воскресенье, 8 февраля 2015 г.

Қурбон ӯлам – асари Ҳоҷӣ Абдулазиз



Дар Ӯзбекистон ба мероси сарояндаи бузурги мактаби Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов бо эҳтироми бузург муносибат карда бисёр устодони ҳунари сарояндагӣ сабки ин абармарди ҳунарро идома медиҳанд. Ҳатто ғазалҳои ба забони тоҷикӣ сурудаи ӯро месароянд, аз ҷумла «Ушшоқи Самарқанд»-ро.

Аммо дар Тоҷикистон муносибат ба мероси Ҳоҷӣ Абдулазиз ранги дигар гирифт. Ба он чи ки ба Шашмақом дахл дошт, эътибор доданду суруди дигари мумтоз – Қурбон ӯлам фаромӯш шуд.

Сароидани Қурбон ӯлам аз овозхон маҳорати хеле баландро талаб мекунад, касе, ки авҷро гирифта наметавонад, дар назди  ин суруд оҷиз мемонад.

Ривоят мекунанд, ки Ҳоҷи Абдулазиз вақти бозгашт аз ҳаҷ як ҳафта дар Озарбойҷон меҳмони композитор Узиер  Гаҷибеков мешавад. Дар он меҳмонӣ ё матни ин сурудро мешунавад ё оҳанги онро ва ё ҳар дуро. Мегӯянд, ки оҳанги худи ӯст, матн аз Фузулист.

Аммо дар девони Фузулӣ пайдо нашуд, ҳол он ки дар поёни ин мухаммас тахаллуси Фузулӣ зикр мешавад. Тахмин шеърро Ҳоҷӣ Абдулазиз навиштааст. Ба ёд оред ки ӯ дар Самарқанд узви маҳфили адабии Саидаҳмади Васлӣ буд ва гоҳ-гоҳ шеър низ эҷод мекардааст.

Азбаски матн аниқ набуд, баъди сари Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳар сарояндае ба матн тағйирот даровардан гирифт. Масалан бовар нокарданист, ки Фузулӣ «Қади наврастайи ларзонинга қурбон ӯлам» гуфта бошад, чун дар дигар ҷо қади шамшод мегӯяд, яъне маъшуқаааш қадбаланд аст, дигар ин ки «ларзон» хилофи мантиқ омадааст. Чун ларзон ошиқ аст на маъшуқа. Наврастаро баъзан нораста карда маънои педофилӣ низ додаанд, ба ин сабаб партофта шуд ин мисраъ.

Аз адабиёитшиносони ӯзбек оид ба ин суруд бори аввал соли 2005 Ҳотам Умуров дар рӯзномаи «Зарафшон»-и Самарқанд мақолае чоп карда тасвири ишқи марду зан будани онро таъкид намуд.

Ман ҳоло матни ин сурудро, ки вожаҳои ноби форсӣ дар он чун дурру гуҳар чида шудаанд, ин ҷо меорам, ки аз сурудҳои гуногуни сарояндаҳои Ӯзбекистон ва яҳудиёни бухороӣ Абрам Толмасов, Борис Наматиев, Изро Малаков ва дигарон гирифтаам. Он суруди «Қурбон ӯлам»-и Б. Наматиев, ки дар Интернет гузоштаанд, аз ҷиҳати сабти овоз камбуди зиёд дорад. Шунидаам, ки як «Қурбон ӯлам»-и он кас, ки дар базме сароидаанду раққосаи яҳудӣ мерақсад, даст ба даст мегаштааст ва хеле олист гӯён таъриф мекунанд. Хуб мебуд, агар онро касе ба Интернет ҷой мекард. Сарояндаҳо ин сурудро аз 6 дақиқа то то 17 дақиқа хондаанд.

Комилтарини он иҷрои сарояндаи хоразмӣ Очилбек Матчонов аст. Суруди ӯ бо радифи «истарам» дебочае дорад ва 17 дақиқа аст. Суруди Абрам Толмасов низ дебоча дорад ва 9 дақика аст, аммо дебочаи дигари мухтасар. Матни асл, ки нест ҳар сароянда ба тариқи худ дебочае сохтааст, то ки нолаҳои дарди ҳиҷрон, ки дар мухаммас нест, қаблан таъкид шаванд, то ки ба нолаҳои баланд дар авҷ асоси мустаҳкам гарданд.

Нолаи сарояндаро аз асбобҳои мусиқӣ ғиҷҷаку тор (дар сароиши Марям Сатторова ва Дилнура Қодирҷонова), най (дар сароиши Наргиза Азимова) идома додаанд. Яъне мо дар ин суруд шеъри устодона овозхонии устодона ва навозандагии устодонаро мушоҳид мекунем, ки хоси Шашмақом аст. Дар оҳанги суруди Очиилбек Матчонов услуби қадима бештар эҳсос мешавад.

Сурудро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, аммо камина пай бурдаам, ки маънои ниҳониаш ишқи худост, яъне тасаввуфист. Шоир зери суханҳои сафҳаи девон Қуръонро ва зери ибораи «оби ҳаёт» оятҳоро дар назар дорад. Эҳтимол ҳамин ҷиҳати ин шеър ба ҳоҷии зиёрати хонаи худо намуда Ҳоҷӣ Абдулазиз хуш омадааст.

Шунидаам, ки аз устодони барҷастаи мақомхонии Ӯзбекистон Илёс Арабов низ бо маҳорати баланд сароидааст. Як навъ мактаби бузурги маҳорат гардидааст ин суруд.

Тоҷикистон ин мероси нобиғаи санъати сарояндагии классик  Ҳоҷӣ Абдулазизро нодида гирифтааст, ки саҳви бузургест ва ҳам носипосист ба рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди бузург.

Дар матни кунунии Қурбон ӯламе, ки сарояндаҳои мард мехонанд, мисраи «Синаи софинга синамни қӯйиб ҷон берайин» ҳаст. Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳоҷии боре саллаи сафеди худро ба каллапӯши дигар иваз накарда чунин мисраӣ эротикӣ яъне беҳаёёнаро суруда бошад. Бонувони сароянда инро пай бурда онро ба тариқи «Кулбаи шоҳинга синамни қӯйиб ҷон берайин» мехонанд. Дар асл дигар хел будагист, аммо ҳоло мешавад бо ин қаноат кард.

Байти халқии тоҷикии
Аз ағба фуромадуму нолиш  кардум,
Сангойи дари хонета болиш кардум-ро
ба ёд оред, ки ҳатто дар фолклор аз марзи ҳаё қадам фаротар наниҳодаанд.

Як ҷо «мен сенинг нолайи афғонингга қурбон ӯлам» омадааст, ки хилофи мантиқ аст ва он низ ботил шуд.

Дар охир ба адабиётшиноси тоҷик доктори фанҳои суханшиносӣ Ҷумъа Ҳамроев, ки аз мухлисони санъати мақомхонианд, барои маслиҳатҳояшон дар боби ин суруд ташаккур гуфта матни  ба назари худам комилтарро манзури шумо мекунам.

Келгил эй олийжаноб, номингга қурбон ӯлам,
Ҳалқайи зулфи парешонинга қурбон ӯлам,
Чашми масту лаби хандонинга қурбон ӯлам,
Офтоби рӯйи тобононинга қурбон ӯлам.
Қади шамшоди хиромонинга қурбон ӯлам.

Икки қошинг қаламу икки қӯзинг чашмаи нур
Барқ уриб ойинадек синайи софинг кӯринур
Ул санинг дарди фироқинг – мани ҷонимга ҳузур
Йӯқ назокат ичина сен каби бир донайи дур
Мен санинг чоки гиребонинга қурбон ӯлам

Тишларинг гавҳару ҳар бир суханинг оби ҳаёт,
Ғунчадек икки лабингдан тӯкилур шаҳду набот,
Ёзилур сафҳаи девонингга юз минг ҳасанот,
Гул юзингдин менга бир бӯса бериб айла закот,
Мен сенинг рӯйи гулистонингга қурбон ӯлам.

Икки кӯзинг равшану шаҳду шакар (?) шамъи ҷамол,
Мани дилхастага раҳм айла бугун кӯнглимни ол,
Қилмагил ҷабру ситам, қолмади сабру қарор,
Ё ки кел, бошимни кес, қонимни тӯк, ҷонимни ол
Мен сенинг ханҷари бурронинга қурбон ӯлам.

Мен сенга банди бӯлиб хоса ғуломинг бӯлайин,
Чарх уриб бошингдан парвонасифат ӯргилайин,
Манга зулм айлама, ӯша юзингни кӯрайин,
Кулбаи шоҳинга синамни қӯйиб ҷон берайин
Мен сенинг лаъли Бадахшонинга қурбон ӯлам.

Қӯлларинг панҷаи хуршеду белинг мӯрчамиён,
Кӯйлак ичра баданинг соф эрур оби равон,
Раҳм қил, кел менинг оғушима эй офати ҷон,
Қаду бастингга тасаддуқ ба Фузулий қила ҷон,
Синайи софи сафобахшингга қурбон ӯлам.

Дар охир аз пажӯҳишгари рӯзгори Ҳоҷӣ Абдулазиз нависанда Абдурофеъ Рабиев ва донишманди таърихи мусиқӣ доктор Аскаралӣ Раҷабов пурсиданиям, ки дар байни қоғазҳои дастнависи Ҳоҷӣ Абдулазиз ин суруд ҳаст ё на.  

Комментариев нет: