воскресенье, 2 марта 2008 г.

Сивилизатсияи Суғд ё худ Самарқанд

(Мулоҳизае чанд оид ба як бозёфти ачиб аз Тали Барзу)

Муаллифи ин мақола дар сарлавҳа ба чои калимаи тамаддун калимаи сивилизатсияро, ки замони шўрави ба ҳама фаҳмо буд, қасдан ба кор бурдааст. Зеро агар тамаддун бинависам, эҳтимоли он дорад, ки ба маънои хурди он, яъне маданият бифаҳманд. Ин чо аз истифодаи калимаи сивилизатсия мурод ҳамон тарзи тафаккуру чаҳонфаҳмии хос аст, ки минбаъд аз оташпарасти, меҳрпарасти то ба дини яккахудоии зардуштия ривоч пайдо кард ва бисёр кишварҳои оламро фаро гирифт.

Аз рўи тасаввури меҳрпарастон ва зардуштиён нахустин мавчудоти чондоре, ки сабабгори пайдоиши инсон дар рўи замин гардид, Говмард аст. Сурати ҳамин мавчудот дар сафолпораҳои як кўзаи шикаста соли 1939 аз Тали Барзуи ноҳияи Самарқанд пайдо гардид. Тали Барзу диққати бисёр олимони қадимшиносро ба худ мекашид, дар ин чо то соли 1939 низ ковишҳои археологи мегузаронданд, масалан, Вяткин дар аввали асри XX кофтуков карда буд. Солҳои 1936,1937,1938 Г.Григорьев ба маблағи музейи Самарқанд кофтукови археологи гузаронда буд, аммо бо омадани экспедитсияи археологии Зарафшони Эрмитажи Санкт-Петербург ва Институти таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои СССР кофтуков ранги чидди гирифт. Тали Барзу дар шашкилометрии роҳи Самарқанд - Равонак воқеъ аст ва археологҳо онро чи қадар зиёдтар кобанд, ҳамон қадар равшан мегардид, ки бо бозмондаҳои тамаддуни нодире сари кор доранд. Тали Барзу дар замонҳои бостон ба минтақаи Маймурғи Суғд тааллуқ дошт. Деҳкадаи Ревдод маркази ноҳияи қадимаи Маймурғ ҳисоб меёфт, ки дар он ҳатто дар асри даҳи мелоди қасрҳои ҳанўз вайрон нашудаи шоҳони Суғдро дучор шудан мумкин буд, ки яке аз онҳо Кофирқалъа дар соҳили рўди Дарғам байни халқ машҳур аст. Дарвозаи Ревдод номи қадимаи Масчиди Сафед (ҳозира Оқ Мачит) аст, ки ин ном баъди қабул гардидани ислом пайдо шудааст. Девори Қиёмат, ки Самарқандро иҳота карда буд, чандин дарвоза дошт ва дарвозаеро, ки ин чо буд, дарвозаи Ревдод мегўянд. Ба ҳамин сабаб, то имрўз роҳҳои Маймурғ аз ин чо ибтидо мегиранд. Дарвозаи Варснин дар кўчаи Панчакент буду дарвозаи Фаррухшед дар атрофи Хоча Абдуи Берун (Калбоғи ҳозира).

Ҳамин тавр, пайдо гардидани сурати говмард диққати баъзе олимонро ба худ кашид. Узви Экспедитсияи илми А.Борисов бе ҳеч хел шубҳа зуд муайян кард, ки ин сурати ҳамон мавчудостест, ки мардумони ин сарзамин дар замонҳои то ислом пайдоиши инсонро аз ў медонистанд. “Худои бузург Ҳурмуз (Аҳура Маздо) ин дунёро офаридааст ва заминро офаридааст ва инсонро офаридааст” навишта шудааст дар китоби Авесто. Яъне, Говмард як зинаи аввали офариниши инсон будааст. Донишманди машҳури самарқанди марҳум Холиқ Мирзозода дар китоби дарси барои мактаби оли таълифгардидаи худ “Таърихи адабиёт” (чилди 1) оид ба ин образи асотири ва сурати аз Тали Барзу ёфтшудаи он чунин гуфтааст: ”Дар Авесто Каюмарс (Говмард) инсони аввалин номида шудааст. Дар бораи Каюмарс ду хел нақли мифологи вучуд дорад: Каюмарс инсони аввалин буда, ба гуфтаи Аҳура Маздо гўш мекард ва нажоди эрониён аз вай аст ва дар байни кўҳҳо зиндаги мекард. Бино бар ин, ўро Гаршоҳ (шоҳи кўҳ) ҳам номидаанд”. (Суғдиён кўҳро “гар” ё “ғар” мегуфтанд, ки баромадаш бо “гора”-и руси як аст). Дар мифи дигаре, ки дар бораи Каюмарс нақл шудааст, ў говмард, яъне ним гову ним мард маънидод шудааст, тағораи сафолине, ки аз Тали Барзу (Самарқанд) ёфт шудааст, дар рўяш сурати Говмард ё Говпошшо дорад, ки ҳамин маъниро тасдиқ менамояд... Аз рўи тасвири қадими говмардро душмани ашаддии инсоният – Аҳриман куштааст, вале аз намаи дуюми часади ў (гов) 55 хел дон, 12 хел сабзавот, говмеш, барзагов ва 272 ҳайвоноти фоиданок ба вучуд омадааст, аз қисми одамаш чинси зану мард ва маъдан пайдо шудааст. Аз ин тасвир дида мешавад, ки Говмард асоси инсонҳо, ҳайвонот, наботот ва маъдан, яъне ҳаёти модди тасаввур шудааст. Образи Говмардро дар авалҳо ҳамчун қувваи илоҳии умумичаҳонии кулл тасаввур мекарданд,– навиштааст Холиқ Мирзозода.

Абўрайҳони Беруни дар асари худ “Осор-ул-боқия” нақлҳои гуногунро оид ба Каюмарс чамъовари кардааст, ки ҳикояти аз чониби Аҳриман кушта шудани ин говмард ва чакидани нутфаи Каюмарс ба замину аз хок рўидани ду ревочи нару модаи Меши ва Мешона ва аз онҳо зодани инсонҳои нахустин мебошад. Абўрайҳон Беруни таърихи давлатдориро бо номи Каюмарс шурўъ мекунад ва дар чадвали давлатдори ҳукмронии Каюмарс си сол аст, ҳукмронии Меши ва Мошона чил сол, сипас ҳукмронии Пешдодиён оғоз меёбад. Аз рўи ин солшумори, ки чи касе чанд сол подшоҳи кард, навбати подшоҳии Афросиёб соли 2579 то милод вокеъ гардидааст. Албатта, дар бобати тадқиқи илмии масъала Абўрайҳони Беруни донишманди бемонанд будани худро нишон додааст.

Бармегардем ба бозёфтҳои археологии Тали Барзу, ки бояд дар таърихи тамаддуни мардуми мо ҳамчун маводи мадании решаги пурбаҳотарин арзёби гардидани он аз рўи инсоф ва мантиқ мебуд. Аммо оиди он ба мо танҳо як мақола дар китоби “Корҳои шўъбаи таърихи фарҳанг ва ҳунари Шарк” (чилди II, нашри Эрмитажи давлати, Ленинград, соли 1940) маълум аст, ки ба қалами донишманди таърих К. Тревер тааллуқ дорад. Ў ин мақоларо “Гавподшоҳ-шоҳчўпон” унвон кардааст. К. Тревер навиштааст, ки ин бозёфт ё ба қабати мадании замони хаҳоманишиҳо ё ба пеш аз он тааллуқ дорад. К. Тревер дар ин мақола кўшиш кардааст, ки мақому маънои “гов”-ро дар ибораи авестоии “Суғдем гавашайанем” муайян кунад. Аз мақолаи мазкур маълум мешавад, ки дар кашфи маъноҳои калимаи “гав”-ро номи дуввуми Суғд гуфта ва тахмин кардааст, ки номи пойтахти кишвари Суғд низ Гава будааст. В. Гейгер “Гава”-ро як вилояти Суғд ҳисоб кардааст. Дар натичаи таҳлил ў ба чунин натича мерасад, ки Суғд вилояти Самарқанду Бухорост ва Гава яке аз ноҳияҳои он. Ба фикри донишманди дигар Хертсфилд Гава дили Суғд аст, чои аз ҳама серродам ва ободи он. Томашек ном олим “Гава”-ро “подаи чорвои шохдор ва мавзее, ки чарогоҳу чорвои зиёд дорад” маънидод кардааст. Ҳанўз соли 1877 Томашек чои “Гава”-ро пойтахти кушониён дар чои ҳозира Каттақўрқон нишон додааст. Маркварт низ Кушонияро чои аз ҳама сарсабзи Суғд меҳисобад ва дили шаҳрҳои Суғд. Дар асари ба забони паҳлави навишта шудаи “Менуи Хирад” Суғдро дар Эронвич, кишвари Хванирас нишон додаанд. Аммо ин адабиёт аст, на таърих. Матни дигар ўро дар Эронвич назди рўди Даития тасвир мекунад. Ба ақидаи К. Тревер, Даития ҳамон дарёи имрўзаи Зарафшон аст. Эронвич ё худ Айрана-вайча кишвари асотири мифологияи эронист. Дар Бундахишн сабт шудааст, ки Агрерат писари Пашангро дар кишвари Суғдистон Гавподшоҳ мехонанд. Агрерат бошад, тибқи Авесто, бародари Афросиёб аст. Муҳақиқон тахмин кардаанд, ки баъзе ҳокимони вилоятҳои Суғд унвони гавподшоҳро доштаанд. К. Тревер баъди овардани мисолҳои зиёде аз тадқиқотҳои олимони намоён (аз чумла, аз китоби Кристенсен, ки барои тафсири як калимаи “говмард” китобе навиштааст) ба чунин хулоса мерасад, ки:
1. Гава номи қадимтарини Суғд аст.
2. Эронвич номи сиррии Гава аст.
3. Қадимтарин матнҳои Авесто дар Эрон не, балки дар Суғд ба вучуд омадаанд. Гав ё гов ба забони форсии точики номи ҳайвони маълуми хонагист. Аммо дар замонҳои бостон дар Суғд ва умуман дар фарҳанги кишварҳои оини зардушти дар худ унсури қуддусии илоҳиро тачассум мекардааст. Ҳатто ин маънои мусбату волои он дар ашъори шоироне, ки аз матнҳои оини зардушти хабар доштаанд, хусусан Дақиқи ва Фирдавси дучор мешавад. “Шоҳнома”-и Дақиқи пеш аз “Шоҳнома”-и Фирдавси навишта шудааст ва дар он асосан мубориза барои густариши оини зардушти инъикос ёфтааст. Масалан, дар боби “Бахшоиш ёфтани туркон аз Исфандиёр” чунин байтҳо ҳастанд:

Ҳама саркашон худ пиёда шуданд,
Ба пеши гав Исфандиёр омаданд.
* * *
Бад-он лашкари фаррух овоз дод,
Гави пилтан шоҳи Хусравнажод.

Ин чо мо ба маънои мусбат истифода шудани калимаи “гав”-ро мушоҳида мекунем.

Пажўҳандаи номаи бостон,
Ки аз паҳлавонон занад достон.
Чунин гуфт к-”Оини тахту кулоҳ
Каюмарс оварду ў буд шоҳ.
Каюмарс шуд бар чаҳон кадхудой,
Нахустин ба кўҳ андарун сохт чой”.

Абўрайҳон Беруни дар “Осор-ул-боқия” навиштааст, ки Каюмарсро лақаб Кўҳшоҳ буд. Ба суғди Гаршоҳ хоҳад шуд. Ҳоло байни донишмандоне, ки аз вайронаҳои шаҳри тоисломии Самарқанд (теппаҳои Афросиёб, яъне фарози рўди Сиёб) пайдо нашудани нишонаҳои шаҳри қадимтарин мушавваш кардааст, ақидаест, ки шаҳри пешдодии Самарқандро дар доманакўҳҳо бояд чуст, ки мисолаш шаҳраки 5500-солаи Саразми назди Панчакент аст. Дар “Форснома”-и Ибн-ал-Балхи сабт аст: Баъд аз сари Кайқубод набераи ў Кайковус “подшоҳи бигирифт ва мақом ба Балх кард аз баҳри рафъи турк”. Аз ин чумла маълум мешавад, ки ҳучумҳои пайдарпайи кадом як қавми турк аз саҳро мачбур кардааст, ки.пойтахтро аз Самарқанд ба Балх кўчонанд. Аз рўи яке аз чадвалҳои таърихи салтанати каёни, ки Беруни тартиб додааст, ин ҳодиса баъди 2446 сол пойтахт будани Суғд рўй додааст, зеро дар ин сол ҳукмронии Кайқубод ба охир расида, подшоҳии Кайковус сар шудааст. Ин санаҳо ривоятианд, зеро муддати салтанати Кайқубодро 124 сол, муддати ҳукмронии Кайковусро 150 сол нишон додаанд, ё ки зери як ном фарзандони як подшоҳ ҳукмрони кардаанд. Беруни аз рўи чадвали дигар муддати салтанати Кайқубодро сад сол ҳисобида навиштааст, ки Кайковус соли 2884 соҳиби тахт гардид. Дар чадвале, ки Беруни бо такя ба Авесто тартиб додааст, солҳои ҳукмронии Афросиёб 2346-2358 аст. Тадқиқи санаи бунёди қадимтарин пойдевори вайронаҳои шаҳри куҳани Самарқанд (Афросиёб) дар лабораторияи радиологии назди Париж (Фаронса) синни шаҳри Самарқандро 2750 сол нишон додааст, ки ба замони ҳукмронии Афросиёб наздик аст. Ва мо ин рақамро бо рақами овардаи Беруни оид ба санаи ҳукмронии Афросиёб чамъ кунем, тахминан панч ҳазору сад солро ҳосил мекунем. Шаҳраки Саразми назди Панчакент низ дар тадқиқи лабораторияи радиологии Фаронса 5500-сол аст. Яъне, ин ноҳияи дерини Суғд, метавонад ҳамон шаҳрак-пойтахти қадимаи Суғд бошад, ки то ҳанўз чустучў мекунанду намеёбанд. Аз донишмандони археологи Самарқанд Хуршед Муҳиддинзода бар ин ақида аст, ки вайронаҳои шаҳрак ё куҳандизи 5500-солаи Суғд дар зери ягон теппаи доманакўҳест. Агар дар марзи ҳозираи атрофи Самарқанд чунин шаҳраки қадимаро аз зери хок пайдо карда натавонанд, мачбур мешаванд, эътироф кунанд, ки пойтахти аз ҳама дерин Саразми 5500-сола аст. Рақамҳо оиди ҳукмронии Афросиёб гуногунанд, масалан Ибн-ал-Балхи дар “Форснома” навиштааст, ки таърихи ҳукмронии Пешдодиён бо Афросиёбе, ки аз Тўрон бархоста буд, ду ҳазору панчсаду шасту ҳашт сол аст. Он вақт дар вақти чамъ 5320 сол ҳосил мекунем, ки қариб бо синни Саразм баробар аст. Ин аст синни таърихи давлатдории Суғд ва пойтахти он!

Беруни навиштааст, ки бо салтанати Кайхусрав дар Хоразм таърих гузоштанд (яъне солшумори оғоз гардид), ки навваду ду сол пас аз сохтани Хоразм аст. Яъне ба Хоразм кўчидани пойтахт солҳои 2884-2944 рў додааст. Ва фарзандони Кайхусравро Хоразмшоҳ гуфтаанд.

Азбаски забони суғди ба гурўҳи забонҳои эрони тааллуқ дорад, (ба мисли забони хоразми) барои баъзе ашхос чунин менамояд, ки маданияти Суғд бо маданияти тоисломии кишваре, ки Форс ном дошт, як аст. Бешак, монандиҳои зиёде ҳаст, ба мисли он ки ҳайкалҳои говмардони точдору болдорро дар қасри Хаҳоманишиҳо дар Истахри Эрон мебинем, аммо дар сурати говмарди Тали Барзуи Суғд точ нест ва азбаски пораи зарфи шикаста аст, маълум нест, ки бол дорад ё не. Ҳанўз Беруни дар “Осор-ул-боқия” таъкид намуда буд: ”Аҳли Хоразм бо аҳли Суғд дар оғози солу моҳ ҳамроҳанд ва бо эрониён мухолифанд. Ва иллати ин мухолифат ҳамон аст, ки дар бораи аҳли Суғд гуфтем. Ва русуми хоразмиён дар ин идҳо монанди расмҳои суғдиён аст”. Сипас, Беруни идҳои зиёди хоразмиёнро зикр мекунад, ки дар Эрон нест. Беруни дар фасли “Дар идҳои моҳҳои суғдиён” овардааст: ”Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рўзҳои маълум ва рўзҳои гарон миқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст...

Навсард – Рўзи аввали он Наврўзи суғён аст, ки Наврўзи бузург бошад. Ва рўзи бисту ҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки “Ромиши оғом” меноманд... Ва дар ҳар деҳе, ки бошад, назди раиси худ барои хўрдану ошомидан чамъ мешаванд”. Сипас, Беруни Чарчинамо, Найсанч, Басоканч, Мохирчаи дуюм, Амсихораро номбар мекунаду мегўяд, ки дар иди Амсихора аз он чи дар оташ пухта мешавад, парҳез мекардаанд. Дар иди Ашнохандо танҳо шароби холису ноб менўшидаанд. Баъд Мажихандо номбар мешавад, ки рўзи саввуми иди Кашмин гуфтааст. Эҳтимол, иди бозаргони аст, зеро бо оғози он ҳафт рўз дар Тавовиси Бухоро бозор баргузор мешудааст.

Фуғкон – иди миёнаи сол аст. Дар ин ид ҳар чизе ки бо орди арзан дар равғану шакар пухтаанд, дар оташкадаҳо чамъ шуда мехўрдаанд. Сипас Беруни Обонч ва Фуғ ном идҳоро ном бурда оиди чи хел будани онҳо чизе намегўяд ва оиди иди Масофуғ гуфтааст, ки даҳ рўз давом мекунад. Сипас, Жимжанч ном ид танҳо номбар мешавад ва Беруни оид ба Хишави мегўяд, ки дар охири ин моҳ аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мекашанд ва рўйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд. Чунонки эрониҳо дар фарвардагон ба ҳамин тариқ рафтор менамоянд. Ва аҳли Суғдро дар деҳкадаҳо дар айёме, ки номҳои он дар ҳар моҳ якест, бозорҳоест, ки дар деҳкадаҳои Бухоро ва Суғд барпо мегардад. Аз ин навиштаҳои Беруни чунин хулоса мешавад, ки аҳли Суғдро бо аҳли Бухоро дар ягон ид чудои нест, яъне як қавманд ва бухороиён низ суғдиёнанд. Чизи дигаре, ки чолиб аст, низоми бозорҳост. Бозор на танҳо чои хариду фурўш, балки чои ид, яъне идгоҳ аст. Чунин тасаввуроте пайдо мешавад, ки аҳли Суғдро ҳар моҳе ид будааст, ки баъзе идҳо то даҳ рўз давом мекардааст.

Ҳамин тавр, чи қадар зиёдтар паҳлуҳои гуногуни маданияти Суғд тадқиқ шаванд, он бо фарҳанги бостонии хоси худ дар назари оламиён намоёнтар хоҳад гардид. Аммо дар бораи сивилизатсияи Суғд баровардани хулосаи илмиро ба донишмандони таърих ҳавола мекунам. Ин навиштаҳо қайдҳову тахминҳои як рўзноманигори оддианд.

Аз китоби «Армуғон», «Ворис - нашриёт» ш.Тошканд, соли 2007

Комментариев нет: