суббота, 31 января 2009 г.

Адаш Истад фаталист нест!

Хонанда О.Рашидӣ ҳикояи камина «Санги сарнавишт»-ро хонда чунин нома навиштааст:
«Устоди азиз, А.Истад!
Ҳикояи «Санги сарнавишт»-ро аз блогатон хондам. Магар инсон пеши тақдир ҳамин гуна нотавон аст? Ё шумо дигар фикрҳоро талқин карданӣ будеду ман нафаҳмидам?»

Посухи камина ин аст:
Нависанда ҳам як инсони хокӣ аст ва хато ҳам мекунад. Аз нусхаи дар матбуоти Тоҷикистону Ўзбекистон чоп шудаи ин ҳикоя чунин хулоса баровардан мумкин буд. Баъд ман баъзе ҳарфҳои ин ҳикояро тағйир дода ба блоги Герби шердор гузоштам. Эроди адабиётшинос профессор Садри Саъдиевро, ки фатализм дар ин ҳикоя ҷой дорад, дар вақти таҳрир ба назар гирифтам.

Ин асар ба намуди ҳикояи хаёлии огоҳкунанда мутааллиқ аст. Яъне ин ҷо модели ҷамъиятеро сохтам, ки дар он худо ва ҳоким як шудааст. Яъне агар дин ва давлат як шавад, чӣ даҳшате пеш хоҳад омад, дар мисоли тақдири як ҷавонписар, ки мехоҳад озодона зиндагӣ кунад, тасвир шудааст.

Агар ин ҳикоя ба жанри илмиву хаёлӣ мутааллиқ намебуд, яъне реалистӣ мебуд, адабиётшиносон ҳақ доштанд, ки маро ба тарғиби ақоиди фатализм айбдор кунанд.

Тамоми ҳикояҳои жанри фантастикаи илмиву ғайриилмӣ бо муодилаи «сайёрае, ки дар он ду зарби ду чор намешавад», сохта мешавад. Яъне дар он сайёра ду зарби ду баробар ба як ё се ё нўҳу даҳ буда метавонад.

Аммо чунин тарзи тасвир далел бар он нест, ки муаллифи асар мўътақиди чунин арифметика аст.

Комментариев нет: