среда, 7 января 2026 г.

Мафҳуми давлатдорӣ дар ҳувияти миллии тоҷикон

Аллома Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи давлатмеҳварӣ ақидаи хоси худро доранд. 

Оре давлат як воситаи ваҳдати миллӣ аст ва мардумони ҳавзаи форсизабон аз замонҳои қадим низоми давлатдории пешрафтаи дунёро ихтиро карда буданд. Ин низоми давлатдорӣ манофеи ҳамаи халқу қавмҳои қаламрави давлатиро дар назар дошт.

Ин низоми давлатдорӣ дар замони Ҳахоманишиҳо ба авҷи аъло расидааст. Яъне ба забони имрӯзаи мо императорӣ буд. Императорро шоҳаншоҳ мегуфтанд.Яъне шоҳи шоҳон. Давлатдории тоҷикон дар ҳама давру замон шоҳаншоҳӣ буд.Дар замони ҳукмронии сулолаҳои туркӣ низ ин намуди давлат буд, онро хонигарӣ меномиданд ё дигар ин ҳамон давлатдории иборат аз вазоратхонаҳои гуногуни Сомониён буд.

 Кулол об хӯрд дар мундӣ,

 Дар давлати охундӣ.

Ҳайфи Эрони озод,

Ки шуда охун ҷаллод.

Охунди салласиёҳ, 

Кард ҳоли мардум табоҳ.

Пули Эрон хазон шуд,

Мардумаш дилгазон шуд.

Дар хона намонд хӯриш, Мардум бинмуд шӯриш.

Мо бо туем, эй Эрон, 

Хони охунд бод вайрон!

ЧӢ ТАВР МИЛЛАТИ БУЗУРГРО ХУРД КАРДАНД?

То замони шӯравӣ мо тоҷикон миллати бузурги форсизабон будем. Болшевик омад ва ба мо гуфт: Ин забони ту нест. Забони ту тоҷикист. Форсӣ забони Эрон аст. Забони ту нест. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он гуфт ки ин хати форсӣ арабӣ аст, ин хати ту нест.Хатро иваз кун. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он болшевик боз гуфт ки ту ҳеҷ гоҳ шаҳр насохтаӣ,  Хуҷанд ва Конибодом низ азони ту нест.Бовар кардем, хӯҷаин вай буд.

Болшевик пойтахти онвақтаи тоҷик Бухорои Шарифро бомбаборон кард ва нисфи шаҳру аҳолӣ нобуд шуд. Болшевик гуфт, ки ин аҳолии Бухоро инқилоб кард. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он Қӯқандро қатли ом кард. Болшевик гуфт, ки ин дурӯғ аст.Бовар кардем, хӯҷаин вай буд

Пешвосозӣ

Агар ба таърихи мардуми эронитабор назар кунед, мебинед ки аз Куруши Кабир сар карда то замони шӯравӣ пешвосозӣ набуд. Гарчанде Куруши Кабир бо маншури ҳуқуқи башари худ дар ҷаҳон машҳур аст, ягон кас на атрофиёни чоплусаш на муаррихони ситоишгараш ӯро пешво нагуфтаанд. Аз сарварони давлат аз Бобоҷон Ғафуров донишмандтар роҳбари давлат набуд.Вале бо вуҷуди хизматҳои бузургаш касе ӯро пешво наномидааст.Дар як сӯҳбат Ҷалол Икромӣ ба Ғафуров гуфтаанд:-Иҷозат диҳед ки шуморо падари миллат гӯем.

НАМЕФАҲМАМ!

Баъди ду ҳафтаи марги фоҷиавии Қобилҷон мақолаҳои публисистӣ ва таҳлилиро дар интернет хонда ба чунин хулоса омадаам: 

Ман намефаҳмам ки тоҷик дар оянда чӣ бояд кунад. Масъалаи бекориро бо кадом роҳ бояд ҳал кунад?

Маълум шудан дорад ки минбаъд кор дар Русия ва дигар кишварҳо барои тоҷикон дарди сар хоҳад шуд. Ба сабабҳои гуногун. Масалан ба Русия сарозер шудани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Африқо ва ҷануби Осиё,  Афғонистон, Покистон ва ғайра.

