воскресенье, 23 марта 2008 г.

Академияи боғсозии темурӣ ва устоди бузурги он Навоӣ

Ба назари як нафар хонандаи оддӣ, эхтимол, чунин менамояд, ки Амир Темур ва темуриён дар соҳа санъати чорбоғсозӣ мероси бузурге аз худ гузошта, бемуболиға Академияи санъати парксозии Шарқро ба вучуд оварда бошанд ҳам, ин саҳми бузурги онон аз назари оламиён барканор мондааст. Ҳол он ки аз сафири испани Клавихо сар карда ҳама сайёҳону таърихнависоне, ки аз Самарқанд дидан кардаанд, санъати чорбоғсозии темуриёнро ситоиш намудаанд. Аз Ҳинд сар карда то Испания ба тақлид ва пайравии услуби “чорчаман”-и боғсозии Темур чорбоғҳои истироҳатӣ сохтаанд. Санъати чорбоғсозии Темур диққати донишмандони шарқшиноси русро ба худ кашидааст. Дар асри XX донишмандони машҳуре чун В. Бартолд, В. Вяткин, М. Массон, И. Сухарев, А. Якубовский, Г. Пугаченкова доир ба санъати чорбоғсозии Темур асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ навишта баҳои баланди худро додаанд. Донишмандони кишварҳои ғарб бошанд, чун Анри Стирлен, Шарден, Пйетро де ла Валле, Олрий, Фланден, Кост, вақте ки чорбоғҳои истироҳатии пас аз темурии кишварҳои дигар аз чумла Чорбоғи Чилсутуни Исфаҳон, чорбоғҳои Ҳироту Ҳиндро тадқиқ мекунанд, таъсири бузурги чорбоғсозии темуриро қайд кардаанд. Маълум, ки Чилсутуни Исфаҳон баъд аз Чилсутуни Улуғбек сохта шудааст. Санъати олии чорбоғсозии Темур муаррихон Шарафуддин Алии Яздӣ, Ибни Арабшоҳ, Ҳофизи Абрў, Бобурро мафтун намудааст.

Тадқиқи чорбоғҳои темурӣ имрўзҳо низ давом дорад. Доир ба ин мавзўъ рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд (масалан, Ў. Алимов). Санъати чорбоғсозии темуриро дар Донишкадаи меъмориву бинокории Самарқанд дар фанни архитектураи ландшафт ва дизайни он меомўзанд. Дар китоби дарсии ин фан, ки С. Ожегов, А. Ўролов ва К. Раҳимов навиштаанд, комёбиҳои чорбоғсозии темурӣ чамъбаст гардидааст. Институти археологияи Самарқанд бошад, дар чойҳои чорбоғҳои таърихии темурӣ ковишҳои бостоншиносиро давом медиҳад. Аммо ин мерос он қадар бузург аст, ки ин ҳама корҳо назарногир ва хурд менамоянд. Аз шахсиятҳои бузурги таърихи Мир Алишери Навоӣ ба санъати чорбоғсозии Темур таваҷҷўҳи зиёде доштааст. Вақте ки ба номи ў боғи истироҳатии Самарқандро гузоштанд, ман гуфтам, ки кори хирадмандонае шуд зебандаю сазовори ин устоди бузург, зеро Навоӣ на танҳо дар ғазал, балки дар чорбоғсозӣ низ устоди давр будааст. Навоӣ дар Ҳирот чандин боғҳои истироҳат сохтааст, ки ба монанди чорбоғҳои самарқандии Темур дари онҳо барои мардум боз будааст ва аз меваҳо кӣ чӣ қадар хўрад. Албатта, дар рўзҳое, ки Соҳибқирон ё шоҳзодагону занони шоҳ дар ин боғҳо дам мегирифтанд, дарҳои боғро мебастанд. Ин масъалаҳо тадқиқотчиёни худро интизор аст. Ё ки бигирем масъалаи муайян кардани ҷойи чорбоғҳои таърихии темуриро. Ин масъала низ пурра ҳал нашудааст, ки баъди ба идораи муҳофизат ва назорати ёдгориҳои меъмории Самарқанд навиштаҳои Вяткинро оид ба боғи Чунгул гуфтанам фаҳмиданд, ки чунин боғи таърихӣ будааст. Ба фикри шахсии ман рўихати боғҳои темурӣ аз рўи санаҳои аниқ ба ин тариқ аст (аммо афсўс, ки пурра нест).

 1. Боғи Нақши Чаҳон, солҳои 70-уми асри XIV дар доманаи Чўпонато (Кӯҳак) сохта шудааст.

 2. Боғи Биҳишт, соли 1378 бо формони Темур барои ҳамсараш Туман-оқо сохта шудааст.

 3. Боғи Амирзода Шоҳрух, соли 1394 ба шарафи бозгашти ин амирзода аз юриши Кафқоз сохта шудааст.

 4. Боғи Бўлди ё Булду дар шарқи Самарқанд, дар кўчаи Хиёбон сохта шудааст (Боғи Дур мегуфтаанд).

 5. Боғи Дилкушо (Боғи Наздик мегуфтаанд) дар шашкилометрии тарафи шарқии шаҳр, дар мавзеи Хончорбоғ, назди деҳаи Ўрта-Пўлодчи, солҳои 1396-99 сохта шудааст.

 6. Боғи Шамол (ё Шимол) соли 1397 барои духтари Мироншоҳ сохта шудааст.

 7. Боғи Зоғон дар тумани Шавдор (Тайлоқ) дар кўчаи Хиёбон дар паси Боғи Бўлди будааст.

 8. Боғи Баланд, бо ҳамин ном имрўз низ машҳур аст.

 9. Боғи Давлатобод, дар назди рўди Дарғам, дар роҳи Шаҳрисабз. Ба муносибати бозгашти Темур аз сафари Ҳинд соли 1399 сохта шудааст.

 10. Боғи Чинор дар ҷануби шаҳр будааст.

 11. Боғи Нав, ҳамсоя бо девори ғарбии Ҳисор соли 1404 сохта шудааст.

 12. Боғи Чаҳоннамо, аз рўи маълумоти Клавихо дар роҳи Шаҳрисабз будааст. Клавихо ин боғро “Номаълум” низ гуфтааст. Эҳтимол Чунгул будагист.

 13. Боғи Майдон, ки ҷои он бо ҳамин ном имрўз низ маълум аст ва дар он Улуғбек қасри дуқабатаи Чилсутунро сохтааст.

 14. Чинихона ё худ Боғча, ки охири солҳои 20-и асри XV Улуғбек месозад.

 15. Боғи Чунгул, ки Вяткин соли 1927 дар дашти Оҳалик вақти сохтмони аэродром ковишҳои археологӣ гузаронда қасри онро пайдо мекунад.

 16. Боғи Тилло.

 17. Тахти Қорача (Чорбоғ ва шикоргоҳ).

 18. Бўстонсарой.

 19. Кўли Мағок (боғи табиӣ).

 20. Қўриқи Бедона (боғи табиӣ).

 21. Намозгоҳ.

 22. Кенти Қўлба.

 23. Бўстони хон.

 Ба ғайри боғҳои Дарвеш Муҳаммади Тархон, Боғи Хида (Ҳидо будагист) ва Боғи Шерони назди Хоча Абдуи Дарун, Боғи Дилафрўз боғҳои дигар ҷой онҳо ба темуриён тааллуқ доранд ё ба сарватмандони дигар тадқиқи худро мехоҳад. Масалан, ҷои Қўриқи Бедонаро Вяткин байни Равонак ва Сочак гуфтааст. Ҳар як мавзолей боғи худро доштааст, масалан, Оқсарой ва Гӯри Мир боғчаи худро доштаанд. Намозгоҳи Самарқанд як боғи бузурги зебое будааст. Дар боғсозӣ сарватмандону бузургон мусобқа мекардаанд. Масалан, вақте ки Алишери Навоӣ боғҳои зебою нотакроре бо номҳои Боғи Мурғон, Боғи Пули Сангкашон, Боғчаи Шавқия, Боғчаи Гузаргоҳ, боғҳои Бобо Сўхта ва Азизонро – шаш боғ месозад, рақиби ў Мачиддин Боғи Назаргоҳ, Боғи Мухтор, Боғи Хиёбон ва як боғи беном – чорбоғ сохтааст. Азбаски муаллифи рисолаи “Иршод-уз-зироа” ин асари илмии чорбоғсозиро ба Алишери Навоӣ бахшидааст, метавон пай бурд, ки Навоӣ дар чорбоғсозӣ усули “чорчаман”-и темуриро корбаст намудааст. Бешак, дар он замоне, ки Навоӣ ба Самарқанд омада буд, сохти чорбоғҳои темуриро бо чашмони худ дида буд. Агар нақшаҳои чорбоғҳои Давлатобод, Чаҳоннамо ва Чунгули Амир Темурро бинед, аниқ мегардад, ки онҳо дар бару дарозӣ яккилометрианд, чорбоғҳои бузурганд. Муносибати Темур дар чорбоғсози эчодкорона будааст. Яъне ин боғҳо дар заминаи боғҳои кўҳна сохта мешудаанд, дарахтони пешина ҳаддалимкон нигоҳ дошта мешудааст. Г. Пугаченкова навиштааст, ки дарахтони танҳо Боғи Чаҳоннамо нав будааст, аммо ба ин гап бовар кардан мушкил аст, зеро вақте ки аспи меъмори ҳамин боғ дар дарахтзори он гум мешавад, баъди ду моҳи ҷустуҷў меёбанд. Бино бар ин ҷангали табиӣ доштани ин боғ аз эҳтимол дур нест. Аммо эрониён дарозии Чорбоғи темурии Исфаҳонро ба як фарсах (шаш километр) расонидаанд. Шоҳони сафавӣ кўшиш кардаанд, ки анъанаи чорбоғсозии Темурро такмил диҳанд.

 Солҳои шўравӣ бисёр боғҳои таърихӣ бо булдозер ҳамвор шуданд, аз чумла қалъаи Сурхи Боғитилло. Аммо чои Шоҳсуфаи он маълум аст, чои тахти Темур.

 Ҳар чизе, ки аз чорбоғҳои машҳури таърихӣ боқӣ мондааст, чун гавҳараки чашм бояд муҳофизат кард ва азиз дошт. Дар идораи ҳифз ва назорати ёдгориҳои меъморӣ гуфтанд, ки ба ободии онҳо аҳолии ҳамон гузарҳо, ки боғҳо дар марзи онҳост, бояд этибор диҳад. Масалан, имрўз Боғи Шимол як майдони холӣ аст, чаро дарахт шинондан мумкин нест? Ишратхона, ки имрўз ҳамчун мавзолей машҳур аст, як гўшаи чорбоғи темурӣ будааст. Магар мушкил аст, ки атрофи онро гулзор кунем?

 Муҳим ин аст, ки боғҳо мутасаддӣ ва соҳиби худро дошта бошанд. Агар ҳар як ташкилоти нерўманд, ободкунӣ ё барқарор кардани ягон боғи таърихиро ба зимма гирад ё дар сохтани боғҳои нав мусобиқа шавад, бовар ҳаст, ки кор меҷунбад.

 

Комментариев нет: