понедельник, 2 февраля 2015 г.

Падарбузурги кулли сутунҳои меъмории мо



Дер боз фикр мекардам, ки нишони деринатарини сутунҳои меъмории миллӣ бо оини бостонии митроӣ чӣ робитае дошта бошанд.  

Телевизиони Первая образовательнаяи Русия  бори чандум аст, ки оиди Яғноб филми мустанадеро намоиш медиҳад. Он ҷое, ки сухан аз сутуни муқаддас меравад, хеле ҷолиб аст.

Оид ба ин сутун аз забоншинос Баҳром Бердиеви равоншод, ки ба Яғноб сафари илмӣ доштааст, шунида будам.

Тибқи маълумоти ин пажӯҳишгар ҳар касе, ки ин сутунро бо дастонаш ба оғуш гирифта нияте мекунад, ба орзуяш мерасад. Ӯ гуфта буд, ки ман ва А.Л.Хромов сутунро ба оғуш гирифта орзуҳое кардем, ки ба он расидем.


Равшан аст, ки ин сутун рамзи ҳамон дарахти ҳаёт мебошад, ки аз бозмондаҳои оини митроӣ маҳсуб мешавад.

Акнун метавон фаҳмид, ки дар меъмории миллӣ кандакорони тоҷик барои ба сарви ҳамешасабз монанд кунондани сутунҳои хонаҳо чаро кӯшиши зиёде кардаанд.

Аҷоибот дар он ки дар он мавзеъ як дарахти ҳамешасабз будааст, мӯъҷиза аст, чун дар Яғноб дарахт намерӯяд ва мардум чӯбро аз дигар ноҳияву шаҳрҳо меоранд.

Ин дарах танҳо ба оини митроӣ рабте дорад ё не, намедонам. Чун дар дунё мисли Яғноб ҷойҳое ҳастанд, ки ҳамин хел баландкӯҳанд ва сармо зиёд. Аммо дарахт доранд. Вобаста ба ин донишмандони тоҷикро мебояд, ки барои Яғноб бо омӯхтани шароитҳои ҳамсанг бо кишварҳои дигар тавсияҳои илмӣ диҳанд, чун мардуми Яғноб аз набудани чӯб зиёд АЗОБ мекашанд.

Муаллифи «Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ» (Душанбе, 2008) Сайфиддин Мирзозода дар сарсухани ин китоб навиштааст, ки соли 1970 пеш аз муҳоҷиркунии мардуми Яғнобдара дар он ҷо қариб  40 ҳазор нафар сукунат доштаанд ва теъдоди рустоҳо 32-то буд. Ҳоло теъдоди рустоҳо 16-тост ва аҳоли ҳамагӣ 400 кас. Аз инҳо дуто русто тоҷикзабонанд, рустоҳои дигар ба лаҳҷаи яғнобии забони суғдӣ ҳарф мезананд.

Дарозии Яғнобдара 116 километр аст. Яъне ҷои хурд нест, ки онро холӣ гузоштан мумкин бошад.

Аз ин филми мустанад маълум мегардад, ки дар Яғноб на муаллиму мактаб ҳасту на табибу шифохона. Чизе нест ба ғайри осиёби кӯҳнаи бобоӣ. На нишони барқ ҳасту на радиою телевизион. Намоз мехонанд, аммо масҷид нест.

Бачаҳо дар рӯи хок буҷулбозӣ мекунанд, шоҳмот чист намедонанд. Яъне як зиндагии приметив доранд ба монанди зиндагии қабилаҳои африқоӣ, ки дур аз тамаддун мондаанд. Ва аз ҳама муҳимаш ин ки милиса низ нест. Ва боз аз ҳама муҳимтараш ин ки онҳо ҳама ба дашт кӯчонида шуда будаанд, ки барқу ҳама шароити мутамаддин вуҷуд дошт ва боз ба зодгоҳи дерини худ баргаштаанд.

Эҳимол ба он сабаб, ки ин ҷо касе аз чиновникҳо ба сарашон фишор намеорад. Яъне ба маънои том озоданд.

Ман дидам, агар надид касе дар Яғноб, покии ин миллати хуфтаро дар айёми шабоб.

Сутуни маънавии миллати мо  озодист!

Комментариев нет: