понедельник, 22 февраля 2010 г.

Мюнҳавзенҳои Вазорати маориф

Оиди зарурати ислоҳоти куллии маорифи Тоҷикистон қариб даҳ мақола навиштам. Аз байн рўзҳои зиёде гузаштанд.

Ҳама хомўш. Садое нест.

Сипас аз як шоносам хоҳиш кардам, ки ба Вазорати маориф саре бизанад ва бифаҳмад, ки дар сари ягон мансабдори ин идораи муҳимтарини ҳукумат, ки ояндаи миллат ба он вобаста мебошад, андешаи ислоҳот ҳаст ё нест.

Он рафиқ иттилоъ дод, ки на танҳо андешаи ислоҳот нест, балки ҳар касеро, ки аз ислоҳот даҳон кушояд, унсури бегонапараст меҳисобанд. Боварам наомад, ки дар ин вазоратхона, ки роҳбараш таҷрибаю маҳорати зиёди кори роҳбарӣ дорад, чунин бошад. Худи вазир мавҷудияти муаммоҳои зиёди маорифро боре ҳам инкор накардааст.

Аммо, чунон ки аз барномаҳои телевизионӣ мушоҳида мекунам, кормандони ин вазоратхона ҳангоми таҳлилу баррасии масъалаҳои маориф он қадар ҳарф мезананд, ки муаммоҳо зиёд нестанд ва ҳалли онҳо низ осон аст.

Масалан дар боби ислоҳоти мактаби олӣ гуфта шуд, ки бо гузаштан ба усули кредитӣ мактабҳои олӣ ба сатҳи Кембриҷу Гарвард мерасанд.

Имкони ҳама вақт дидани барномаҳои телевизионро надорам. Ҳафтае пеш телевизорро гирондам, ки боз як масъули Вазорати маориф сухан мекунад. Охири барнома будааст. Ин масъули вазорат дар даст ҷадвале дошт ва исбот кардан мехост, ки мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон дар боби барномаи таълими аз мактабҳои кишварҳои пешрафтаи хориҷа фарқе надоранд. Ҳарчизе ки дар онҳо ҳаст, дар мактабҳои мо низ ҳаст – чунин буд хулосаи ин масъули маориф дар ниҳояти барномаи телевизионӣ.

«Ман ба даҳ кишвари Ғарб сафар карда мактабҳои онҳоро дида омадам. Ҳамон чизҳое, ки мактаббачаҳои мо меомўзанд, онҳо низ меомўзанд», - гуфт он масъули вазорат.

Мехоҳам аз чунин масъулони вазорат бипурсам: Магар дар он мактабҳои хориҷие, ки шумо рафта дидаед, ба педагогикаи Коменский амал мекунанд ё Монтессори ва Френе? Магар дар мактабҳои Тоҷикистон усули финландии таълим то соати 16 ҷорӣ шудааст? Магар аз туалет сар карда то ошхонаи мактабро ба тарзи аврупоӣ сохтаед?

Камина аз пешрафти Тоҷикистон шод мешавам, агар ягон падидаи онро шунавам ё аз ТВ бубинам.

Дар як вохўрӣ бо раиси ҷумҳур чанд соҳибкор изҳор карданд, ки дар қишлоқҳояшон бо пули худ биноҳои нави мактабҳоро сохтаанд. Ба ёд оред, ки даҳ-понздаҳ сол пеш чунин суханҳоро умуман намешунидед. Яъне соҳибкорон ба он дараҷаи пешрафти фикрӣ расидаанд, ки медонанд: пешрафти иқтисодӣ бе мактаби пешрафта ғайриимкон аст.

Аммо ба чунин соҳибкорон бояд фаҳмон, ки мактабҳои намунавӣ бисозанд. Яъне лоиҳаи ягон мактаби финландиро гиранду бисозанд ва бигўянд: Ҳар як мактаби мо бояд чунин бошад.

Яке аз дурўғҳои достони Барон Мюнҳавзон ин буд, ки дар муҳориба нисфи аспашро буридаанд ва ў савори нисфи пеши асп баъди чанд вақти тўлонӣ ҳине ки асп об менўшаду об дар шикамаш наистода ба замин мерехт инро дидааст.

Агар соатҳои дарсии мактаби финландиро ба мисоли аспи бутун бигўем, пас мактаби тоҷикӣ нисфи аспро дорад.

Масъули маориф бошад пофишорӣ мекунад, ки нисфи асп низ аспи бутун аст.

2 комментария:

D комментирует...

Ба яке аз мушкилоти решаии ҷомеъа ишора кардаед, оқои Истад. Сипос. Ба ростӣ, аз ҳамон мактабу мадрасаҳост, ки пойбасти зеҳнияти ҷомеъаи мо шакл мегирад. Ва чун аз бахти бад ғолибан хишти аввалро каҷ мегузоранд, "то Сурайё меравад девор" ба ҳамон минвол.

Аз сӯи дигар, давлатҳои худкома ба ҳеч рӯй алоқаманд нестанд, ки биниши ҷомеъа васеътар аз ҷаҳонбинии кишвардорон бошад. Чун магар қарор нест, ки ҷомеъа сад дарсад мутеъашон бошад? Пас ба назари онҳо, ҳамон Коменскии нима-нимакора ҳам "барои тоҷико шудан мегирад."

Омӯзиши дуруст ҷомеъаи дурустро дар пай дорад. Аммо тарҳи омӯзиши дурустро як давлати дуруст мерезад.

MAHDI MEHREGAN комментирует...

DORUD
bisyor joleb bud
agar parsi balad hastid bi mo ham sar bezanid