среда, 19 марта 2008 г.

Муҳаммадмуроди Самарқанди

Нобиғаи фаромўшшуда, шогирдони бузург ва меъмори Точмаҳал

Дар замони шўрави аз чониби баъзе донишмандони шарқшинос чунин даъвоҳо густариш ёфта буд, ки дар Самарқанд ҳеч як мактаби минётурнигори набуд, зеро Амир Темур асосан ба ороиши иморатҳои бузург аҳамият медод. Ҳамин тавр, санъати минётурнигории Самарқанд хеле кам тадқиқ гардидааст. Донишмандони минётуршинос дар рисолаҳои худ асосан оиди мактабҳои минётурии Ҳироту Бухоро ҳарф задаанд. Аммо Г. А. Пугаченкова ва Л. И. Ремпел дар китобиОчеркҳои санъати Осиёи Миёна” (Москва, 1982) навиштаанд, ки гарчанде минётурнигории Осиёи Миёна метавонад то замони Темур ҳам мавчуд бошад, аммо манбаҳо оиди мавчудияти ин санъат дар замони Темур ва темуриҳо дарак медиҳанд. Масалан, аз шогирдони мактаби минётурии Бағдод соли 1396 ба Самарқанд даъват шудани наққоши минётурнигор Абдулҳай маълум аст. Ҳоло ду минётури ин рассом дар Топкапу – Саройи Истамбул нигоҳ дошта мешавад. Пир Аҳмади Боғишамоли (Боғишамол яке аз маҳаллаҳои Самарқанд аст) шогирди устод Абулҳай будааст. Ё ки дар Самарқанд соли 1437 офарида шудани мусаввараҳои рисола оид ба илми нучуми Абдураҳмони Сўфи, ки ҳоло дар кутубхонаи миллии Париж нигоҳ дошта мешавад, аз санъати баланди минётурнигори дар Самарқанди асри XV гувоҳи медиҳад.

Бо фармоиши Улуғбек “Хамса”-и Низоми солҳои 1446-47 дар Самарқанд хаттоти шудааст. Минётурҳои онро ду нафар рассом кашидаанд, ки номи яке аз онҳо маълум аст,– Султон Алии Боварди. Ин дастнавис ҳоло моли Топкапу – Саройи Истамбул аст.

Як минётураи дигар, ки ҳоло дар Галереяи санъти Фрири Вашингтон нигоҳдори мешавад, Мирзо Улуғбек, зану фарзандонаш, амиру ходимони бузурги ўро инъикос кардааст, санаи эчоди он соли 1442 дар Самарқанд аст.

Фаъолияти Беҳзод бошад, бо мактаби минётурнигории Ҳироти нимаи дуюми асри XV алоқаманд аст. Ҳамин тавр гарчанде то зуҳури Беҳзод дар Самарқанд гурўҳи калони минётурнигорон набудаанд, устодони забардасти ин соҳа дар ривочи ин жанр саҳм мегузоштаанд. Аммо Беҳзод бо эчодиёти худ имконоти ин жанрро нишон дод, хеле навовари кард ва ин санъатро ривоч бахшид. Таъсири ў ба мактаби минётури Бухоро ва дигар устодони он баҳснопазир аст. Яъне то замони нобиғаи дигари санъати минётурнигори Муҳаммадмуроди Самарқанди дар Самарқанд низ минётурнигори будаасту он низ, ҳарчанд баъзе донишмандони таърихи минётурнигории замони шўрави, масалан А. Иванов, мактаби минётурии Самарқанд вучуд надошт гўён даъво кардаанд. Аммо ҳамин ки минётурҳои Муҳаммадмуроди Самарқандиро медиданд, ангушти ҳайрат мегазиданд, ки агар мактаби минётур набошад, анъанаи бардавомии устоду шогирди набошад, ин нобиға дар кадом замина арзи вучуд кард? Магар замбўруғ буд, ки ногаҳон аз зери замин баромад? Ҳол он ки дар Самарқанди замони темуриён гузари рассомон бо номи Кўйи Наққошон вучуд доштааст ва ба қавли Г. Пугаченкова оиннома – устави онҳо ҳоло дар кутубхонаи донишгоҳи Тошканд нигаҳдори мешавад.

Вақти аз Ҳирот ба Самарқанд омадани адиби машҳури мумтоз Зайниддин Маҳмуди Восифи моҳи апрели соли 1512 аст. Ў то охири моҳи марти соли 1513 ин чо будааст. Ин вақте буд, ки Бобурмирзои шоиру фозил аз шайбониён шикаст хўрда Самарқандро тарк намуд ва султон Абўсаид ҳокими Самарқанд гардид. Абўсаид одами аз илму адаб дур буд ва дар зимистони сахт муллобачагони мадрасаҳоро бе маош гузошт. Восифи барои рўёндани маоши онҳо қасидае навишта озими Бухоро мешавад. Бори дуюм ў ба Самарқанд соли 1517 меояд ва ин чо дар ду сол ёздаҳ боби асари бузурги худ “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-ро навиштааст. Восифи байни солҳои 1551-1566 дар Тошканд вафот мекунад, яъне зиёда аз 40 сол дар ин кишвар зистааст ва он чи оид ба вазъи он замон ҳикоя кардааст, худ шоҳид будааст. Восифи нақл кардааст, ки бо истифода аз бесаводии ҳукуматдорони шайбони вазифаҳои мударрисиро дар мадрасаҳои олия шахсони бесаводу чоҳил ишғол менамуданд. Масалан, ба мударрисии мадрасаи Улуғбек Мирчамолиддин ном шахси бешарму ҳаё таъин гардид, ки на аз грамматика хабар дошту на аз усули дин. Яъне бо хушомадгўи ба амалдорон ба ин мартаба расида буд. Чунин шахсон зидди мударрисони донишманд бо хабаркаши фитнаву дасисаҳо ташкил намуда ҳоли онҳоро хароб мекарданд. Масалан, донишманди ҳақиқи Ҳочии Табрези бо тўҳмати ноҳақи Мирчамолиддин дучори ҳабс мешавад. Мирчамолиддин ҳангоми дарс ба чои илм додан ба муллобачагон сафсаттаҳои зиёде мегуфтааст ва касе чуръат надоштааст, ки ба ў бигўяд: Эй аҳмақ, ту чиҳо мегўи?

Адолат дар ҳукуматдории он замон ба воситаи қозиҳо идора мегардид. Аммо дар ин вазифаҳо низ бо ришваю хушомадгўи шахсони камсаводу чоҳил зиёд шуданд. Восифи нақл мекунад, ки санъати сураткаши низ зидди чунин беназмиҳо карикатура эчод мекард. Масалан, қозии Чодак дар зулму чаҳолат машҳур будааст. Наққоши моҳир Чалолиддин Юсуф ба қавли Восифи сурати ўро ба ин тарз кашида ба ҳокими Тошканд фиристодааст: ”Қомати баланди солхўрдаи наҳиф ва лоғари қози монанди ходаи дарози хушкида рост меистод ва сару риши ў бар болои он қомат чунон менамуд, ки гўё сари дарахти пуршоху баргро аз гарданаш бурида бар сари ин хода ниҳода бошанд ва сару рўи ў дар байни риш монанди канае менамуд, ки дар зери хирмани пашм афтида бошад”.

Афсўс ин сурат боқи намондааст, вагарна мо дар бораи мавчудияти жанри карикатура дар асри XVI далели раднопазир дар даст медоштем. Ҳикояти дигари Восифи, ки “Ришдорози аҳмақ” ном дорад, дар байни ходимони дин зиёд гардидани одамони бемулоҳизаро собит мекунад. Чунин вазъят барои ривочи экстремизми дини шароит фароҳам меорад. Ва муллоҳои мутаассибе пайдо мешаванд, ки мусаввирони соҳирқаламро кофир эълон мекунанд ва оммаи бесаводро ба сангборон кардани онҳо ташвиқ менамоянд.

Шоири дигари классик Абдураҳмони Мушфиқи соли 1564 аз Бухоро ба Самарқанд омада ин чо 12 сол зиндаги ва эчод кардааст, китобдори ҳокими Самарқанд будааст. Ў дар бораи вазъи бади иқтисодии худ байтҳои зиёде дорад, аммо ҳамин ду байт барои тасдиқи фикр кофист:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро,
Ба лутфу марҳамати ту мардуме намеёбам.
Шунидаам, ки Самарқанд чаннати дунёст,
Чи одамам, ки дар ў гандуме намеёбам.

Аҳли илму адабу санъат ба ибораи устод Айни аз шайбониёни даштии танҳо бо аспу қамчин омада чизи дигареро умедвор шуда наметавонист. Ва Восифи ҳам вақте амалдорону мударрисони онҳоро ҳачв мекунад, асос дорад.

Мушфиқи мачбур шудааст, ки соли 1577 ба Ҳинд ба дарбори шоҳ Акбар равад.

Муҳаммадмуроди Самарқанди, тибқи маълумоти қомусҳо, мусаввир ва минётурнигори охири асри XVI ва аввали асри XVII-и мелоди аст. Дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамин чо касби камол кардааст. Нозукиҳои санъати тасвириро дар Самарқанд омўхтааст. Аммо манбаъҳои дигар оиди хушнависии ў низ маълумот додаанд. Дар он замон дар Самарқанд таассуби дини авч гирифта, рассомоне, ки сурати одамро мекашиданд, мавриди таъқиб карор мегиранд. Ў ҳамроҳи шогирдаш устоди чирадасти минётурнигор Нодирмуҳаммади Самарқанди (манбаъҳои дигар баъзан ўро Муҳаммаднодир ҳам гуфтаанд) роҳи Ҳиндустонро пеш мегирад. Муҳаммадмурод дар дарбори темуриёни Ҳиндустон аз машҳуртарин ва баландмақомтарин мусаввирон буд. Ў дар Самарқанд танҳо барои ороиши “Шоҳнома”-и Фирдавси 115 минётур офаридааст, ки ҳоло ин дастхат дар кутубхонаи Институти шарқшиносии Академияи Улуми Ўзбекистон нигоҳ дошта мешавад.

Мегўянд, ки аз корҳои бузурги Муҳаммадмурод танҳо ҳамин то ба имрўз расидааст, вале бовар кардан мушкил аст. Зеро эчоди ў дар Самарқанду Ҳиндустон хеле пурмаҳсул будааст. Дар ягон китобхонаи расми ё шахсии Ҳиндустон ё Покистон осори қалами ўро пайдо кардан мумкин будагист. Аз минётурҳои ин китоб дар “Турро куштани Манучеҳр”, “Чанги Рустам ва Сўҳроб”, “Писарони Арчандро ба дор кашидани Исфандиёр”-и ин рассоми машҳур метавон ба хулосае расид, ки ў қурбониҳои майдони чангро инъикос карда чангу хунрезиро нафратовар арзёби намудааст, яъне чангу хунрезиро маҳкум кардааст. Дар мусаввараи “Коваи оҳангар” Коваро ҳамчун пешвои халқ дар мубориза зидди зулм, дар мусаввараи “Сиёвуш” шучоат ва зебоии ин пайвандгари мардуми Эрону Тўронро васф кардааст. Саҳми Муҳаммадмурод дар тарбияи мусаввирони Ҳинд зиёд аст. Рассомони бузург ва машҳури Ҳинду Покистон Басвантх, Бихаши Гучароти, Иброҳим Қаҳҳор, Банвари Хурд, Сури Гучароти, Парвин, Ром Дас ва дигарон ўро устоди маҳбуби худ шумурдаанд. Шогирди бузурги Муҳаммадмурод Нодирмуҳаммади Самарқанди ҳунари наққоши, хаттоти ва минётурнигориро дар Самарқанд азхуд мекунад. Ва бисёр девонҳои Саъдию Ҳофиз ва Чомиро хаттоти намуда, ороиш додааст. Вақте ки Муҳаммадмурод бо ифодаи ҳиссиёт чеҳраҳои тасвиршавандаро чоннок кард ва Нодирмуҳаммад низ ба ў пайрави намуд, рўҳониёни мутаассиб бар зидди онҳо шўриданд. Нодирмуҳаммад мачбур шуд ҳамроҳи устодаш Муҳаммадмурод ба Ҳиндустон равад. Ў дар дарбори бобуриёни Ҳинд вазифаи дабири (нависандаги)-ро ичро мекард ва дар Деҳли то охири умр зистааст. Нодирмуҳаммад дар жанри портрети шахсиятҳои бузурги таърихи хеле забардаст будааст. Портретҳои беҳтарини Бобур, Акбар ва Аврангзеб барин шоҳони Ҳинд беҳтарин асарҳои жанри чеҳранигории ҳамон асрҳо ҳисоб мешаванд.

Нодирмуҳаммад аз бозёфтҳои устоди худ Муҳаммадмурод сиёҳқалам (графика)-ро ривоч медиҳад ва дар ин услуб чандин шогирди забардаст доштааст.

Вазъи сиёсиву иқтисоди дар он замон мачбур кардааст, ки бисёр олимон, адибон ва ҳунармандон Самарқандро тарк намуда ба Ҳиндустон раванд ва дар дарбоори темуриёни Ҳинд хизмат кунанд. Масалан, дар бораи яке аз ҳунармандони бузурги самарқанди дар қомусҳо танҳо ҳамин чанд сатре ҳаст:

“Муҳаммадшарифи Самарқанди (соли таваллуд ва вафоташ номаълум) меъмор ва ҳунарманди охири асри XVI ва аввали асри XVII. Дар сохтани гунбад ва ороиши меъмории милли маҳорати тамом доштааст. Ба Ҳиндустон рафтааст ва солҳои 1632-50 дар сохтмони мақбараи ба тамоми чаҳон машҳури Точмаҳал сарвари кардааст. Муҳаммадшариф эчодгари комилтарин гунбадҳои маъмории милли будааст”.

Дар бораи як шогирди забардасти дигари Муҳаммадмурод чунин маълумот дар “Энциклопедияи советии точик” дарч шудааст:

“Яке аз шогирдони Муҳаммадмурод Муҳаммадфақири Оллоҳхон нақкош ва мусаввири охири асри XVI ва аввали асри XVII-и форсу Ҳинд аз мусаввирони машҳури тасвири сиёҳқалами дар мактаби минётурии темуриёни Ҳиндустон буд. Ў дар нигориши мусаввараҳои чанги маҳорати баланд доштааст. Ба қалами ў ороиши бисёр девонҳои шоирони форсу точик тааллуқ дорад, аз чумла ду нусхаи девони Амир Хусрави Деҳлави. Чанд тасвир дар “Бобурнома”-и Муҳаммад Заҳириддин Бобур аз чумла “Фатҳи қалъаи Дакан” аз корҳои нодири Муҳаммадфақири Оллоҳхон аст”.

Г. Пугаченкова ва Л.Ремпел хулоса кардаанд, ки ба эчодиёти Муҳаммадмурод образнокии ҳиссиёт ва чустучўи усулҳои нави тасвири бадеи хос буда, ин устоди самарқанди дар бисёр чиҳат тамоюлоти рангтасвири минётурии Осиёи Миёнаи асри XVII-ро оқиби худ гузошта хеле пеш рафта буд. Муаллифони номбурда кайд мекунанд, ки як дастхати китоби “Бўстон”, ки коллексияи Честер Битти асту китобааш соли 1616 сурат гирифтааст, минётурҳое дорад, ки зери як қисми онҳо имзои Муҳаммадмуроди Самарқанди ҳаст. Дар ин китоб минётурҳои Муҳаммад Шариф ва Муҳаммад Дарвеши Самарқанди низ будааст. Минётурҳои Муҳаммад Дарвеши Самарқанди дар достони “Зебу зевар” (ҳоло моли осорхонаи Бритониё) ҳам дучор мешавад.

Донишманди минётуршинос Муқаддима Ашрафи дар китоби худ “Назми форсу точик дар минётурҳои асри XVI-XVII” (Душанбе, 1974) навиштааст, ки дар чараёни ривочи фарогири санъати минётур бо таваччўҳи афзоянда ба инсон эчоди Муҳаммадмурод мақоми ифтихориро ишғол намуда, боз як муваффақияти минётураи асримиёнагиро собит месозад. Муҳаммадмурод ба минётур сиёҳқаламро ворид кардааст. Ҳамин гуна фикрҳо дар бораи Муҳаммадмурод – яке аз забардасттарин минётурнигорони самарқанди баён шудаанд, аммо як тадқиқоти комил мушоҳида намешавад. Масалан, аз фаъолияти пурмаҳсули эчодии ў дар Ҳиндустон мо қариб хабар надорем. Бояд ки асарҳои ў ва шогирдонашро дар кутубхонаву осорхонаҳои Ҳинду Покистон чустучў намоем. Баъди гирдоварии осори Муҳаммадмурод ва пайравону шогирдонаш як музей ба номи ў дар Самарқанд таъсис додан ҳам қарзу ҳам фарз аст. Муҳаммадмурод бо ихтиёри худ ба Ҳиндустон нарафта буд, ўро мачбур карда буданд. Баргардонидани мероси ў ба Самарқанд қарзи ватандўстонаи мост.

Комментариев нет: