҳарф мезананд.

Комментариев нет: