воскресенье, 2 марта 2008 г.

Самарқанд ва паёмбарон

Самарқанд яке аз шаҳрҳои бузургтарини Ачам аст ва табиист, ки назари паёмбар Муҳаммад ба он хушбинона будааст. Паёмбари ислом чанд боре ки оиди мардуми форс сухан кардааст, аҳли Мовароуннаҳр, аз чумла мардуми Самарқандро низ чи турку чи точик дар назар доштааст. Зеро дар тасаввури ў мардуми Ачам ҳама форс ном доштанд. Дар асари “Форснома”-и Ибн-ал-Балхи, ки соли 1106-1117 таълиф гардидааст, нақлест аз паёмбари ислом, ки гуфтааст: “Худойро ду гурўҳи гузидаанд (интихобшудаанд) аз чумлаи халқи ў-аз Араб-қурайш ва аз Ачам форс ва форсиёнро қурайш-ул-Ачам гуянд, яъне дар Ачам шарафи эшон ҳамчунон аст, ки шарафи қурайш дар миёни араб”. Қурайш он қавми араб буд, ки паёмбар аз миёни эшон баромада ва густариши оини навро Аллоҳ вазифаи қудсии онон гардонида. Ибн-ал-Балхи нагоштааст, ки қонуни давлатдории форсиён асосан чунин будааст: Подшоҳи натавон кард бе лашкар, лашкар натавон дошт бе мол ва мол ҳосил нашавад бе ҳукуматдори ва ҳукуматдори устувор набошад бе адл. Аз паёмбар Муҳаммад (дуруд бар ў) пурсиданд, ки чаро халқҳои кофире ба мисли Од ва Самуду ва монанди онҳо зуд нобуд шуданд, аммо форсҳо бо вучуди он ки оташпарастанд, давлатдориашон дароз шуд? Пайғамбар чавоб додааст: Аз баҳри он ки ободони дар чаҳон ва адлу додро байни бандагони Худои азза ва чалла паҳн мекунанд.

Ба фикри муаллифи “Форснома” дар ду чои Қуръон зикри форсҳо ҳаст, ки ҳамчун одамони бақуввату чавонмард васф шудаанд. (Ниг. ба “Форснома”, Душанбе, нашриёти Дониш, 1989, саҳ, 16-17). Дар бораи он ки паёмбари тоисломии ин сарзамин Зардушт фаъолияти паёмбарии худро дар Самарқанд сар кардааст, баъзе олимони бостоншинос, аз чумла Игор Пянков дар мақолаи илмии хеш навиштаанд. Маълум, ки авчи фаъолияти Зардушт асосан дар Балх (пойтахти Бохтар) будааст, дар Хоразм ҳам мегўянд, аммо ба Зардушт фаришта Баҳман аввалин паёмро аз Аҳуромаздо (номи Худои оини зардушти) дар соҳили рўди Дарғами Самарқанд овардааст. Ин вақте буд, ки Зардушт барои таҳорат аз мобайни ин рўд об мегирифт. Аммо дар Авесто номи Суғд ҳасту номи Самарқанд нест. Эҳтимол меравад, ки ҳоло ном надошт, ё ки Суғд гўён Самарқандро дар назар доштанд. Шодравон академик Б. Валихочаев бар ин ақида буданд,ки маънои калимаи Самарқанд ибодатхона аст. Агар ин тавр бошад, пас аз сохта шудани нахустин ибодатхона чунин номро гирифтааст. Пеш аз зардуштия меҳрпарасти буд ва Ардвисура Анаҳиторо (модархудо) мепарастиданд ба ин сабаб гуфтан душвор аст, ки он чи хел ибодатхона буд.

Абўтоҳирхоча дар китоби худ “Самария” бо истинод ба китоби “Осор-ул-билод” мегўяд, ки ҳисори Самарқандро бори нахуст писари Кайқубод Кайковус сохтааст. Ва ба такрор илова кардааст: иморати аввалини ин шаҳр аз Кайковус аст. Боз навиштааст, ки ба нақле Киршосп вақте аз ин чо мегузашт, ганчи зар ёфт ва онро ба иморати ҳисори Самарқанд сарф кард. Бо вучуди он ки Абўтоҳирхоча ривоятҳои бофтаву сохтаро зиёд овардааст, онҳоро тамоман сарфи назар кардан нашояд. Яъне, бостоншиносон бояд бо манбаъҳои дигар муқоиса карда шолиро аз курмак чудо кунанд.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе “Адабиёти паҳлави” ном китобе аз чониби донишманди таърихи забони форси Додихудо Саймиддинов чоп шуд. Дар ин китоб дар қатори бисёр асарҳои қадимаи тоисломи “Шаҳристонҳои Эрон” ном асари таърихиву чуғрофи низ чой дорад, ки дар бораи кишварҳои ин сарзамин то замони подшоҳии Сосониён маълумот медиҳад. Ин асар бори аввал соли 956 аз чониби Денпаноҳ писари Арсропан навишта шудааст. Дар ин асар низ ривояти зиёде ҳаст. Аммо ҳама гуна китобе, ки дар он оиди Самарқанд сухан мекунанд, барои мо чолиб хоҳад буд. Инак, порае аз он: ”Дар сўи Хуросон (Машриқ) шаҳристони Самарқандро Ковуси Каводон бунёд гузошт. Сиёвахши Ковусон анчом дод. Сиёвахшон он чо зода шуд ва ў оташи пирўзманди Баҳромро он чо нишонд (яъне ибодатхонаи оташпарасти сохт). Пас Зардушт дин (Авесто) овард ва бо фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард (бахш) ба дин дабири (хати авестои) ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганчи он оташкада ниҳод. Пас Искандар сўхт ва ба дарё афканд. Суғди ҳафтошён дар он буд. Яке он Йам (Чамшед), яке он Ажи Даҳок (Заҳҳок) ва яке он Фаридун ва яке он Манучеҳр ва яке он Ковус ва яке он Кайхусрав ва яке он Лўҳросп ва яке он Гуштоспшоҳ. Пас гучаста Аросиёби тўр ҳар як нишемани девонро буткадаи худоён кард”.

Муаллифи “Шаҳристонҳои Эрон” ба шаҳри Самарқанд Ковуси Каводон асос гузошт гуфтааст. Абўтоҳирхоча бо такя ба асари Закариё бинни Муҳаммади Қазвини “Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод” (соли таълифаш 1275) номи ўро Кайкоувс ва номи падарашро Кайқубод навиштааст. Ин чо “кай” авлодро ифода мекунад, яъне аз силсилаи каёниён, “он”-и Каводон ба маънои имрўзааш суффикси “-ович”-и руси барин. Яъне, Ковус Каводович, Кавод як тарзи талафузи Қубод аст ба забони паҳлавие, ки “Шаҳристонҳои Эрон” навишта шудааст. Хулласи калом, ҳар ду манбаъ як гапро гуфта истодаанд, ки аз шоҳони каёни ба шаҳри Самарқанд писари Қубод Ковус асос гузошт. Ин тавр шаҳрсози кардани шоҳон расм будааст, масалан, ноҳияи Қубодиёни Точикистон номи худро аз шаҳри бостоние гирифтааст, ки Кайқубод дар он чо сохта будааст. Ба ҳамин сабаб, номҳои каёниёнро дар шакли Кай-Қубод ва Кай-Ковус навиштан беҳтар аст. Муаллифи ин асар таъкид мекунад: “Барои он Суғди Ҳафтошён гуфтаанд, ки ҳафт шаҳриёр дар он будааст”. Ва бо Афросиёб нўҳ нафар шаҳриёрро номбар мекунад. Бино бар ин ба ин тафсири ў бовар кардан душвор аст. Суғд дар Авесто якчо бо сифати Гавашянем оварда шудааст. Муаллиф ҳамин калимаро ҳафтошён хондааст. Д. Саймиддинов “шайана” ба маънои маҳалли истиқомат аст, яъне ошён мегўяд. Ба “кай” тадил ёфтани “кави” дар забон ҳодисаи табии будааст. Говмардро Каюмарс навиштаанд ва дар “Форснома” ин ном дар шакли Гаюмарс омадааст. Дар “Авесто” бошад, Кай-Гуштоспро Кави Виштосп, Кай-Қубодро Кави Кавата, Кай-Ковусро Кави Усадан, Кай-Сиёвушро Кави Сияваршан, Кай-Хусравро Кави Хаосрова мехонем.

Баргардем сари он масъала, ки муаллиф вақте дар бораи шаҳри Самарқанд сухан меронад, мегўяд: “Пас Зардушт Дин овард ва аз фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард (бахш) ба дин дабири (хати авестои) ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганчи он оташкада ниҳод”. Яъне муаллиф гуфта истодааст, ки пойтахти Гуштосп дар Суғди Гавашайнем (Каёношён) буд ва Зардушт дини худро дар он чо эълон кард. Ин ривоят мувофиқат мекунад бо он ривояте, ки Зардушт рисолати пайғамбариро дар назди рўди Дарча ё Дарға (ҳозира Дарғам) гирифтааст (ба қавли И. Пяньков). “Кави”-и авестои, ки дертар дар “Шоҳнома”-и Фирдавси дар шакли “кай” меояд, ҳамон номи қавме ориёи будааст, ки асосан дар Суғд сукунат доштанд. Яъне қавме, ки точдори кардаанд ва эҳтимол точик ном гирифтаанд. Ин қавм кўчии чорводор буд ё муқиминишини заминдор маълумоте нест. Азбаски “Авесто” бо ғояи муқиминишини (зироаткори) саршор аст, тахмин муқими будаанд. Азбаски аз ҳама сершумору бонуфуз будаанд, тавонистаанд, ки дар дигар манотиқ, масалан, дар Балх ҳукмрони кунанд. Барои онҳо, ки Самарқанд аз ҳамқавмони худашон пур буд, дар дигар манотиқ пойтахт кардану бо қувваи ҳарби қавмҳои дигарро зери итоати худ нигоҳ доштан муҳим буд. Дар “Авесто” Суғду Самарқандро як калима – “Суғд” ифода кардааст. Агар диққат карда бошед, дар аҳди қадим иборае буд – Суғди Самарқанд! Ба ин тариқ Балху Бохтарро танҳо калимаи Балх ифода кардаанд. Дар “Авесто” сарзамини якум Эронвич аст. Халқҳои ориёи пеш аз он ки ба Осиёи Маркази ворид шаванд, дар кишвари хунук истиқомат мекарданд. Дар Авесто Аҳурамаздо ба Зардушт мегўяд: “Нахустин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридам, Эронвич дар канори рўди Даитийаи нек... Дар он чо даҳ моҳ зимистон асту ду моҳ тобистон ва дар он ду моҳ низ ҳаво барои обу хоку дарахтон сард аст”. Ин ба мисоли сураи фотиҳаи Авесто аст ва тамоман хилофи мантиқи илми мебуд, баъди хондани ин сатрҳо, ки маънояш чун рўз равшан асту мегўяд, ки ду моҳи боқимондаи тобистонаш низ сард аст. Эронвичро дар Эрон, Афғонистон, Озарбойчон ё Осиёи Маркази бичўянд. Ачиб он ки касе намегўяд, Эронвич сарзамине, ки ориёҳо аз он чо кўч бастаанд, буда метавонад ё ки кишвари нестдарчаҳони афсонавист. Ва агар чунин кишвар замоне дар шимоли Урал (Русия) бошад ҳам, баъди кўч бастани ориёҳо ин ном низ аз байн рафтааст, зеро дар чои холи ки мондааст, ки Эронвич бигўад. Номи Лоиш дар аввали асри XX Доич буд ва шохоби дарёи Зарафшон, ки аз Лоиш мегузашт, Доич ном дошт. Эҳтимол “Доитиё”-и Авесто ҳамин Доич (яъне Лоиш) ва Оқдарё аст. Дар Авесто баъди кишвари афсонавии Эронвич кишвари воқеи номбар мешавад ва он сарзамин Суғд ном дорад. Агар дар пайдоиш ва густариши оини зардушти Балх ё Ҳирот мақоми аввал медошт, аввал ҳамин номҳо сабт меёфт. Эҳтимол, аввалин сарзамине, ки ориёиҳо баъди кўч бастани оммави муқими гардиданд, Суғд буд ва сипас аз он чо қисми онҳо ба Эрон ва Ҳиндустон рафтанд. Дар банди чоруми фаргарди якуми “Вандидод”-и Авесто омадааст: ”Дуввумин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридам, чулгаи (чулгаи-саррзамини сарсабзу сероб) Суғд буд”. Дар Авесто Марв дар чои саввум, Балх чорум, Нисо панчум, Ҳирот шашум аст. Баъзе олимон дар ин ақидаанд, ки Эронвич Хоразм аст, аммо дар кардаи 14 (боби 14)-и Авесто Хоразмро Хоразм гуфтааст, на Эронвич. (ниг. “Авесто”, ш. Душанбе, с. 2001, саҳ. 252) Ҳар чизе ки оид ба Зардушт ва дини ў дар Суғд (Самарқанд) буд, Искандари Макдуни нест кардааст. Сипас дар замони устувор кардани дини ислом пораҳои сиҳатмонда низ аз байн рафтаанд. Мардуми Самарқанд дини поки муҳаммадиро қабул карда дили самарқандиён бо он фикр доим рўшан буд, ки паёмбари ислом гуфтааст: “Дарвозаҳои Самарқандро ҳазорон фариштаҳои осмони муҳофизат мекунанд”. Солҳои зиёде гузаштанду самарқандиён ба шаҳри худ хоки се паёмбарро оварданд. Яке ҳоло зиёратгоҳи маълум аст, мазори Дониёли Наби, дуввум мазори ҳазрати Чирчис буда дар саҳни масчиди Хоча Зудмурод, ки комсомолон солҳои аввалини ҳукумати шўрави ба замин ҳамвор карданд. Хоча Зудмурод номи халқии паёмбар Чирчис (Георгиус) будааст. Қабри саввум, дар назди масчиди Хочаи Хизр аст, бо номи мазори Ҳусниёпайғамбар.

Дар охир боз як бор таъкид кардан мехоҳам, ки ман донишманд нестам, як нафар қаламкаши одди ҳастам, ки ин ҳарфҳоро хондааст ё шунидааст. Муайян кардани ҳақиқати онҳо кори донишманди таърихшинос аст.

Баъди он ки ин мақола ба чоп ҳозир шуд, огоҳи ёфтам, ки дар дасти яке аз самарқандиён “Фарҳанги вожаҳои Авесто”-и чопи Эрон ҳаст. Дар ин луғатнома “гавашайанем” дар шакли “гавашайна” чоп шуда маънояшро говошёна, оғили гала, чои гала гуфтаанд ва сипас, “дар шарҳи дувуми калимаи “гава” – номи кишваре вобаста ба шоҳаншоҳии Эрони бостон, ки Суғд пойтахти он будааст” навиштаанд. Яъне, Эрон на танҳо дар замони Темур, балки дар замонҳои қадим тобеи Самарқанд будааст. Дар ин луғатнома маънои калимаи “шайана”-ро дар алоҳидаги чунин тарчума кардаанд: пойтахт, шаҳри нишемани шоҳ. Ба маънои дуввум: хона, саро, ошёна, чойгоҳ. Дар байни донишмандони таърихи чи Эрони кунуни ва чи кишварҳои ба он ҳамсоя дар вақти тафсири ибораи авестоии “Суғди Гавашайана” чозибаи манфиати маҳалли худ зўри кардааст ва дар аксари маврид кўшидаанд, ки ин ибораро ба маънои гуногун тарчума кунанду ҳаргиз “Суғди Каёниошён” нагўянд. Зеро дар ин маврид мачбур мешаванд, тан бигиранд, ки Эрону кишварҳои ҳасояи он дар аҳди бостон низ тобеи Самарқанд ё худ Суғди Самарқанд будаанд. Хулласи калом, ҳам паёмбари ислом Муҳаммад алайҳиссалом, ҳам паёмбар Зардушт бо “Авесто” бо суханҳо оиди ин сарзамин муаммоҳое ба донишмандони таъриху забон вогузор кардаанд, ки ба умқи он суханҳо расидани камина душвор аст ва олимон бояд ин масъалаҳоро тадқиқ кунанд.

Аз китоби «Армуғон», «Ворис - нашриёт» ш.Тошканд, соли 2007

Комментариев нет: