среда, 12 марта 2008 г.

Инсони бинодил

(Ҳиссае аз қиссаи рўзгори устоди санъати тасвири Даврон Сафозода)

Намоиши театри ба охир мерасад ва тамошобинон аз чой хеста чапакзани мекунанд. Ҳунарпешаҳо ба пеши саҳна баромада таъзим ба чо меоранд. Тамошобинон боз бештар каф мекўбанд. Он гоҳ коргардони таҳиягар, оҳангсоз, драмманавис ба саҳна мебароянд. Вале тамошобинон боз бештар чапакзани мекунанд. Он гоҳ коргардон ба чониби толор фарёд мекунад: — Даврон-ака!

Рассом Даврон Сафозода дар дил “оббо, боз бе ман нашуд-дия” гуфта аз чой мехезад ва ба саҳна мебарояд. Тамошобинон баробари дар саҳна намоён шудани ў боз бештар каф кўфта нидо мекунанд: — Офарин! Офарин!

Даврон Сафозода оҳиста сари таъзим пеши халқ фуруд меорад.

Ва ин садоҳои “офарин” дар анчоми нахустнамоиши зиёда аз 200 спектакли на танҳо аз чониби тамошобинони одди, балки аз чониби мухлисони ҳунари театри, театршиносону мутахассисони санъати театри садо додааст. Ба кори эчодии Даврон Сафозода ҳам Мирзо Турсунзода офарин гуфтаанду ҳам Расул Ғамзатов. Даврон Сафозода бо шодравон Маҳмуд Воҳидов барои дарёфти ҳалли бадеии намоишҳо оид ба эчодиёти Умари Хайём ва Ҳофизи Шерози бисёр шабҳоро рўз намуда, моҳҳо заҳмату ранч кашидааст. Рў овардани Даврон Сафозода ба чодаи ҳунар воқеаи тасодуфи нест, гарчанде тасодуфе бо коргардони машҳури синамо Комил Ёрматов дар айёми навраси рў ба рў карда буд. Комил Ёрматов сари Даврони чавонро бо меҳрубонии падарона молида ба падараш гуфта буд: — Ҳамин фарзандро ба санъат бубахшед, назари зебошиноси дорад.

Падари Даврон Сафозода ба асбобҳои сангтарошии худ хаёломез нигоҳ карда монданд: ”Оё Даврон бо ин асбобҳо аз санг гул месохта бошад?”

Аммо нияти Даврони чавон бузургтар аз аз нияти падар буд ва гуфт: ”— Падари бузургвор, ман актёр шудани нестам. Ман ҳам мехоҳам санг дар зери ангуштонам мисли мум мулоим гардад ва шумо бо ифтихор бигўед: — Ана, писари ман!”

Он гоҳ падар дастони сермушаки сангтароши, шахшўлу варзидаи худро ба нарми ба китфи писараш бисоид ва гуфт:

— Барака ёб, писарам!

Даврон Сафозодаи чавон баъди хатми мактаби миёна кўлбори худро бар дўш гирифта ба Тошканд рафт ва дар донишкадаи рассомию театри ба таҳсил оғоз намуд. Баъди хатми ин донишкада ба пойтахти Точикистон – Душанбе рафт ва дар театри академии опера ва балет вазифаи бисёр мушкили рассомиро бар дўш гирифт. Дафъатан аз курсии донишчўи ба муассисаи бузурги фарҳанги, ки талаботи сахт дошт, афтодани рассоми чавон имтиҳони чидди буд. Аммо Даврони чавон аз офаридани тоблуҳои бузурге, ки саҳнаро пурра фаро мегирифтанд, наҳаросид. Баробари ин бо мачаллаи ҳачвии “Хорпуштак” ҳамкори мекард, маҳораташро дар жанри ҳачв ва сиёҳқалами ороиши китобу мачалла такмил менамуд. Вале ороишу тазйини намоишҳои театри як бахши муҳим ва мураккаби санъати тасвири аст ва аз он офаринанда тақозои донистани амиқи вижагиҳои ҳунари театри мекунад. Даврон Сафозода ҳини таҳсили донишкадави аз санъати театри бархурдор шуда, бо коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои театр риштаи рафоқат устувор намуда буд. Аммо зиёда аз як муносибати хеле самими ба театр як меҳри беандоза ба санъати театри муҳаррику нерўбахшандаи ў буд. Ў чунин мегўяд: “Бубинед, ки рассомони жанрҳои дигар соле як бор намоиши корҳои худро баргузор мекунанд, вале намоиши кори ман ҳар рўз бо спектаклҳои театри баргузор мешавад... Магар аз ин зиёд таманно кардан, мумкин аст?” Ман аз ҳамкории Даврон Сафозода бо Маҳмуд Воҳидов дар эчоди спектаклҳои манзум хабар доштам. Вале ман дар байн ба адои хизмати ҳарби рафта вақте ба Душанбе баргаштам, Даврон Сафозода аллакай дар Самарқанд...

Дар Самарқанде, ки гашта-гашта охир ба хонаи падар омад бо як даста пули бо меҳнати ҳалол, бағали падарро пур кардан орзуяш буд. “Баччем, ин қадар пулро ба ман барои чи медиҳи? Гир, ба худат даркор мешавад”. “Не, падари азиз, ин як ният буд, рад накунед”. “Омаданат худаш барои ман давлати калон, инаш зиёдати. Ту дар назди ман қарздор нести, рассоми калон шуди, аз ман гузашти, ба муродам расидам. Ба ҳаминаш раҳмат. Инҳо дар бораи касалии ман воҳима карда ба ту хабар додагистанд. Дар пойтахт барои ту шароити эчоди зиёдтар будагист. Ба пешравии ҳунарат имконият зиёд будагист”. “Не, падари бузургвор, омўзиш поён надорад, вале ман ин чо низ болои такмили маҳорат кор хоҳам кард шабу рўз кор хоҳам кард”.

“Офарин баччем, барака ёб!”

Дар ҳақиқат Даврон Сафозода ба Самарқанд бо бағочи калон омад. Ин бағоч иборат буд аз китобҳо, расмҳо. Ва бағочи аз ҳама калонаш дар ёдаш буд: Осори бузургони Ачам. Ва ёди ҳамкори бо Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар бузургони адабиёт. Ва аз рассомон... Он замонҳо дар он шаҳри обаш ширин, ҳавояш соф ва шабаш чароғҳои моҳтобии мунаввар як нафар устоди бузурги санъати тасвири бо номи Қаро Зокир зиндаги мекард. Зиндаги мекард гўям хато мешавад. Бори вазнини такдири сангини худро аз субҳ то шом бар дўш мекашид ва дар сахтии рўзгори худ ягона муттакоро дар косае шароб дармеёфт. Қаро Зокир устоди бузурги санъати мўйқалам ва пайкарсози ба вартае афтода буд, аз он дигар баромада наметавонист. Ҳам худаш ҳам аҳли байташ аз ислоҳи кораш даст шуста буданд, чун табобат ҳам натичае надод. Занаш духтарчаашро гирифта ба хонаи падараш ба Ленинград рафт ва ин устоди санъати тасвириро, ки ҳама рассомон нобиғааш мехонданд, дар кўи ноумеди тани танҳо гузошт. Қаро Зокир дўстони зеринохунаки зиёде дошт, аммо ҳамаи онҳо ўро бо шароби арзон зиёфат мекарданду барои эчоди асарашон маслиҳат мегирифтанд, ислоҳи кори бебарори худро талаб мекарданд. Қаро Зокир дар кўча бесарпаноҳ монда буд ва касе, ки ба ў дасти ёри дароз кард, Даврон Сафозода буд. Даврон Сафозода ўро ба хонааш оварда яке аз ҳучраҳоро ба ў дод ва гуфт: — Аз ҳамин рўз ман бародари ту ҳастам, ту танҳо нести! Қаро Зокир гиря кард ва гуфт: — Даврон, чанд сол пеш кучо буди? Агар чанд сол пеш бо ту дучор мешудам, ман ба ин хел ҳол намеафтидам. Акнун гумон мекунам, ки дер шудааст... Ман падару модар надоштам, ман ин фомили Зокирро худам сохтаам то ки бепадар нагўянд. Ман ба худам “Қаро” яъне “сиёҳ” ном мондаам, зеро бахтам сиёҳ аст. — Қарочон, ту шамъи умедро дар дилат барафрўз! – гуфт Даврон Сафозода.

Баъд вақте Даврон Сафозода портрети Ҳофизро офарид, Қаро мегўяд: — Мана кори оличаноб! Дар чеҳранигори ҳоло касе ҳамсанги ту нест!

Қаро касеро ҳамту барои дилхушии ҳамсўҳбаташ ситоиш намекард. Суханҳои тундаш ба аксари рассомон намефорид. “Даврончон, ман мурғи ҳақгўй ҳастам. Сухани талх бисёр гуфтаам ва хоҳам гуфт. Рўзе маро мекушанд!”

Як рўз ба Маскав рафт ва дар баҳси тезутунди ҳақталоши ба чавоби дашноми як генерали ҳарби даст ба гиребони ў зад... ва натича сеюмин соли маҳбас. Вақте баргашт, тугмаи дари Даврон Сафозодаро пахш кард: ”Бародарам Даврон, ман омадам”. Модари Даврон Сафозодаро дида гиря кард: ”Чаро худо маро аз модар маҳрум намуд?” Даврон Сафозода гуфт: — Чи нақшаҳо дори?

Қаро гуфт: — Бачаҳои боистеъдодро ёфта тарбия кардан даркор. Зеро аз он “бузургҳо” танҳо Зуҳур (Зуҳур Ҳабибуллоев) метавонад дар ин чода пеш равад.

Вақте ки Даврон Сафозода баъди рухсатии меҳнати аз Самарқанд баргашт, ҳучраи Қаро Зокирро холи дарёфт. Рассоми чавон Рома гирякунон гуфт:

— Даврон-ака, медонед, ки ўро ба сараш санг зада куштанд. Ва дар вақти гусели ин нобиға ба роҳи охирин танҳо ҳафт нафар чамъ шудаанд.... “Аз Қаро Зокири боистеъдод танҳо як тоблуи нотамом боқи мондааст, ки Даврон Сафозода чун нишони дўст ба эҳтиёт ҳифз мекунад”. Аммо Қаро Зокир дар санъати тасвирии бисёр устодони ин ҳунар зиндааст. Наввад дар сади рассомону пйкарасозони Точикистон аз ў баҳрае бардоштаанд.

Яке аз хислатҳои ҳамидаи Даврон Сафозода ғами дигаронро хўрдан аст. Чандин сол раиси шўбаи самарқандии Иттифоқи рассомони Ўзбекистон буд. Чандин бор ба рассомон устохона дода аммо худ нагирифт, ғами дигаронро хўрд. Ғами дигаронро хўрду худ ба ҳучраи бинои бисёрқабата кўчида аз ҳавлии падар рафт... Ғами “Овози Самарқанд”-ро хўрда мудом аз ҳаққи қалами суратҳои барои рўзнома офаридааш даст кашидааст... Ғами театр – ғами ў. Дар ҳама кор маслиҳатгўй, дар ҳама маърака – мушкилкушой, дар ҳама чо – дидадарой. Дар кучо меҳнати маччони лозим, ба ў мурочиат мекунанд. Дар ҳама идҳои бузурги давлати – саррасоми маърака, беҳтар аз ў орогари майдон, беҳтар аз ў донишманди либосҳои милли, беҳтар аз ў драммашинос нест. Аммо баъзан маъмуроне ёфт мешаванд, ки ин марди фариштахисол ва покизаниҳодро бо сухани тунде меранчонанд. Ё чандин бор ҳаққи меҳнати ўро қасдан фаромўш мекунанд. “Даврон-ака, кори савобро карда-карда одат кардаги, пул натед ҳам ба қадраш расед. Ақалан гўед, Даврон-ака, аҳволатон чи хел? Медонем, ки имрўзҳо моҳонатон намерасад, аммо чи тавр ба шумо ёрманди кунем? Кани гўед, аз дасти мо чи меояд? Барои рассом чизи аз ҳама зарури – устохона доштан. Биёед Даврон-ака, ягон кулбаро ба шумо тўҳфа кунем. Сони пул ёфта таъмир карда як навъ ба устохона монанд мекунем. Не нагўед, Даврон-ака, охир бе шумо ягон маъракаи мо намегузарад”. Ин гапҳо ҳама дар хоби Даврон-ака садо медиҳанд. Инҳо ҳама орзуҳои мост, ки мехоҳем Даврон-ака ақалан дар рўъё бубинанд ва дар хоб бо дили пур аз фараҳ табассуме кунанд.

Даврон-ака портретҳои ходимони намоёни фарҳанги Самарқандро бисёр кашидаанд. Чанд сол пеш портрети нависандаи барчастаи Самарқанд Болта Ортиқзодаро ҳамроҳи мо ба хонаи ин устоди насри бадеи бурданд. Раҳмати Болта Ортиқзода аз ин ҳадяи ногаҳони курта-курта гўшт гирифтанд. Вақте ки рўи асарро боз карданд, хона гўё ранги дигаре гирифт, мисли он ки дар ҳавои пурабри баҳори баногоҳ тирукамон мебарояд. Ба тавсифи ҳунари чеҳранигории ин устоди санъати тасвири қалами мо очизи мекард. Забон лол гардида буд. Чизи аз ҳама чолиб он буд, ки портрети нависанда аз чониби рассоме ба қалам омадааст, ки аз осори адиб огоҳии комил дорад ва рангу бўи эчоди нависанда дар портрет мунъакис шуда.

Даврон Сафозода фарзанди дилбанди Самарқанд, ошиқи шаҳри хеш, фарҳанги он чеҳраҳои бузургони онро офарида. Аммо як образи яклухти ин шаҳр, ки дар тоблуе бо гармии дил ва нури чашм нигориш ёфта буд маҳз аз мўқалами Даврон-ака гуҳаррези шуда, ба Амрико ба фурўш рафта.

“Осори хуби мо ба мисли моҳи аст, мелағжаду ба дарё меравад ва дигар намеёбем, садҳо афсўс мехўрам, ки ақалан сураташро аксбардори накардем”.

“Даврон-акачон ман мехоҳам як портрети худатонро кашед, дар замимаи шоми Самарқанд. Ва мехоҳам, ин чеҳраатон чи хеле ки дар зиндаги ҳамин тур аст, рўшан бошад, ба мисли шамъе дар шабистон...” Дар бораи Даврон Сафозода бисёр солҳо боз чизе навиштан мехоҳам ва наметавонам. Сабаби навишта натавонистанам бузургии барои як очерк ё мақола фароногир будани симои ин марди шариф аст. Агар сифатҳои олии инсони, одамгари, чавонмарди, саховатпешаги, дилсўзии ўро нисбати ҳар як инсон нависед, эчодиёташ нонависта мемонад, агар эчодиёташро нависед, ҳазор саҳифа ками мекунад. Мана ҳоло нуқта мондан мехоҳам, зеро нағз медонам, ки мақолаи ҳачман калонро мардум одатан намехонанд, вале дармеёбам, ки дар бораи шогирдони Даврон Сафозода чизе нагуфтаам. Дар бораи он ки устоди имрўзаи мониқаламу беҳзодсифати санъати тасвирии Самарқанд Аслиддин Исоев, Шаҳриёр Муҳторов, писари Даврон-ака Баҳром Сафозода бо сарпарастии ин устоди бузург ба воя расидаанд. Ба ғайри ин дар Точикистон низ мисли Дод Абдусамадов шогирдони боистеъдод низ дорад. Эҳҳе, барои тарбияи онҳо чи қадар заҳмат кашидааст! Қалам сари худро ба қоғаз месояд, худ хўрда шуда аз байн меравад, вале асаре дар рўи қоғаз мегузорад. Инсони шарифи покизаниҳод, инсоне, ки ба ў худованди карим истеъдоди модарзоди офаридани шаклро дода, аммо ҳунари офариниши чонро барои худ боқи гузошта чи кунад?

Чунин мусаввир чизе аз чони худ, маънавиёти худ, сарвати беҳисоби даруни, аз гармии офтоби дили худ ба манзара ва ё тасвири дигари офаридааш мебахшад. Мўйқалами ў аз хуни дилу чигари худи ў рангин аст. Даврон Сафозода дар театр тамоми рўз кор мекунад ва ба хона омада боз то нисфи шаб ба кори эчоди давом медиҳад. Ва вақте ба чойхоби худ дароз мекашад, танҳо як дуоро зери лаб мехонад: — Эй подшоҳи ҳаждаҳ ҳазори олам, ба онҳое, ки чашми чаҳонбин додаи, чашми инсонбин ҳам бите, то ки ягон фарди боистеъдод хор нашавад, ба мисли Қаро Зокир ба вартаи ноумеди наафтад. Эй худованди карим, то субҳ, нерўи маро барқарор кун, то ки пагоҳ низ ба ягон кори савоб даст бизанам.

Ва ман – муаллифи ин сатрҳо бо ҳазор таассуф тоблуи нотамоми худро ин чо канор мегузорам. Чеҳраи инсони ва пинҳони, маънавиёти пурсарвати Даврон-акаро ман иқтидори тасвир кардан надорам. Шакке нест, ки офариниши симои бузург барои устодон низ осон нест. Сафозода бо вучуди ҳама бузурги як инсони хоксор ба мисли деҳқони хокпош, як инсони самими ба мисли дўсти бисёрсолаанд.

Сарвати асосии Самарқанд, ганчинаи бузурги ин шаҳр ба мисли Даврон Сафозода инсонҳои бинодил, покизагуҳари ўст. Ва ин тоифа хеле камшуморанд ва барои он ки сафи онҳо биафзояд, мо мартабаи ононро ба он поя бояд боло гузорем, ки шоистаи онҳост. Бе чунин инсонҳо ин шаҳри бостони мисли майдони холишудаи филмбардори аст, ки киночиён декорацияҳои пур аз ёдгориҳои таърихиро баъди адои кори худ партофта рафтаанд.

Комментариев нет: