суббота, 26 июня 2010 г.

Далели раднопазири таърихии тоҷдории тоҷикон

Номаи саркушода ба
Равшани Раҳмонӣ


Донишманди мўҳтарам!

Ман ба мисли шумо донишманди ин соҳа нестам, ки ҳама нишонаҳои фарҳанги митроиро дар фолклори тоҷик пайдо кунам.

Аммо як нишонаи асосии он, гуфтан мумкин мақсади ниҳоии мактаби ҳафтзинаи камолоти митроӣ дар фолклори тоҷик нақши барҷаста дорад.

Мақсади асосии оини митроӣ камолоти инсон асту инро дини меҳрпарастӣ то ба мартабаи шоҳӣ расонидани инсон медид. Ҳамин бовар то ба имрўз дар маросими арўсии тоҷикон омада расидааст.

Ба тахмини камина дар оини мироӣ то писару духтар то ҳафт зинаи камолотро тай накунанд, ба хонадоршавӣ ҳақ надоштанд. Ва ё ки расми бо тантана ба сари хатмкунандагони мактаби митроӣ тоҷ мондан аз ин оин ба фарҳанги мардумӣ гузаштааст.

Агар ин тавр намебуд, тоҷикон ҳаргиз домодро «шоҳ» намегуфтанд. Ин ишора бар он аст, ки даъвои шумо оиди аз этнография ҷудо наомўхтани фолклор сад дар сад дуруст мебошад.

Худи таърихи пайдоиши номи қавме бо номи тоҷик хеле бостонитар аст ва ба замони оини митроӣ рафта мерасад. Тоҷик яъне тоҷдор будан маънои митроӣ буданро доштааст.

Яъне агар дар ин боб тадқиқоти илмӣ кунанд, метавон ба натиҷае расид, ки калимаи тоҷик торихи ҳафтҳазорсола дорад.

Баъзе нотавонбинҳои миллати тоҷик то ҳанўз маколаҳое нашр мекунанд, ки вожаи «тоҷик» бо тағйири табии «тозик» ба вуҷуд омадааст ва гўё тоҷикон аз арабҳои забони форсиро қабул карда пайдо шудаанд. Зеро ҳеҷ ба тасаввурашон намеғунҷад, ки тамоми як халқ тоҷдор яъне шоҳ бошад.

Пажўҳиш дар боби бозмондаҳои оини митроӣ дар маросимҳои тоҷикон аз калимаи «тоҷ» таркиб ёфтани номи тоҷикро пурра исбот хоҳад намуд. Ва ба даҳони чунин нотавонбинон мўҳри хомўшӣ хоҳад зад.

суббота, 5 июня 2010 г.

Ҷаҳонӣ шудани оини ниёгони мо

Дар мақолаҳои аз ин пеш оиди оини митроӣ навиштаам таъкид карда будам, ки оини ниёгони мо – меҳрпарастӣ аз замони Искандари Мақдунӣ сар карда вориди Рум гардидааст ва барои пешрафти фарҳангиву илмиву иқтисодии кишварҳои Аврупо замина гардидааст.

Сас афсўс, ки ин падида аз ҷониби донишмандони тарихи Аврупо ба таври бояду шояд тадқиқ нашудааст. Ва дар тарихномаҳое, ки оиди императорҳои мутаваҷҷеҳ ба ин дин сухан меравад, кўшидаанд оиди нақши ин оин дар тамаддуни Аврупо умуман сухан пеш наоранд, то ки дучори таҳдиди сахти рўҳониёни мутаассиби масеҳӣ нашаванд.

Чаро ки оини масеҳӣ бисёр чизҳоро аз 25 декабр – рўзи мавлуди Митроро зодрўзи Исо қарор додан то кулоҳи митроиро ба сар кардани рўҳониёни масеҳӣ аз оини митроӣ дуздида буд ва сухан оиди оини митроӣ пеш овардан ҳаққонияти оини масеҳиро дучори шубҳаву гумонҳо мекард.

Нодида гирифтани нақши оини митроӣ дар пешрафти тамаддуни Аврупо сабабҳои дигари субъективӣ доштагист, аз қабили осеб нарасонидан ба ақидаи Аврупоро маркази тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобидан.

Аммо ман, ки торихшинос нестам, ин баҳсро ба донишмандони торих ҳавола намуда, ҳоло кўшиш хоҳам кард диққати шуморо ба шахсияти торихие ҷалб кунам, ки дар торихи Рум бо номи Аврелиан машҳур аст.

Император Лутсий Аврелиан соли 214 дар вилояти дунайи шарқӣ дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Замони ҷавонии ў ба солҳои суст шудани Империяи Рум рост омадааст ва ў дар сафи лашкари давлатӣ ҷангида ҳамчун роҳбари ҷасури даста ном мебарорад. Вақте ки ҳамшаҳрии ў Клавдий ба мансаби императорӣ мерасад, қаҳрамонию фидокории Аврелиан қадршиносӣ шуд ва ўро сарфармондеҳи лашкари савора таин намуд.

Дере нагузашта Клавдий аз бемории вабо вафот мекунад. Тибқи қоидаи маъмулӣ меросхўри асосӣ бародари марҳум Квинтил буд, аммо Аврелиан даъво кард, ки Клавдий мансаби императориро ба ў васият намудааст. Азбаски тамоми лашкар дар дасти Аврелиан буд, Квинтил ба ғайри розӣ шудан илоҷе надошт.

Дар он замон дар Юнону Рум худоҳои сершумор буданд, аммо Аврелиан танҳо ба худои офтоб ва пирўзӣ Митро эътиқод дошт. Ба ҳар шаҳре, ки мерафт дар ибодатхонаи митроӣ ибодат мекард, агар чунин ибодатхона надошта бошанд, мефармуд, ки бисозанд.

Дар Руми асри III Сенат амал мекард ва сардори давлатро асосан ин порлумони румӣ таъин менамуд.

Сенат аз асилзодаҳо иборат буд, императорро тибқи қоида бояд аз асилзодаҳо интихоб мекарданд.

Аммо ин дафъа сенаторҳо парокандагии кишвар ва зарурати як лашкаркаши зўрро барои гирдоварии заминҳои аз даст рафтаи империя амиқ дарк намуда ба император шудани Аврелиани камбағлзода овоз доданд.

Аврелианро боз ба ин сабаб оини митроӣ писанд буд, ки дар ин оин на танҳо асилзода, балки ҳар як касе, ки дар мактаби митроӣ ҳафт зинаи камолотро тай мекунад, ба мартабаи подшоҳӣ мерасад.

Аврелиан дирафши митроиро баланд бардошт ва дар ду-се сол кишварҳои шимолии аз даст рафта – заминҳои Болқон, Олмониҳо ва Британияро ба Рум ҳамроҳ кард.

Волии заминҳои шимолӣ Тетрикро, ки худро мустакил эълон карда буд, асир намуда ба Рум овард. Ҳамин тавр ў ба ҷануб лашкар кашида Занабия ном маликаи Палмира ва Мисрро мағлуб намуда ўро низ ба Рум овард.

Аврелиан тибқи оини Митроӣ ба шахсиятҳои барҷаста арҷ мегузошт ва ба ин сабаб Тетрик ва Занабияро накушт.

Кишвари бостонии Палмира (тахминан марзи имрўзаи Сурия ва Ироқ) ҳамсарҳад бо Эрон буд.

Аврелиан орзу дошт, ки Эронро низ ба империяи Рум ҳамроҳ кунад ва дар Эрон низ чуноне ки дар Рум карда буд, оини митроиро дини асосӣ намояд.

Аммо ҳангоми расидан ба марзи Эрон бо дасисаи котиби худаш Эрот кушта мешавад. Аврелиан Эротро болои ҷинояти вазнине дастгир мекунад, аммо ҷазоро ба таъхир мегузорад. Эрот бошад, аз тарси он ки Аврелиан ўро сахт ҷазо хоҳад дод, ба Мукапор мегўяд, ки Аврелиан қасд дорад, туро ҷазои сахт диҳад. Мукапор, вақте ки Аврелианро танҳо ёфт, ўро мекушад.

Дар панҷ соли императориаш Аврелиан румиҳоро аз бисёрхудоӣ ба яккахудоӣ – оини митроӣ овард, салтанати Румро аз Миср то Британия зери як дирафш ва атрофии як дин муттаҳид намуд.

Дар тангаҳое, ки сикка задааст, сари худои хуршеду пирўзӣ Митро акс ёфта зери он «Роҳнамои империяи Рум» ҳаккокӣ шудааст. Худро дар шакли рўҳонии оини митроӣ тасвир намудааст.

Аврелиан оини митроиро дар артиш ҷорӣ намуда нишонҳои ифтихории онро бо сурати Митро ҳаккокӣ кунондааст.

Дар замони Аврелиан нахустин бор дин давлати шуд ва он оини митроӣ буд. Барои сохтани ибодатхонаҳои митроӣ ва таъминоти молии ибодатхонаву рўҳониён аз хазинаи давлат маблағҳои бузургеро ихтисос дода буд.

Аврелиан зодрўзи Митро 25 декабрро нахустин бор ҷашни давлатӣ намуд.

Аврелиан фикр мекард, ки дини митроӣ барои ҳама миллатҳо ва қавму қабилаҳои мувофиқ аст ва онҳоро зери дирафши ягона муттаҳид ва хушбахт хоҳад намуд.

Дар он замоне, ки Аврелиан ин корҳоро мекард, дини масеҳӣ зиёда аз дуним асри мавҷудияти худро паси сар дошт.

Чаро Аврелиан оини яккахудоии масеҳиро неву оини пешини ирониёнеро, ки асрҳои зиёд бо Рум дар ҷанг буданд, интихоб кардааст, қобили андеша аст.

Ў бори аввал дар Ғарб яктопарастиро ба вуҷуд овард. Дар маъбади марказии митроӣ Шўрои рўҳониёнро таъсис дод. Яъне дар роҳбарият ба корҳои динӣ демократияро ҷорӣ кард. Дар амал исбот намуд, ки оини митроӣ кўҳна нашудааст ва аз ҷониби Зардушт ба ҷои Митро худои ягона баргузида шудани Аҳурамаздо хатост.

пятница, 21 мая 2010 г.

Латифаи муаллимон

Ин латифаро тахмин муаллимони ҳақиқӣ оиди омўзгорони бемаҳорат ва камдониш бофтаанд.

Инак ин латифа:
Муаллим аз бачаҳо пурсидааст: - Бачаҳо! Кӣ гуфта метавонад, ки ман чанд сол дорам?
Бачаҳо ҳама хомўш. Танҳо яке даст мебардораду мегўяд:
- Муаллим ман ёфтам.
- Ку бигўй!
- Шумо панҷоҳ сол доред!
- Ў доное, чӣ тавр ёфтӣ?
- Ман як бародар дорам дар хона. Падарам ҳар рўз ўро ба дарахт баста «мур ту ним ҷиннӣ» гўён мезанад. Бародарам 25 сол дорад.

пятница, 7 мая 2010 г.

Дарди Маҳкам Ҳоҷиқулов

Зиндаёд Маҳкам Ҳоҷиқулов дар радиои Тоҷикистон муддате ҳамкори камина буд. Ман дар шўъбаи адабию дром муҳаррир будам, эшон – коргардон.

Ўро аз барномаи машҳури ҳаҷвии радио «Сўҳбати дўстон» ва барномаи телевизионии «Чойхонаи дилкушо» тамоми мардуми Тоҷикистон хуб мешинохт ва дўст медошт. Мардуми меҳнаткаш ба он сабаб дўст медошт, ки роҳбарони «виҷдонро бо ҷиғилдон ивазкарда»-ро (ин ибораи дўстдоштаи «Сўҳбати дўстон» буд) бо ибораҳои сермурчу каланфур аз осмони боло гирифта ба замини сиёҳ мезад. Ба қавли худаш «аз фалак ба чалак».

Ба назари камина чунин мерасид, ки ҳунарпешаҳо на танҳо дар саҳна ё синамо, балки дар зиндагӣ низ нақш мебозанд ва азбаски инро фарқ кардан мушкил аст, аз онҳо дуртар будан беҳтар мебошад.

Боре аз Маҳкам пурсидам, ки ба чӣ сабаб донишкадаи театриро хатм накардааст. Баъд ў қиссаи саргузашти талхи худро баён кард.

Чӣ тавр тифли навзоди дар кўча партофта рафтаро модари ў калон кардааст. Натавонистааст чунин модарро танҳо гузошта ба Тошканд ба донишкадаи театр равад.

Баъди он ки аз тарҷумаи ҳоли худ инро қисса кард, ба инсони хуб буданаш бовар кардам ва хеле воқеъ шудааст, ки нисфирўзӣ ҳамроҳ таом бихўрем.

Боре сухан аз Ленин рафт ва Маҳкам ҳаракату суханронии Ленинро бо маҳорати баланд такрор намуд. Пурсидам, ки ягон бор нақши Ленинро офарида буд?

Зеро дар замони шўравӣ ҳар ҳунарпешае, ки нақши Ленинро меофарид, унвони Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди шўравиро мегирифт. Моҳонааш хеле зиёд мегардид бе навбат хонаву мошин медоданд ва дигар имтиёзҳои зиёде доштанд. Маҳкам бошад унвон он тараф истад, ҳатто ягон ифтихорнома ё нишони хурди сарисинагӣ надошт.

Ҳунарпеша нақл кард, ки солҳое, ки Мительман саркоргардони театри Лоҳутӣ буду Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов нақши Ленинро дар намоишҳо иҷро мекард, ин актёр муддате бемор гардида ба кор набаромад. Он гоҳ Мительман бо шитоб маро ба сифати дублёри Аслӣ Бурҳонов тайёр кардан гирифт.

Ў медонист, ки Аслӣ Бурҳонов намехоҳад, ки боз ягон актёр нақши Ленинро офарад. Ба ин сабаб ману Митльман дар вақти тамоман аз одам холи будани театр тамрин мекардем. Баъди як ҳафтаи тамрин ман пурра ин нақшро аз бар кардам. Мительман бошад на танҳо ба Аслӣ Бурҳонови баланддимоғ, балки ба дигар нотавонбинони худаш дар ин театр ба онҳо ҳунар омўзонда исбот карда тавонист, ки агар коргардон устои забардаст бошад, аз чун ман барин «масхарабозҳо» низ Ленин сохта метавонад. Аммо дар охирин рўзи тамрин ба ногоҳ дар толори холӣ Аслӣ Бурҳонов пайдо шуд.

Ў ба сари Мительман дод зад, ки «ҳўй ҷуҳут, очаи зоратро нишон медиҳам!»

Баъд ба Кумитаи Марказӣ рафта гуфтааст, ки Мительман ба иҷрои нақши доҳӣ ба ҷои ман як актёри масхарабозро тайёр кардааст? Магар ў обрўи доҳиро рехтан мехоҳад?

Аз Кумитаи Марказӣ фармон доданд, ки Мительман ба чунин кори сиёсии хатарнок даст назанад. Ҳамин тавр ман боз дар нақшҳои дуввуму саввумдараҷа мондам. Театри Лоҳутиро Мительман театр кард, ба он ҷон бахшид, аммо баъзе ходимони театр ўро бо чунин дасисаҳо зиқ карда куштанд.

Боре Қутбӣ Киром бо Маҳкам Ҳоҷиқулов шикоят мекунад, ки ҳукуматдорон шоирро бояду шояд қадр намекунанд.

Маҳкам мегўяд: - Қутбӣ! Агар рўзе аз осмон ҳазорҳо тангаи зар биборад, доманатро калон кушода битозӣ, ягонтаро дарёб намекунӣ. Агар худо накарда аз осмон як дона хода биафтад ҳам ба оқиби ту медарояду ҳам ба оқиби ман!

Ин ҷо калимаи «хода»-ро иваз кардам, чун аз они Маҳкам ношаръӣ буд.

Қутбӣ Киром дар охири умр қадршиносиро дид, аммо Маҳкам Ҳоҷиқулов надид.

Ў медонист, ки ҳеҷ гоҳ ба қадри ҳунарпешаи мазҳака, ки бо шўхӣ худ низ «масхарабоз» меномид, намерасанд.

Ба ин сабаб мекўшид, ки ин қадршиносиҳоро аз дигар тараф ҷуброн кунад ва барои худ ҳар рўз ягон дилхушӣ пайдо намояд. Гоҳ-гоҳ дўсташ раҳматӣ Тоҷиддин Муҳиддинов ўро ба базму тўйҳо бо худ мебурд, ки чор танга биёбаду зиқ нашавад. Аммо афсўс, ки умри Тоҷиддин кўтоҳ будаасту ў боз танҳо монд.

Мана қариб бист сол аст, ки кишвар соҳибистиқлол аст. Дари ҳама имкониятҳо ба ҳунарпешаҳои ҳаҷвнигор боз аст. Аммо ин ҳаҷви бе дандон ба кӣ даркор?

Ку он ҳунарпешаҳои соҳаи мазҳака, ки тавонанд ниқоб аз рўи ҳаромхўрҳои навбаромад бардоранд? Донишкадаи санъат ин даҳсолаҳои зиёд чӣ қадар кадрҳои нав дод. Ку Маҳкам Ҳоҷиқуловҳои нав?

Эҳтимол ҷони гап дар дигар ҷой будагист, масалан дар истеъдоди худодод ва виҷдони ҳунарпеша.

Яъне ҳунарпешаи имрўз ба кӣ хизмат мекунад: ба халқ ё касоне, ки аз ҳисоби ин халқ сарвати ҳангуфт ба даст меоранд?

воскресенье, 18 апреля 2010 г.

Оид ба як шеъри Муҳаммад Ғоиб

Дирўз рўзноманигори самарқандӣ Шўҳрати Ҳусейн ба хонаи камина сар халонд ва шумораи 3 октябри соли 1989-и ҳафтаномаи «Омўзгор»-ро ба дастам дода гуфт: - Оё медонед, ки дар ин газета як шеър дар васфи шумо чоп шудааст?

Намедонистаам. Аз ин ноогоҳиям шарм доштам.

Ва ба Муҳаммад Ғоиби мўҳтарам дер бошад ҳам арзи сипос мекунам.

Ин шеър як таассуроти хоси ўст оиди ҳолати камина дар он замон.

Агар хонандаи Герби шердор ҳама навиштаҳои дар ин блог гузоштаи каминаро бихонад, хоҳад дарёфт, ки тасаввуроти шоир қисман рост аст ё тамоман.

Оё дар ин бист соли охир дигар шудаам ё ҳамонаму ҳамон?

ДИЛИ УФТОДА

Барои Адаш ИСТАД

Дар сари дуроҳа лол истодааст,
Гўшае афтода монанди дил аст.
Аз ғами ин дил зи тан резад дилаш,
Дорад ў дарде, ки дармон мушкил аст.

Ин мусофир дар сари дуроҳа аст,
Он яке роҳи наву дигар куҳан.
Як ишоратраҳ барии дуроҳа аст,
Ёфтан мушкил аз он роҳи Ватан…

Дар сари дуроҳа лол истодааст,
Дар назар мисли ғарибафтода аст.
Бори ғамҳои гарон бар дўши ўст,
Мўҳри ғамҳояш – лаби хомўши ўст.

Дар Самарқанду Бухорои азиз
Дида кам нақши азизонро ба чашм,
Бар сари худ не, хаёлам мезанад
Бар сари даврони беғам мушти хашм.

Буд девори Самарқанду Бухор
Як замон фарҳанг, ин дам сангҳост.
Гўиё ки дар ҷабини ў фақат
Чун ҳуруфи форсӣ ожангҳост.

Худ ба худ гўяд, ки доғи мондаро
Оби дарёи Зарафшон ҳам нашуст.
Эй Бухоро, хоки шоирхези мо,
Шоире дигар зи хоки ту наруст.

Тарҳи роҳ месозаду хат мекашад,
Хат ба гирди марзи қисмат мекашад.
Ў хаёлан сўи хоки ошно
Дўшбори нанги миллат мекашад.

Меравад сўи Бухорои Шариф
Гар Зарафшон дар лабу дил оҳу доғ.
Аз Самарқанд ў Зарафшон омадаст,
Ҳамзабонони парешонро суроғ…

Муҳаммад ҒОИБ

среда, 7 апреля 2010 г.

Тафовути бостоншаҳрӣ аз музофотӣ

Дастоварҳои бузурги ҳунари гачкорӣ, кандакорӣ ва наққошии миллӣ дар ёдгориҳои Самарқанду Бухоро муҷассаманд. Устоҳои ин шаҳрҳо дастовардҳои насли зиёди ҳунармандони бузург дар тўли зиёда аз ҳазор сол ба вуҷуд овардаро меъёрҳои олӣ ва намунаи ибрат қарор додаанд. Нақшҳои ёдгориҳои меъмории ин шаҳрҳо бо нафосати хос ва майдакорӣ аз корҳои устоҳои музофотии Тоҷикистон фарқ мекунанд.

Устоҳои ин ҳунарҳои миллии Тоҷикистон ба сабаби дурӣ аз марказҳои бостонӣ – Самарқанду Бухоро услуби хоси маҳаллиро ба вуҷуд овардаанд, ки метавон музофотӣ ном бурд.

Услубҳои асосии наққошӣ, гачкорӣ ва кандакорӣ дар Самарқанду Бухоро шакли комили худро пайдо карда бошанд ҳам то миёнаҳои қарни бистум услуби Бухоро аз услуби Самарқанд бо нафосату назокати бештар ва мураккабӣ фарқ мекард. Солҳои чилуми асри гузашта дар Самарқанд Академияи ҳунармандии миллӣ таъсис ёфт ва аз устодони бузурги ҳунарманди Бухоро Академик усто Ширин Муродов ба Самарқанд омада дар ин академия машғулотҳо гузаронид. Сипас дар Самарқанд низ услуби мураккаб ва комилтари гачкорию наққошию кандакорӣ ҷорӣ шуд. Услуби «гул андар гул» ва корбасти пардозҳои гуногун болои як нақш дар Самарқанд низ густариш ёфт.

Оиди осори онон корҳои илмӣ ба нашр расидаанд. Олимон мақтаъи мунҳадам - «золотое сечение»-и корҳои онҳоро ситоиш мекарданд.

Фарқи ҳунармандии бухороӣ аз ҳунармандии тоҷикистонӣ соддатар карда бигўем, мисли фарқи Шашмақом ва сурудҳои мардумист.

Ҳар як вижагӣ, нафосати хосе дорад ва ҳар ду низ барои мо азизанд. Аммо мураккабӣ ва авҷҳое, ки дар Шашмақом ҳаст, хоси сурудҳои фолклорӣ нест. Дар наққошию гачкорию кандакории байни шаҳрҳои бостонӣ ва музофоти низ чунин фарқият мушоҳида мешавад, аммо кам касон аз он огоҳанд.

Ба ин сабаб дар сохтмони як иморат корбасти услубҳои музофотию ҳам бостоншаҳриро мебинем, ки ҳамоҳангии комилро инкор мекунанд.

Зиёда аз ин устоҳои услуби музофотӣ аз устоҳои услуби бостоншаҳрӣ чизеро омўхтан намехоҳанд ва ҳатто бо эродҳои беҷои худ онҳоро нороҳат мекунанд. Дар теъдод музофотиён зиёданд ва сармеъмору корфармоён аз ақрабои онҳост. Сармеъмор аз боло супориш мегирад, ки дар як мўҳлати танг, масалан шаш моҳ ё як сол иморатро сохта ба истифода диҳад.

Вай низ мехоҳад, ки ҳама нақшҳо ба услуби бухороӣ яъне бостоншаҳрӣ бошанд, аммо дар ин мўҳлати кўтоҳ ин корҳоро анҷом додан имконпазир нест.

Устои кандакори бостоншаҳрӣ болои як дари кандакорӣ агар хоҳад, ки бо сифати аъло бисозад, шаш моҳ кор мекунад. Аз ин дарҳо дар як иморат камаш даҳ- дувоздаҳто даркор. Ана баъд сар мешавад ба қавле «давай-давай, шуруй-шуруй». Зеро бахилӣ, ҳисси ба устоҳои музофотии худ бештар имтиёз додан имкон намедиҳад, ки устоҳои дигари услуби ботоншаҳриро даъват кунанд.

Сипас ба чиниҳо муроҷиат мекунанд. Ва хитоӣ бо дастгоҳи мошинӣ даре, ки устои бостоншаҳрӣ дар ним сол меофарад, дар як моҳ сохта медиҳад ва хеле арзонтар низ будааст.

Ман он дари кандакориро дидам. Ҳама нақшу нигорҳо миллианд, аммо аз ҳафт хели пардози нозуки нақши миллӣ ҳатто яке нест ва аз ҳама бадтар ин аст, ки ҳусни хати вижаи устои эҷодкор аз байн рафтааст.

Заррае ҳам гармии дили эҷодкорро дар ин гуна корҳо ҳис намекунед. Агар дар Шашмақом бе авҷ шашмақом нест, нақши миллӣ бе пардозҳои махсуси худ, нақши мумтоз нест.

Минбаъд кор ба ҳамин тарз биравад, барои Тоҷикистон эҳёи суннатҳои кандакорӣ, гачкорӣ ва наққошии меъмории миллӣ танҳо хобу хаёл хоҳад буд.

Дар пешорўи меъмории миллии Тоҷикистон ин суол ҳамчунон қад барафрохтааст: Будан ё набудан?

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба услуби миллӣ иморатҳои бисёре тазйин шуданд. Ҳунармандони гачкору наққошу кандакор хеле заҳматҳо кашиданд. Дар замони шўравӣ барои кор танҳо дар яке аз чунин қасрҳо устоҳои ҳунармандии миллӣ соҳиби унвонҳои хеле олӣ ва мукофотҳои давлатӣ мегардиданд.

Оиди кори онҳо адибону рўзноманигорон бисёр менавиштанд, филмҳо меофариданд. Ҳоло бошад оиди ин корҳои аҷиб шўъбаи торихи ҳунари Пажўҳишгоҳи торих ва мардумшиносӣ ақалан як мақола нашр накардааст. Ҳол он ки омўзишу тадқиқи чунин корҳоро ҳамин шўъба бар ўҳда дорад.

Дирўз дар кўчаи шаҳр як устои забардасти бостоншаҳрриро дучор шудам. Пурсидам:
- Чанд сол боз наменамоед?
- Чанд сол дар Туркия кор кардам, панҷ сол дар Қазоқистон, - гуфт ў. - Омадам, ки дар Ватан кор нест. Боз маро ба Қазоқистон даъват карданд. Маҷбурем, ки биравем ва кишварҳои дигарро обод кунем.

Аз телевизиони Тоҷикистон баъзан сурудхонии касеро дар назди сутунҳои ғафси шикамаш дегӣ намоиш медиҳанд (шакли мавзунтари сутун шиками тухумӣ дорад). «Суруд фолклорӣ, шиками сароянда ҳам хеле ба чунин сутун ҳамоҳанг будааст» мегўям ба худ.

Камина муқобили ҳунари кандакории музофотӣ нест. Ҳама чиз дар мақоми худаш зебост, агар ҳамоҳангӣ ва таносуб риоя шавад.

суббота, 27 февраля 2010 г.

Сабаби торихии оқибмонии миллӣ

Сабабиҳои асосии оқибмонии миллии мо эҳтимол зиёданд. Аммо як сабаби асосӣ камэътиборӣ ба илму фарҳанг аст.

Дар замони Реннесанси сомонӣ Ибни Сино кўшиши зиёде ба харҷ дод, ки илмҳои барои пешрафти ҳаёти ҷомеа заруриро гирд оварад ва ривоҷи бештаре диҳад. Яъне ҳамон кореро кард, ки Ломоносов барои пешрафти Русия намуд.

Соли таввалуди Бўалӣ соли 980-и мелодист, соли таввалуди Ломоносов – 1765. Фарқ қариб ҳашсад сол. Яъне агар мардуми мо ба навиштаҳои Ибни Сино ба дараҷаи кофӣ эътибор медоданд, мо имрўз Русияро ҳашсад сол оқиб гузошта будем.

Бубинед, ки Ломоносов чиҳо кард, гарчанде ҳокимони давр дар академияи улуми Русия сарваронро аз хориҷиён таъин намуда ўро ба корҳои роҳбарӣ роҳ намедоданд. Ногуфта намонад, ки Сино низ дар симои ягон ҳоким ҳамфикре надошт ва ба ин сабаб тамоми умр дар ба дару дар ғарибӣ зиндагӣ мекард.

Ломоносов асарҳои бадеӣ низ навиштааст. Асарҳои зиёди бадеии ў мазмуни динию дунявӣ доранд. Ва дар як қасидаи дар мавзўи динӣ навиштааш, ки «Эй он ки дар бадбахтӣ худоро гунаҳкор мекунӣ» Ломоносов таъкид меварзад, ки худо ба ҳама ноомади корҳои инсон сабабгор нест, одам бояд созандаи зиндагии худ бошад. Барои Ломоносов Пётри якум ҳамчун ислоҳотгар хеле арзиши волое дошт ва ў манзумаи «Пётри кабир»-ро навиштааст.

То Ломоносов шоирони рус дар вазни шеъри лаҳистонӣ-силлобӣ эҷод мекарданд, Ломоносов вазни ба мусиқии забони русӣ хоси ҳиҷоиро ҷорӣ намуд. Ва баъд оид ба қавоиди эҷоди шеъри русӣ мақолаеро таълиф кард.

Як номаи манзуми Ломоносов ба сарвазир Шувалов «Нома оиди фоидаи шиша» ном дорад. Ломоносов низ нисбат ба назм он тавр рафтор кардааст, ки Ибни Сино карда буд, яъне Бўалӣ низ оиди вазни арўз рисолае навишта ба таҳкими мусиқии табии забони тоҷикӣ бо истифода аз арўз дар шеър хидмат кардааст. Дар рубоиёти Сино бошад, мо ба ҳам омадани андешаи илмӣ ва тахайюли бадеиро мушоҳида мекунем.

Ломоносов ба мисли Бўалӣ дар рисолаҳои илмӣ мавзўъ ва масъалаҳоеро баррасӣ кардааст, ки барои пешрафти кишвараш зарур буданд. Масалан «Гуфтор оиди кимё», «Гуфтор оиди ҳодисаҳои фазоӣ, ки аз нерўи барқӣ ҳосил мешаванд», «Гуфтор оиди пайдоиши нур ва назарияи пайдоиши рангҳо». Ломоносов оиди фулузот, оиди дар баҳр муайян кардани ҷои киштӣ низ рисолаҳо навиштааст. Асарҳои ў барои пасовандон дастуре мегардид ва асари Д.Менделеев оиди маҳлулҳо давоми як рисолаи Ломоносов мебошад.

Ба ғайри ин Ломоносов оиди илми нуҷум чанд рисола навишта бо рисолаи «Андешаҳо оиди афзоиши нуфус ва ҳифзи мардуми Русия» ҳамчун ватандўсти бузург ба майдон баромад. Дар замоне, ки дар Русия забони фаронсавӣ забони аъёну ашраф гардида донишмандони хориҷии дар Академия мақомҳои асосиро ишғол карда забони русиро писанд намекарданд, Ломоносов доир ба грамматика рисола навишта имконоти бузурги забони русиро исбот мекунад. Ҳамин гуна корро яъне бо таълифи рисолаи фалсафии хеш ба забони модарии худ – форси тоҷикӣ Сино низ нисбати забони мардуми худ кардааст.

Агар Сино оиди ахлоқ навишта бошад, Ломоносов низ бо мақсади ислоҳи ахлоқи нописанди мардуми Русия хомаронӣ кардааст. Оё дар масъалаи ислоҳи ахлоқи мардум Ломоносов ба мисли Сино назарияи ташаккули инсони комилро пешниҳод карда тавонистааст ё не, намедонам. Ин ҷо мо дар ин масъала бо идомаи суннатҳои мактаби митроӣ рў ба рў мешавем.

Мавзўи ташаккули инсони комилро дар асарҳои оид ба ахлоқ навиштаи худ донишманди эронӣ Ибни Маскавейҳ густариш медиҳад ва Ибни Сино то кадом дараҷа онро такмил додааст танҳо аз рўи асарҳои бадеии доири ин мавзўъ навишташуда пай метавон бурд, чун ин асари Сино то ба имрўз нарасидааст. Аммо дар асарҳои дигари Сино ишора ба он метавон ёфт.

Тавсияи Ломоносовро оиди услубҳои гуногун истифода намуда Карамзин «Таърихи давлати Русия»-ро ба услуби «баланд» навишта комёб гардид. Яъне русҳо, гачанд ба дараҷаи зарурӣ Ломоносовро дар замони зинда буданаш қадршиносӣ накарда бошанд ҳам асарҳои ўро дастурамали худ қарор дода ба пешрафти фикрӣ ва кишвардорӣ ноил гардиданд.

Мардуми мо бошад ба ғайри «Ал-қонун»-у асарҳои оиди тиб навиштаи Сино ба дигар асаҳояш кам эътибор додаанд. Муносибати душманонаи Ғазолӣ нисбати асарҳои Сино таассуби диниро барафрўхт ва баъди Умари Хайём касе пайдо нашуд, ки идомагари корҳои ў бошад.

Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» хидмати Синоро ин тавр баён мекунад:
«Асари энсиклопедии Ибни Сино «Китоб-ум-шифо», ки дар хусуси мантиқ, табиатшиносӣ, метафизика ва риёзиёт баҳс менамояд ва «Донишнома», ки ба забони тоҷикӣ навишта шуда, масъалаҳои оид ба мантиқ, илми табиат, фалсафа, риёзиёт ва нуҷумро дар бар мегирад, дар қатори «Ал-қонун» ва дигар асарҳои ў, аз беҳтарин ёдгориҳои афкори пешқадами асримиёнагии қарнҳои X-XI ба шумор меравад.»

Акнун биравед ва аз асарҳои устод Айнӣ ва дигарон он ҷое, ки оиди мадрасаҳои Бухоро сухан меравад, биҷўед, ки дар кадоми онҳо кадом асари Синоро меомўхтанд?

Шоҳ агар одил набошад, яъне золим бошад, халқ ҳақ дорад исён кунад ва чунин ҳокимро сарнагун намояд, - мегуфт Бўалӣ. То ў ҳама шоҳро сояи худо дар рўи замин меҳисобиданд. Чунин ақидаҳои Сино боиси он гардид, ки дар ҳазор соли баъди ў ҳокимони давр низ ба таълими асарҳояш дар мадрасаҳо роҳ намедоданд.

Бўалӣ мартабаи адлу инсофро аз шоҳ (сояи худо) болотар гузошт ва касе натавонист ин ҳукми ўро инкор намояд.

Дораи як мақолаи хурд имкон намедиҳад, ки оиди монандиҳои зиёди фаолияти Сино ва Ломоносов сухан пеш оварам. Бовар дорам, ки идомаи онро хонандаи закӣ худ анҷом дода метавонад.

понедельник, 22 февраля 2010 г.

Мюнҳавзенҳои Вазорати маориф

Оиди зарурати ислоҳоти куллии маорифи Тоҷикистон қариб даҳ мақола навиштам. Аз байн рўзҳои зиёде гузаштанд.

Ҳама хомўш. Садое нест.

Сипас аз як шоносам хоҳиш кардам, ки ба Вазорати маориф саре бизанад ва бифаҳмад, ки дар сари ягон мансабдори ин идораи муҳимтарини ҳукумат, ки ояндаи миллат ба он вобаста мебошад, андешаи ислоҳот ҳаст ё нест.

Он рафиқ иттилоъ дод, ки на танҳо андешаи ислоҳот нест, балки ҳар касеро, ки аз ислоҳот даҳон кушояд, унсури бегонапараст меҳисобанд. Боварам наомад, ки дар ин вазоратхона, ки роҳбараш таҷрибаю маҳорати зиёди кори роҳбарӣ дорад, чунин бошад. Худи вазир мавҷудияти муаммоҳои зиёди маорифро боре ҳам инкор накардааст.

Аммо, чунон ки аз барномаҳои телевизионӣ мушоҳида мекунам, кормандони ин вазоратхона ҳангоми таҳлилу баррасии масъалаҳои маориф он қадар ҳарф мезананд, ки муаммоҳо зиёд нестанд ва ҳалли онҳо низ осон аст.

Масалан дар боби ислоҳоти мактаби олӣ гуфта шуд, ки бо гузаштан ба усули кредитӣ мактабҳои олӣ ба сатҳи Кембриҷу Гарвард мерасанд.

Имкони ҳама вақт дидани барномаҳои телевизионро надорам. Ҳафтае пеш телевизорро гирондам, ки боз як масъули Вазорати маориф сухан мекунад. Охири барнома будааст. Ин масъули вазорат дар даст ҷадвале дошт ва исбот кардан мехост, ки мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон дар боби барномаи таълими аз мактабҳои кишварҳои пешрафтаи хориҷа фарқе надоранд. Ҳарчизе ки дар онҳо ҳаст, дар мактабҳои мо низ ҳаст – чунин буд хулосаи ин масъули маориф дар ниҳояти барномаи телевизионӣ.

«Ман ба даҳ кишвари Ғарб сафар карда мактабҳои онҳоро дида омадам. Ҳамон чизҳое, ки мактаббачаҳои мо меомўзанд, онҳо низ меомўзанд», - гуфт он масъули вазорат.

Мехоҳам аз чунин масъулони вазорат бипурсам: Магар дар он мактабҳои хориҷие, ки шумо рафта дидаед, ба педагогикаи Коменский амал мекунанд ё Монтессори ва Френе? Магар дар мактабҳои Тоҷикистон усули финландии таълим то соати 16 ҷорӣ шудааст? Магар аз туалет сар карда то ошхонаи мактабро ба тарзи аврупоӣ сохтаед?

Камина аз пешрафти Тоҷикистон шод мешавам, агар ягон падидаи онро шунавам ё аз ТВ бубинам.

Дар як вохўрӣ бо раиси ҷумҳур чанд соҳибкор изҳор карданд, ки дар қишлоқҳояшон бо пули худ биноҳои нави мактабҳоро сохтаанд. Ба ёд оред, ки даҳ-понздаҳ сол пеш чунин суханҳоро умуман намешунидед. Яъне соҳибкорон ба он дараҷаи пешрафти фикрӣ расидаанд, ки медонанд: пешрафти иқтисодӣ бе мактаби пешрафта ғайриимкон аст.

Аммо ба чунин соҳибкорон бояд фаҳмон, ки мактабҳои намунавӣ бисозанд. Яъне лоиҳаи ягон мактаби финландиро гиранду бисозанд ва бигўянд: Ҳар як мактаби мо бояд чунин бошад.

Яке аз дурўғҳои достони Барон Мюнҳавзон ин буд, ки дар муҳориба нисфи аспашро буридаанд ва ў савори нисфи пеши асп баъди чанд вақти тўлонӣ ҳине ки асп об менўшаду об дар шикамаш наистода ба замин мерехт инро дидааст.

Агар соатҳои дарсии мактаби финландиро ба мисоли аспи бутун бигўем, пас мактаби тоҷикӣ нисфи аспро дорад.

Масъули маориф бошад пофишорӣ мекунад, ки нисфи асп низ аспи бутун аст.

среда, 27 января 2010 г.

Филми мустанади тоҷик дар мақоми аввал буд

Филми мустанади тоҷикие, ки Давлат Худоназаров, Бақо Содиқов ва Сафарбек Солеҳов солҳои 80-уму 90-ум эҷод карда буданд, кинодокументалистикаи тоҷикро дар ҷаҳон ба мақоми аввал бароварда буданд, - гуфт дар сӯҳбати телефонӣ ба камина киношиноси тоҷик Ато Аҳроров.

Камина ин сухани эшонро ҳамчун тасҳеҳ ба мақолаи аз ин пеш навиштаам пазируфтам, чун мисли ин мутахасис имкони муқоисаи асарҳои устодони номбурдаи синаморо бо осори дигар кинодокументалистҳои хориҷӣ надоштам.

четверг, 21 января 2010 г.

Масхараамон карданду дашном низ садо дод, аммо худ ба хулосае омадем?

Ба фикрам дар чунин мавридҳо аз чунин рўйдодҳо хулоса ва қарорҳои дуруст бароварда тавонистан муҳим аст. Дар мавриди мардикорони тоҷикро масхара кардани Галустян эътирозҳои ҷидди аз ҷониби блогнависон нависта шуданд, аммо худи мо бояд чӣ кор кунем, ба натиҷае нарасидем.

Дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон он ҳаҷву мутоибае, ки дар шабакаҳои телевизиони Русия вомехўранд, ба назар намерасад.

Яъне мо дар ин бобат альтернатива надорем. Ба ин сабаб ягон ҳаҷвнигор ё актёри соҳаи ҳаҷви мо дар телевизиони Русия ҳунарнамоӣ карда наметавонад. Агар чунин шахсияти ҳунарӣ медоштем, ба мисли Обид Асомови ўзбек (дар «Кривое зеркало») мардикоронамонро ҳаҷв кунад, ба мо алам намекард.

Дар боби филми мустанад низ хеле оқиб мондаем. Ва ба муқобили чунин филмҳо аз қабили «Проклятие Тамерлана» асари беҳтаре ба навор гирифта пешниҳод карда наметавонем. Агар дар соҳаи эҷоду истеҳсоли филмҳои бадеӣ пешқадам нестем, сабабаш маълум – имконияти молиявии ҷумҳурӣ кам аст.

Аммо хароҷоти филмҳои мустанад даҳяки хароҷоти филми бадеист ва дар ин соҳа агар қафо бимонем, вазъи молиявиро сабаб нишон дода наметавонем. Ин падида ошкор кард, ки ҳатто дар бораи шаҳсутуни фарҳангамон устод Айнӣ филми мустанади ҷавобгўй талаботи замони муосир надорем.

Агар чунин филми бисёрқисмаи мустанад медоштему он ҷо оиди хидмати устод Айнӣ дар кашфи асрори Гўри Мир низ сухан мерафт ва асли воқеаро аз забони шоҳиди бевоситаи воқеа Камол Айнӣ мешунидем, эҷодкорони филми «Проклятие Тамерлана» ҷуръат намекарданд, ки он суханҳои ҳақоратомези Малик Қаюмови раҳматиро дар филмашон ҷой диҳанд.

Хулоса ба қавли файласуфон айбро пеш аз ҳама аз худ бояд ҷуст.

Яъне барои ривоҷи эҷоду истеҳсоли филмҳои мустанад дар Тоҷикистон як студияи алоҳида таъсис дода барои фаъолияти густардаи он ҳукумат бояд маблағро дареғ надорад. Зеро сохтори мавҷуда аз ўҳдаи ин кор набаромад.

Дар замони шўравӣ ва солҳои авали истиқлол ба сурат гирифтани филми мустанад дар навори синамоӣ душвориҳои зиёде дошт. Бо эҷоду истеҳсоли дастгоҳи наворгирии забти рақамӣ ин душвориҳо аз байн рафтааст. Ҳоло баъзе ҷавонони эҷодкори тоҷик дар донишкадаҳои синамоии хориҷӣ асрори ин ҳунарро омўхтаанд ва барои кору зиндагии онҳо дар ҷумҳурӣ шароити мусоид бояд фароҳам овард.

Эътибор ба ин соҳа талаботи замон аст. Бубинед чандто шабакаи тоҷикии телевизионӣ ҳаст. Ҳамаи онҳо бояд студияҳои нерўманди эҷоди филмҳои мустанадро дошта бошанд. Аммо онҳо дар чанд соли охир ягонто ҳам филми хуби мустанад ба навор нагирифтаанд.

Аҳамияти бузурги синаморо дар ҷомеа бештар аз ҳама коммунистҳо фаҳмида буданд. Онҳо сухани доҳии худ – «Синамо беҳтарини ҳунарҳост барои мо»-ро шиори худ қарор дода буданд. Синамо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ боло бардошта шуда буд.

Маблағи асосиро аз буҷа асосан барои «Мосфильм»-у «Ленфильм» ҷудо мекарданду барои синамои ҷумҳуриҳои дигар маблағи камеро медоданд. Бо вуҷуди ин гурҷиҳо тибқи маблағи кам амал карда дар тавлиди филмҳои бадеии кўтоҳ хеле пеш рафтанд ва фарҳанги бузурги мардуми худро ба ҷаҳониён шиносонда тавонистанд. Мо бошем бо экраникунонии баъзе достонҳои «Шоҳнома»-ву повести «Марги судхур» пешрафте низ доштаем.

Солҳои ҳаштоду наввадум бо оғози ошкорбаёнӣ барои пешрафти кинои мустанади тоҷик дарвозаи имкониятҳо каме боз гардид. Коргардон Давлат Худоназаров, ки аз ин пеш филми мустанади «Алла»-ро оиди рўзгори деҳотиёни Бадахшон ба навор гирифта буду ин асари ў қадршиносӣ нагардида буд, аз ин имконият истифода карда филмҳои «Таввалуд», «Летчик» ва «Устод» (Лоҳутӣ)-ро офарид. Бақо Содиқов филми машҳри худ «Адониси 14»-ро ба навор гирифт. Баъд оиди мактаб «Таърихи як ҳодисаро» низ. Сафарбек Солеҳов бо филми «Кобус» исбот кард, ки дар байни фалсафаи зиндагӣ аз Д.Худоназаров ва Б.Содиқов кам нест. Ҳамаи ин асарҳо аз рўйдодҳои фарахбахшу бузурги фарҳангӣ буданд.

Баъд боз дидем, ки филмҳои мустанади В.Фомин бо заминаи миллӣ ва ифшои муаммоҳои зиндагӣ чеҳраи хоси ўро муайян карданд. Яъне ин устодони синамои тоҷик як равияи хоси фалсафию публисистиро дар филмбардорӣ ба вуҷуд оварданд, усулҳои муассири тасвири бадеиро дар филми мустанад татбиқ намуданд. Ин равия инкишоф наёфта монд.

Вале ин таҷрибаи ҷамъшуда имрўз имкон медиҳад, ки эҷодкорони ҷавони филмҳои мустанад анъанаи устодони ин соҳаро идома дода филми мустанади тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардоранд.