понедельник, 20 июля 2015 г.

Шӯҳрати ҷаҳонии рассом Зокир Собиров



Дар галереяи Ню-Йорк соҳиби ҷоизаи «Уқоби заррин» гардидани асари «Бародарам»-и Зокир Собиров бешак ба ӯ шӯҳрати ҷаҳони овард. Бо ҳамин сабки дар санъати тасвирӣ нави ӯ – параллелизм расман аз ҷониби донишмандони шинохтаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, дар он сӯи уқёнус эътироф гардид. Ин рӯйдод Тоҷикистонро боз сари забонҳо бурд.

Зокир Собировро аз таҳти дил гарму ҷӯшон табрик мекунам!

Бовар дорам, ки барои ривоҷи параллелизм дар санъати тасвирӣ асарҳои дигар нигошта имконияти номаҳдуд доштани ин сабкро исбот хоҳад кард.

воскресенье, 8 февраля 2015 г.

Қурбон ӯлам – асари Ҳоҷӣ Абдулазиз



Дар Ӯзбекистон ба мероси сарояндаи бузурги мактаби Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов бо эҳтироми бузург муносибат карда бисёр устодони ҳунари сарояндагӣ сабки ин абармарди ҳунарро идома медиҳанд. Ҳатто ғазалҳои ба забони тоҷикӣ сурудаи ӯро месароянд, аз ҷумла «Ушшоқи Самарқанд»-ро.

Аммо дар Тоҷикистон муносибат ба мероси Ҳоҷӣ Абдулазиз ранги дигар гирифт. Ба он чи ки ба Шашмақом дахл дошт, эътибор доданду суруди дигари мумтоз – Қурбон ӯлам фаромӯш шуд.

Сароидани Қурбон ӯлам аз овозхон маҳорати хеле баландро талаб мекунад, касе, ки авҷро гирифта наметавонад, дар назди  ин суруд оҷиз мемонад.

понедельник, 2 февраля 2015 г.

Падарбузурги кулли сутунҳои меъмории мо



Дер боз фикр мекардам, ки нишони деринатарини сутунҳои меъмории миллӣ бо оини бостонии митроӣ чӣ робитае дошта бошанд.  

Телевизиони Первая образовательнаяи Русия  бори чандум аст, ки оиди Яғноб филми мустанадеро намоиш медиҳад. Он ҷое, ки сухан аз сутуни муқаддас меравад, хеле ҷолиб аст.

Оид ба ин сутун аз забоншинос Баҳром Бердиеви равоншод, ки ба Яғноб сафари илмӣ доштааст, шунида будам.

Тибқи маълумоти ин пажӯҳишгар ҳар касе, ки ин сутунро бо дастонаш ба оғуш гирифта нияте мекунад, ба орзуяш мерасад. Ӯ гуфта буд, ки ман ва А.Л.Хромов сутунро ба оғуш гирифта орзуҳое кардем, ки ба он расидем.

пятница, 26 декабря 2014 г.

Номҳои деринаи Оҳалику Оқсой



Дар як мақолаам, ки «Чунгул – чорбоғи Амир Темур» ном дошт, суханро аз он сар карда будам, ки Чунгул номи дашти Оҳалик аст. Ба ин сабаб чорбоғи темурии назди деҳаи Оҳаликро донишманди таърихи Самарқанд В.Вяткин чорбоғи Чунгул номидааст.

Аммо ин ном аз куҷо омад, чизе намегӯяд. Зеро аз ин пештар дар китоби «Материалы к исторической географии Самаркандского вилаята» (Самарқанд, с. 1900) навиштааст, ки номи кӯҳи Оҳалик ба тахмини ӯ дар асл Инмак-Данай будааст. Агар дар забони суғдӣ ин калимот маъное надиҳад, сипас ӯ аз хати арабӣ ғалат рӯбардор кардагист.

Василий Вяткин забони суғдиро намедонист, ба ин сабаб ба маънои гул (ғул ба гул мубаддал шудааст) дар таркиби номи Чунгул эътибор надодааст.

понедельник, 15 декабря 2014 г.

Мардуми Тоҷикистон ба кадом самт пеш равад? Дарунӣ ё берунӣ? Митроизм ё чеченизм?



Вазъи географии Тоҷикистон барои пешрафти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ мувофиқати каме дорад. Пешрафти техникӣ ё худ фановарӣ низ ба талаботи корхонаҳо вобаста аст ва азбаски корхонаҳои хуб каманд, талабот ба кашфиёт ба дараҷаи ночиз аст. Яъне дар шароити Тоҷикистон дар ин солиёни  наздик ба пешрафти техникаву технология умед бастан наметавон.

Мардуми Тоҷикистон чӣ бояд кунад, ки бо вуҷуди бекорӣ, оқибмонии фановарӣ, ба дараҷаи баланд нарасидани иқтисодиёту кишоварзӣ ӯро ҳамчун мардуми пешрафта бишносанд?

Дар ин бобат мо бояд биандешем, ки танҳо роҳи вижа моро ба пешрафт ноил мекунад. Тамоми пешрафтҳои тамаддуни муосир вобаста ба он аст, ки инсон давоми дасту пои худро дар шакли олоти меҳнат ба мошинҳо аз қабили автомобилу ҳавопаймову ва ғайраҳо ихтиро намуда инкишоф дода меояд. Ҳатто компютер давоми берунии мағзи сари инсон аст. Яъне ҳамаи онҳо дар беруни инсонанд на дар дохили он.

среда, 10 декабря 2014 г.

Ба мо чанд хели мактаб лозим?



Мақолаҳоятонро оиди ислоҳоти маориф ба Вазири маорифи Тоҷикистон ба тариқи нома ё муроҷиатнома фиристед, менависанд баъзе хонандагони блоги Герби шердор.

Агар ин вазорат идораи замонавӣ бошад, кормандонаш компютер доранду аз Интернет оид ба мактабҳои пешрафтаи олам мақолаҳоро пайдо карда иттилооти даркориро ёфта метавонанд, аз ҷумла мақолаҳои каминаро.

Мактаб чист?

Мактаб иборат аст аз муаллими эҷодкор, боз як бор муаллими эҷодкор, боз як бори дигар муаллими эҷодкор ва камтар китоби дарсӣ.

среда, 3 декабря 2014 г.

Иштибоҳоти мафкураи миллии тоҷикӣ



Яке аз иштибоҳоти асосии мафкураи миллии тоҷикӣ  дар баёни решаҳои ваҳдати миллӣ зоҳир мешавад. Бар чунин ақидаанд, ки бе идеали миллӣ маҳалгароиро мағлуб намуда ба ваҳдати миллӣ ноил хоҳанд шуд.

Ин тавр низ мешавад, ки як сарвари давлат аз экрани телевизор бо суханони самимона ва ваъдаҳои ояндаи дурахшон мардумро дар атрофии худ муттаҳид кунад. Аммо ин иттиҳод дер давом нахоҳад кард, чун мардум мехоҳанд ба орзуҳошон зудтар бирасанд, аммо ба ояндаи дурахшон расидан мушкилоти зиёде хоҳад дошт.

понедельник, 1 декабря 2014 г.

Асрори миллати тоҷик



Асрори миллати тоҷик дар он нуҳуфтааст, ки чиро чӣ номе додаст.

Масалан русҳо оиларо «семья» мегӯянд, ки аз вожаи «семена» яъне тухма сохта шудааст.

Дар забони тоҷикӣ бошад, оиларо бо вожаи хонавода ифода мекунанд. Дудмон, дуда низ мегӯянд, ки ин низ маънои хонаро дар худ нуҳуфтааст.

Сарвати тоҷик зиёд шавад, хона месозаду хонаро обод мекунад, сарвати баъзе миллатҳои дигар зиёд шавад, теъдоди занҳоро зиёд мекунанд. Ба ин сабаб дузанагӣ хоси миллати тоҷик нест. Ҳар боре ки ягон эрониро дучор шавам, мепурсидам, ки дар Эрон дузанаҳо ҳастанд ё не. Дар посух мешунидам ҳар доим: касе будагист, аммо мо намешиносем.

пятница, 28 ноября 2014 г.

Ҳаракат ба сӯи мактаби ибнисиноӣ ё баръакс?



Агар дар замони кӯдакии Ибни Сино ҳамин хел мактабҳое, ки имрӯз дорем, мебуданду Абӯалӣ дар он таҳсил мекард, ҳеҷ вақт алломаи бузург намешуд. Зеро дар ин клосе, ки 30-40 бача чун моҳиёни намакзадаи бӯшка зич нашастаанд, муаллим имкон надорад, ки бо ҳар як шогирд алоҳида кор кунад.

Дарс 45 дақиқа аст ва дар ин муҳлат муаллим мавзӯъро фаҳмонида, танҳо бо як-ду савол посух дода дониши 1-2 нафарро санҷида метавонад, агар хеле ӯҳдабаро бошад.

Ибни Сино ягон илмро дар назди ягон донишманд пурра фаро мегирифт, сипас падараш барои гузаштани илми дигар муаллими дигар меёфт. Яъне Ибни Сино дар мактабе таълим гирифтааст, ки як шогирд ба як муаллим будааст.

понедельник, 24 ноября 2014 г.

Модари миллат имрӯз кист?



Афсонаи аз ҳама машҳуру беҳтарин ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик кадом аст?

Хато намекунам, агар бигӯям, ки ҳам дар байни шаҳриёну ҳам деҳотиён афсонаи беҳтарину машҳуртарин «Бузаки ҷингилапо» буду ҳаст.

Афсонаро ба гӯши бачаҳо модару модаркалонҳо мегуфтанду мегӯянд. Ва онҳо дар ин афсонаҳо дарду муаммоҳои худро муҷассам мекунанд.

Ин афсона масал ё худ таҷассуми тақдири он модарони тоҷик аст, ки солҳои зиёде бе шавҳар кӯдакони худро тарбия мекунанд, ба воя мерасонанд.

Эътибор диҳед, ки дар ягон варианти ин афсона оид ба падари ин бузғолаҳо ҳарфе нест.  Ягон кас (шунаванда) суол надодааст, ки падарашон куҷост. Зеро ҳама медонистанд, ки барои ёфтани қути лоямут ба кадом шаҳри дуре рафтааст. Ва ин модари бузғолаҳо ҳатто имкон надорад, ки ба таккаҳо – нарбузҳои ҳамсоя муроҷиат кунад, зеро онҳо низ нестанд дар он ҷо. Эҳтимоли қавист, ки онҳо низ ба мардикорӣ рафтаанд.