Аз эҷодиёти даҳонии мардум

Бачагиям бо пунбачинҳо гузашт

Ва дар молпойиҳо домони дашт

Дарси мактаб таърихи як ҳизб буд 

Рост гӯям ин ҳизб не як кизб буд 

Тарзи кори он " тарсон!,"буд 

Халқ дар назди он ларзон буд 

Гар сухан аз қимати инсонӣ аст 

Он аз пунба ҳам арзон буд 

Гарчи Ленин кайҳо мурда буд 

Лек мардум то абад озурда буд 

Байрақи сурхаш ба хун олуда буд 

Зери зулмаш халқ бисёр нолида буд 

Шукри истиклол кунед эй дӯстон 

Мамлакат обод шавад чун бӯстон.

Аҳамияти афсонаҳои халқии тоҷикӣ дар шинохти фоҷиаи Қобилҷон

Афсонаҳоро мардуми тоҷик ҳамту барои дилхушии кӯдакон не, балки барои пешгирӣ аз хатарҳо, ки дар зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, эҷод кардааст.

Албатта ин хатарҳо дар ривоятҳои асотирии Шоҳнома низ тасвири нобиғавӣ ёфтаанд. Чунончи аз ин пеш навишта будам, тасвири рамзии фашизм дар воқеаи Заҳҳок. Ба морони Заҳҳок мағзи сари бачаҳою наврасон лозим, на калонсолон.

Акнун ба афсонаи халқи тоҷик Бузаки чингилапо аз нуқтаи назари рамзи асотирӣ назар кунед.

Дар ин афсона низ нерӯҳои Аҳриманӣ душмани бачаҳоянд. Бузаки чингилапо бачаҳои худро бе падар худ танхо парасторӣ мекунад. Маҷбур аст онҳоро дар хонааш танҳо гузошта худ барои овардани хӯрок ба ягон ҷойи дур равад. Душмани асосии ӯ Гург аз набудани модари бузичаҳо истифода бурда онҳоро мехӯрад.

Сарвари давлати бойтарин

Ҳалима бинти Яъқуб то соли 2023 шаш сол президенти Сингапур буд, ки мардуми он дар ҷаҳон сарватмандтарин аст.Ҳалима ба малайҳо қавми мусалмони камшумори Сингапур тааллуқ дорад. Ӯ пеш аз Президент шудан сарвари порлумони кишвар буд. Дар давлати демократӣ дар интихоби роҳбари давлат ӯ аз кадом қавм аст, эътибор намедиҳанд.Муҳим ин ки поквиҷдон ва хирадманд бошад.

Соли 2023 Ҳалима ба Ӯзбекистон сафари расмии давлатӣ дошт.

Ӯ ба Тошканд бо самолёти пассажиркашон ҳамроҳи одамони қаторӣ омад.Ба Самарқанд бо поезди умумӣ.  Яъне бо вуҷуди он ки сарвари давлати бойтарин аст , намехоҳад як сӯми халқро барои зиндагии бароҳати худ сарф кунад.

Вай бо ин амал дар байни мардуми Ӯзбекистон обрӯи баланд пайдо кард. Одамон дар ҳама ҷо мегуфтанд ки мана сардори давлат бояд чӣ гуна бошад.

Мо тоҷикон ба муҳити дурӯғин, ки замони шӯравӣ ба вуҷуд оварда буд, хӯ гирифтаем.

Худро ориёӣ мегӯему аз фарҳанги ориёӣ хабар надорем. Мусулмон мегӯему мусулмонӣ чист, намедонем. Худро миллати китобхон гуфта акси китобро ба герби Точикистон дароварда китоб намехонем.Мо мардуми шоиртабъ ва меросбари аҷдод гуфта хати ниёгон ва тақвими миллиро эҳё намекунем.

Мо уқобони кӯҳӣ гуфта дар кӯчаҳои Русия кӯчарӯбӣ мекунем. Нерӯгоҳҳои барқии обӣ сохта аз бебарқӣ шикоят мекунем. Сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣро наомӯхта депутат ва мансабдорони ҳукумат мешавем.

Истеъдоди фитрӣ надошта асари бадеӣ нависта узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешавем.Илми шаҳрсозӣ наомӯхта шаҳрсозӣ карда баъд шикоят мекунем ки барқу об кам шудааст ва кӯчаҳо аз мошинҳо тирбанду ҳаво ифлос.

Мо миллатем, ки нардбон насохтааст ва ба осмон баромадан мехоҳад.

Фирдавсӣ ва фоҷиаи Қобилҷон

! Ба қурбонии идеологияи фашистӣ ва миллатгаро муҷассамаи ёдгорӣ гузоштан низ мубориза аст. 

Нисфи мардуми Бухоро дар бомбаборон кардан , тамоми мардуми Қӯқанд аз ҷониби болшевикон кушта шуданд, режими Сталинӣ чӣ қадар гули сари сабади мардуми тоҷикро кушта мо як муҷассамаи ёдгорӣ намондем. Накардани ин корҳо, яъне муҷассамаҳои ёдгорӣ намондан маънои пазируфтани чунин кушторҳост.

Зардуштия низ идеология аст.Асоси онро мубориза бо бадӣ ташкил кардааст. Дар ислом ҷазо қисман дар ин дунё ва асосан дар охират дар он дунё.Дар зардуштия дар ин дунё бояд ҷазо дода шавад. Дар Шоҳнома ки андешаҳои Фирдавсӣ реша ба оини зардуштӣ дорад, Рустам доим бо нерӯҳои Аҳриман дар мубориза аст. Девҳо, Ашкбӯс, Заҳҳоки морон рамзҳои бадӣ аз ҷумла фашизманд.

Асоси ҳуввияти миллӣ чист?

Аз ин пеш навишта будам ки ҳуввияти миллии тоҷикон аз кадом бахшҳо иборатанд ва он аносири зиёд дорад. 

Аммо пешрафти миллат ба он вобаста аст ки мо кадом унсурро дар авлавият қарор додаем.

Дин, дониши фалсафӣ ,таърих ё забону адабиёту фарҳанг?

То замони шӯравӣ ҳуввияти миллӣ динмеҳвар ва адабиётмеҳвар буд. Бузургтарин алломаҳои дин ва аҳли тасаввуф форсизабон ва эронитабор буданд. Имом Абӯҳанифа, Имом Мотурудӣ, Имом Муҳаммад Бухорӣ, аз асосгузорони тариқат дар Варорӯд Абӯ Юсуф Ҳамадонӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдухолиқ Ғиждувонӣ, Хоҷа Аҳрор, Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ва дигарон.

ЯК КӮДАКЕ НАМУРД!...

Тоҷик баланд шуд 

              зидди фашизми Рус

чун Рустами Далер 

              бар зидди Ашкбӯс!


«Ман тоҷикам!» - гуфту 

          Қобил, ки ҷон бидод, 

Бар мардуми худ он

           панди замон бидод.

 Агар давре нест Айнизо

Агар давронест бе Мирзо 

Агар шеър нест маънозо 

Ва аз он нест ҳеҷ изо

Ҳуши маснуӣ хонад ин хунё 

Аҷаб нодор аст ин дунё.


Яке мир асту каллааш кӯдак

Яке пир асту каллааш пучак 

Яке соҳиби сарвати Қорун 

Яке бепул ва саргардун 

Ҳуши маснуӣ хонад ин хунё 

Аҷаб маккор аст ин дунё.



Яке бар арш рафт бе нардбон

Яке мансабдор шуд осон 

Яке алломаю сарсон

Даҳонҳо дӯхта бе ресмон 

Ҳуши маснуӣ хонад ин хунё 

Аҷаб ҷаббор аст ин дунё.


Яке дарёву мондааст бе об

Яке дар хоби ғафлатзо хоб

Яке дуздида кирмаки шабтоб 

Ва ӯ шуд гавҳари ноёб 

Ҳуши маснуӣ хонад ин хунё 

Аҷаб бемор аст ин дунё.


Яке шер асту дар амал рӯбоҳ 

Яке шоҳасту ақлкӯтоҳ

Яке шоир, вале маддоҳ

Яке абр аст пеши моҳ

Ҳуши маснуӣ хонад ин хунё 

Аҷаб беор аст ин дунё.


Подстрочный перевод автора


Если наш мир не рождает гения как Айни,

Если нет поэта настоящего как Мирзо

Если поэзия не рождает нового смысла 

И за это никому не стыдно 

ИИ споёт такую песню:

Мир стал беден как безжизненная пустыня 


Если один стал мером но умом ребенок 

Другой духовным учителем но голова пустая 

У одного скупца денег на полмира

Другой без денег бродяга и гостарбайтер

ИИ споёт такую песню

Нужен ли людям такой мир несчастный?


Если один поднялся без лестницы до небес 

Другой без опыта получил большую должность 

А настоящий мыслитель остался без дела 

А рот других сшили без нитек 

ИИ споёт такую песню 

Наверно тут все забыли за что живут 


Если один как океан но стал безводным

А другой погружён в сон безмолвный 

А нашедший светлячок стал первооткрывателем 

И для простолюдинов учёным 

ИИ споёт такую песню 

У вас всё в порядке с головой?


Если один лев хитрый и лисоподобен 

Другой падишах но умственно отсталый 

Другой поэт только хвалит одних руководителей 

И затмевает Луной Солнца 

ИИ споёт такую песню 

Ваш мир мне как кост в горле.

Муайян кардани ҷанбаҳои ҳуввияти миллӣ аз масъалаҳои муҳими фарҳангиён ва донишмандони тоҷик аст.

Агар ин корро ба солҳои минбаъда вогузор кунанд, оқибатҳои номатлуб хоҳад дошт.

Ҳуввияти миллӣ ба мисли як дарахт аст.Иборат аз решаҳои ба чашм ноаён, тана, шоху баргҳо.

Решаҳои ҳуввияти миллии тоҷикон ба замонҳои қадим рафта мерасанд. Яъне ба он замон, ки аввалин оине бо номи митроизм пайдо шудааст. Баъд ин оин ҷои худро ба оини зардуштӣ додааст. Фарҳанги ҳар дуи ин оинҳо ба вуҷуд оварда ориёӣ ҳисоб мешавад.

Яъне ҳуввияти миллии тоҷикон ориёимеҳвар аст.

Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат бош

Аз хат нарав берун 

Марра ба деги ош.

Оре чунин гӯянд 

ва роҳ чунин пӯянд

Аммо ману ҳамроҳон

Чанд каси ҷонкоҳон

Соҳибнигаҳи дигар 

Рафтем раҳи дигар.

 Светофори роҳкушо

Барои ман қирмизист,

Ранги зарду сабзтоб 

Барои дигарон навист.

Зеро ки ҳеҷ нафаҳмидам 

Фиребгариву макр чист.

Дар ин замони пурфасод 

Намедонам чӣ тавр зист.

Гар Истадӣ, каме биист

Суолро посух аст чунин 

Лабиринт шуд зиндагӣ 

Ва як раҳи кушода нест.

Ба посухи шикоятам

"Бале"-ро ӯ "бало" навист.

Шеър -як рукни асосии ҳуввияти миллӣ

Бикуш он замонаро

Ки мекушад таронаро 

Даруни чашм мекушад 

Нигоҳи шоиронаро.

Устод Лоиқ бе сабаб чунин нагуфтааст.

Зеро аз замони падари шеъри форсӣ Рӯдакӣ сар карда то имрӯз назм дар фарҳанги миллӣ авлавият дорад.

ОЗОДӢ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКӢ

Озодӣ, ирода, ихтиёр аз қадим мафҳумҳои асосии зиндагии инсони худшинос будаанд.

Рӯдакӣ гуфтааст:

Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

Фирдавсӣ:

Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд 

Чун ӯ роду озоду хомӯш набуд.

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОМКОРӢ

Эй раҳбари бедодӣ

Маҳдудгари озодӣ 

Ту кай хабар дорӣ

Аз кайфияти эҷодӣ

Илҳоми Худододӣ?

 Аҳуроям бароям интихоб карда будас кор

Ҳароратсанҷ бошам дар ҷамъияти бемор.

Ва ҳар рӯз бонг мезанам аз табу тобаш

Ки бедораш кунам аз хоби нобобаш.

Вале дар ӯ  намебинам осоре зи ҳушёрӣ 

Чу ӯро гипноз кардаанд ба маккорӣ

Ва гипнозкарда моли ӯ бурда 

Ва рӯшноиро аз рӯзияш хӯрда.

Чу хобида баробар аст бо мурда.

Дилам хун асту озурда, 

Дилам хун асту озурда.

Ки машҳур аст:" ҳоли бемордор

Ба ҳар ҳол бадтар аз бемор".

 Болои санги сахт

Рӯид як дарахт

Аз ин мӯъҷиза 

Мардум шудан карахт.

Гар санг намекафид

Решаи дарахт 

Об намеҷафид

Ҳеҷ гоҳ дилсанг набош

Тухми ишқи пок

Бар дилат бипош.

Гарчанде тухми ишқ

Дилро хароб кунад 

Кор носавоб кунад 

Хунро шабоб кунад 

Ранги шароб кунад.

Буд рӯзгор сахт,

Будам чунин дарахт!

 Ҳаво сарду садо сард аст 

Фазои кадхудо сард аст.

Само бепарво,бедард аст 

Дарахти бахти ман зард аст 

Аҷаб дунёи номард аст.


Агар дар асри яхбандӣ бимиранд кӯдакон, пирҳо,

Бимиранд яксара гулҳо,

Муранд бо нола булбулҳо.

Вале дар яхбандии рӯҳӣ

намонанд шеъру шоирҳо.

Ва берун афканда номусҳо

Бимонанд танҳо чоплусҳо!

Бигиранд ҷойи ною ғижжакро

Таблу кӯсу ноқусҳо.

Ба бедорӣ зафар ёбанд кобусҳо

Ба ҷойи Рустам  оянд Ашкбӯсҳо.

Бимиранд некташаббусҳо.

Нагӯянд лек афсусҳо.

Ки виждон мунсаҷим гардид 

Ва инсон аз паси сарват давида 

Асири шайтони раҷим гардид.


Ноқус-зангӯлаи калисо

Кӯс -барабани бузург ки бо садои он ба ҷанг мераванд. Маънои дигар низ дорад.Заминҳои каҷро кӯс мегӯянд.

 Дашти беодаму кулбаи чордара

 Тифл будаму даруни гаҳвора

Волидон дуртар машғули кор 

Омаду ин ҷоро холӣ ёфт шағол 

Ӯ маро механдонд.

Модар бишниду давид 

Шағолро ронд.

Чӣ қадар ширин аст ханда

Ва бо кайфияти хуш мурдан 

Ин замон нест шағол 

Лек хандагарони дузди умр бисёранд 

Хандидаравон аз ин ҷаҳон даргузарем.

 Нақши пойҳоят дар регистони соҳили 

дарёи дилам доғ аст,

Дилам пазмони он озори пойҳои урёнат.

Ба мунаққидони Донкихотӣ

Пушти по задани арӯз як дари бозшуда аз озодист,

Ҷанг бо шеъри Шомлуӣ 

Ҷанг бо осиёи бодист!

 Бар зидди нобиға ав-ав садо кунанд 

Чанде тупойҳо чанг бар ҳаво кунанд 

Обҳоро лой кунанд 

Халқро тупой кунанд.

Шуд байни мо расм чоплусӣ,

Эътирозе нест аз як баномусе.

Ба ҳамқаламон

Аз гузаштаҳои  пурифтихори дур расидаед,

Оё рисолаи Ростиву растиро дидаед?

 Дилам бар ҳоли ин миллати фикрхобида мегиряд,

Ба ҳоли мардуми ҳақиқатнодида мегиряд

 Ин марз хонаи оинаҳои каҷ,

Баландро паст кардаву ростро фалаҷ.

Дар ҷое ки оина як ҳарфи рост нагуфт,

Наметавон ҳарфи ҳақ гуфту шунуфт.

Оинаи дил

Оинахонаи дилат акси маро хурд кунад 

Оинахонаи дилам акси туро бузург.

Ту дигар санг наяндоз ба дили шишаи ман 

То ба нохост бишканад акси зебои худат.

ПРИПЛИЛИ!

Дар тӯйҳои Самарқанд дигар Исломи Найранг нест 

Ки бо лӯхтакаш бачаҳоро шод кунад 

Ва Ҳоҷӣ Абдулазиз низ ки дар чойхона маърака обод кунад 

Масҷидҳои бузург сохтем 

Аммо касе нест ,ки кори савоб кунад

Ва Ботурхон Валихоҷаев, ки Навоивор адлу дод кунад

Ба манфиати халқ бар худ азоб кунад.

Сарватманд шабу рӯз дар фикри пулу кабоб,

РӮЪЁМУАММО

Дар кӯҳ, дар як дара

Луччакруспие

Мешуст як хара

Дар зери шаршара.

Ангур пухта буд 

Ҳушам бенӯхта буд 

Аз фарти ташнагӣ

Қалбам сӯхта буд.

Асос ва решаи менталитети мардуми тоҷик аз чӣ иборат ?

Менталитет ба маънои ҳуввияти миллӣ аст.

Вақте дар бораи надоштани пешрафти фикрии назарраси мардуми тоҷик фикр мекунам, ҳатман масъалаҳои вобастаи ҳуввияти миллӣ пеш меоянд.

Агар ба мардуми Чин ва дигар халқҳои иегролиф дошта нигаред, мебинед ки асоси ҳуввияти миллиро хат ба вуҷуд овардааст ва пайвандгари қавмҳои гуногуни он кишварҳо ба ғайр аз хат дигар чизе нест.

Оё хати сирилик асоси ҳуввияти миллии тоҷикон шуда тавонист?

Шумо дар ин бобат чӣ фикр доред?

Ба Фарзона

Панҷаҳоят панҷаи офтоб,

Ҳарфҳоят соя надоранд.

Нур мезояд офтобу маҳтоб 

Ҳарфҳоят маънӣ мезоянд.

Самарқанднинг яхшилик тимсоли

Самарқанд шаҳрида одамларга беминнат, бепул ёрдам бериб доим савоб ишлар билан шуғунланганларга ҳайкаллар қӯйиш керак деб таклиф этган эдим.Бу пост рус тилида эди . Интернетда  катта қизиқиш уйғотди.

Шунинг учун ӯзбек хонандаларга қисқа айтишга қарор қилдим.

Бошқа шаҳарларда парковий ҳайкаллар бор. Масалан Бухоро шаҳридаги Насриддин Афандӣ ҳайкали.

Самарқанд шаҳрида ҳам шунга ӯхшаш ҳайкалларни савоб ишлар билан шуғунланганларга ясаб қӯйиш керак деб таклиф этган эдим.

Какие интересные личности могут быть символами Самарканда?

Речь не о великих которым уже поставили монументальные памятники. Хотя не всем так как в Самарканде жили Хайям, Руми .

Речь о таких скульптур с которыми можно сидеть рядом на скамейке.

Например в Бухаре такая скульптура Ходжи Насреддина полюбилась не только бухарцам но  и туристам.

Нам жителям города стоит подумать и предложить руководителям города кому поставить такую интересную скульптуру.

ОИД БА МАЪНОИ ПОРСӢ ВА ҶОИ ПАЙДОИШИ ОН

Дар замони Рӯдакӣ ва пеш аз он ҳам байни забони шифоҳии мардум ва забони адабиёт, ки имрӯз китобӣ низ мегӯянд, шикофе набуд. Чӣ хеле талаффуз мекарданд, ҳамон тавр менавиштанд.

Фарқ дертар эҳтимол дорад баъди сад сол ба вуҷуд омадааст.

Ва дар гуфтор бухороӣ бухорӣ аст ва порсоӣ порсӣ. Касе мехоҳад маънои онро бифаҳмад,ба фарҳанг муроҷиат кунад.Дар Бухоро ба навзодон Порсо ном додан як ҳодисаи оддӣ аст. Ба маънои мусулмони покиза. Яъне порсӣ ба маънои забони мусалмони покиза аст.Дар забони мо он вақт ҳарфи ф набуд, он аз арабӣ омад. Ба ҳамин сабаб порсӣ навиштаанд.

Аз саргузашти хеш

Бисту панҷ сол шаҳрванди нокуҷо будам 

По дар замин не дар ҳаво будам

Аммо дар наво будам

Дар радио будам 

Ҳаққулсадо будам 

 Суханам аз озодӣ буд 

Аз ободӣ буд 

Гарчи дар ин ватан ман беватан будам

Дар ин зебочаман ман бе чаман будам

Нарафтаам ба роҳи ҳаҷ

Нарӯфтаам роҳи каҷ.

Нонам нимта буд 

Аммо ҳалол буд 

Шиори доимӣ "Ҳаҷ гоҳ нанол" буд 

Пули сироти зиндагӣ ба мисли қил буд 

Ранги давоти ман аз хуни дил буд.

 Дирӯз барои мот

Қурбон шуд фарзинам 

Бузургтарин мӯҳра буд 

Ба тавоноӣ шӯҳра буд 

Гӯё ки Рустами савори асб

Ҳангоми як набард 

Афтод аз зину 

Берун шуд аз набард.

Сар бар замин ниҳода 

Фарзин нола кард:

-Ҷазо ба чӣ гуноҳ?

Паҳлӯи подшоҳ 

Будам ба ӯ паноҳ!

Аммо пиёдаҳо

Бо чашми худ дида ин 

Метозанд то шаванд 

Зудтар фарзин.


Дар бозии шатранҷ пиёда ба канори муқобили тахта расад, фарзин мешавад

 Бухоро,эй Бухоро, 

Мегӯям ошкоро

Будӣ ту ганҷи Доро 

Подшоҳ кардӣ гадоро.

Расондӣ авҷи аъло 

Мардуми порсоро.

Бар тахти бахт нишондӣ

Шеъри порсинаворо 

Кардӣ бо дӯст дӯстӣ

Бо душманон мудоро 


Бухоро, эй Бухоро!

Ба қадрат нарасидем 

Маъзур дор моро.

Зеро зи ганҷи Доро 

Зи тиллои Бухоро 

Санге расида моро 

Он низ санги хоро.

 Боғи бобоии ман 

Боғи тиллоии ман 

Дар он минтақа аст

Бо боғҳои худоӣ машҳур 

Ки яке ҳам имрӯз нест.

Боғи бесоҳиби ман 

Дуртар аз рӯди Муғоб

Об мебинад хоб.

Дар сари кӯчаи он 

Сафедор қатор

Дар ин боғ 

Дорамаш себу анор,

Дорамаш чанд мурӯд

Боқӣ зардолузор.

Дар лаби ҷӯйи дарун

Дорамаш чанд анҷир, анҷири сафед ва анҷири сиёҳ

Онҳо бо дидани ман мекашанд оҳ.

Зеро ман аз ин кишвари худ дур шудаам.

Сар мезанам бо фосилаи дур ба ин боғ гоҳ-гоҳ.

Боғ танҳо монда

Дорад он ҳоли ғариб

Дар вазъи аҷиб.

Агарки  боғ бесоҳиб шуд 

Аз самар бозмонад

Оҳанг ёбоӣ хонад.

Боғи тиллоии ман 

Боғи бобоии ман 

Дуртар аз сари роҳ аст

Манзили як рӯбоҳ

Ва зоғони сиёҳ .

Соҳибаш -мардикор, 

Рафта бар шаҳри дулор.

Чӣ азобе дорам!

Бар ҷониби ин боғ ҷӯй меканамаш

Ҳар шабе дар рӯъё.

Солҳо мегузаранд 

Хобро охир нест 

Ин хобро таъбир нест 

Зеро як пири бо тадбир нест.

Боғ  дар ин хоб 

аз чашми тарам сероб шуд.


Дулор- талаффузи шевагии доллар аст.

 Дар осмони боғи ман абр вазнин аст 

Дар шакл табарсангин аст

Дар ниҳодаш қатрае об надорад 

Обистан аз тирагист

Хокистарист

Ҳеҷ гоҳ намеборад

Ба мисли сояи гургест

Нишаста дар паси дарвозаи боғам

Ва ҳар рӯз зери сояи шаклам пинҳонӣ мегардад 

Куҷое меравам меравад ин абр

Меравад ин сояи гурге

Девори хонаам ҳуши маснӯист

Нақшҳояш гӯши маснӯист

Таги девори хонаам хонаи муши маснӯист

Ва гӯшаш гӯши маснӯист 

Сагам бо сояи гург хӯ гирифтааст 

Аккос намезанад.

Гурбаам ошиқи муши маснӯист

Шикор намекунад .

Чӣ бояд кард?

Намедонам.

 Ватанамро Шерканд буд ном

Ва имрӯз Шеърканд шудаст ба забони ом

Ва Серканд низ гӯянд маддоҳшоирон

Ман аз Шерканд меоям

Ки дар тоқи мадраса ва қасрҳои шоҳ

Нақшест зи шерҳо

Ва ҳайкалҳои шери жаён 

Дар пеши ҳар бино дарвозабону посбон 

Дар бешазори Шерканд як шери зинда нест 

Дар шаҳрҳои Шерканд одам хеле зиёд 

Аммо як лидери далер нест 

Бар боғи ҳайвоноти шаҳр бинмой як назар 

Ки хоҳӣ дид 

Шере дар қафас хӯрад гӯшти хар

Хармизоҷ шудаст 

Ҳангос мезанад.

 Дар лаб-лаби Ҷӯи Мӯлиён 

Сафедори қатор

Бо дидани Рӯдакӣ чапак заданд беқарор 

Бо истимои шеъри ӯ шод шуданд

Дар тӯйи арӯсӣ гӯиё домод шуданд 

Тӯтӣ ба шохи сарв нишаста чун парӣ

Ҳамовози булбул аст ба оҳанги дарӣ

Кӯчабоғи Мӯлиён пур аз шир-шири  оби равон 

Боғро нӯши ҷон 

Кӯча пур аз шохи пургули анор

Мастам аз атри баҳор 

Мерасад хандаи лола аз дари боғ 

Шӯълавар мисли чароғ 

Мӯлиён буд идгоҳ дар Наврӯз 

Ва иди Гули сурхи дилафрӯз


Ин ҳама дар хоб буд 

Гӯё сароб буд 

Бо оби Мӯлиён Бухоро шодоб буд 

Суруди Рӯдакӣ бо шеъри ноб буд: 

"Зи оби ҷӯй ҳар соат 

Ҳаме бӯи гулоб ояд

Дар ӯ шустаст пиндорӣ 

Нигори ман рухи гулгун"

Бухоро дониши дилҳо,

Китоби хониши дилҳо

Ба вазъи Мӯлиёнат дилам шуд кӯзаи пурхун

Ба ҳоли зори ин биҳишти торихӣ

Ки буда сарнавишти шеъри торихӣ 

Бигиряд осмон хун чун дидаи Маҷнун.

Дар ҳасрати хонаи падар

Гоҳо ёд мекунам 

Ҳавлибоғи волидон 

Он айвони калон 

Сутуну дарҳои кандакории он 

Шифти хонемон вассаҷуфта буд 

Наққошиҳо сирре нуҳуфта буд 

Деворҳо дусинҷаи чӯбкорӣ буд 

Болорҳо пуштимоҳии кандакорӣ буд 

Дар кишвари шумо кист соҳиби ватан?

Дар Бухоро ҷӯйи оби зулоли форсӣ мехушкад 

Чун ҷӯйи Мӯлиён 

Сад сол пеш Қӯқон буд пур аз форсигӯйон

Болшевик кард қатли ом

Ва форсӣ шуд тамом

Сад сол пеш аз Кремл дод заданд:

-Форсӣ дигар нест! Гӯед тоҷикӣ!

Ва гап тамом.

 Бухороям,туӣ дар уқёнуси дониш мисли киштӣ

Ва қасри пур аз ормони биҳиштӣ

 Китоби маърифат бо зар навиштӣ.


Бухорои аҳуроӣ,

 Туӣ сарчашмаи покӣ бар мардуми саҳроӣ 

Ҳавзи калони ту 

Будаст ҳавзаи дониш

Ва ё чун равзаи дониш 




Забони форсиро аввал Бухоро зод

Ба лаҳни булбулон дар  покизаи бомдод

Ки мардум модарӣ гӯянд 

Ва дигар боз дарӣ гӯянд 

Ва гӯё дар Бухоро  бори аввал чанд парӣ

Дарси сухан додаанд бо лафзи дарӣ .


Бухорои адабпарвар !

Бароят Рӯдакӣ хонда 

Абёти ширинро

Достони рӯзгори деринро

Мадрасаҳот пур буд аз шогирдон 

Аз Эрон ҳам зи Туркистон 

Намедонам ки имрӯзҳо ту бедорӣ  ва ё хобӣ

Валекин  нағз медонам 

Ба ёдат ҳаст зафарҳои

Маҳмуди Торобӣ

Чӣ тавр дар зери поҳои муғул замин дуд кард

Дар таърих нахустин бор 

Лашкари хунхори муғулҳоро

 Бухороӣ нобуд кард .




Бухорои тамаддунсоз,

Бузургонат чаро имрӯз беовоз?

Ва ё хобанд дар ғоре

Ба каф тиллои Сомонӣ?

Намедонанд саги асҳоби каҳф кайҳо мурда

Ва хокаш бодҳо бурда 

Ва кайҳо қатъ гардида

Давлати хонӣ.


Итминон дорам!

Дар Бухоро ҳар шабе сухан аз киштии Нӯҳ аст 

Сухан аз покии рӯҳ аст.

Рӯҳи мардуми озод 

Абармардони фарҳангзод.

Аммо фасли зимистон аст 

Ва ҳар ҷо зери по оинабандон аст 

Ва бас ноҷавонмардона лағжон аст.

Шабҳо тӯлонист ва маъмур аст 

Саҳар дур аст 

Ва бадри Моҳ ҳаворо ширранг карда меояд 

Ба торикӣ фазоро бас танг карда меояд.

 Дар лаб-лаби Ҷӯи Мӯлиён 

Сафедори қатор

Бо дидани Рӯдакӣ чапак заданд беқарор 

Бо истимои шеъри ӯ шод шуданд

Дар тӯйи арӯсӣ гӯиё домод шуданд 

Тӯтӣ ба шохи сарв нишаста чун парӣ

Ҳамовози булбул аст ба оҳанги дарӣ

Кӯчабоғи Мӯлиён пур аз шир-шири  оби равон 

Боғро нӯши ҷон 

Кӯча пур аз шохи пургули анор

Мастам аз атри баҳор 

Мерасад хандаи лола аз дари боғ 

Шӯълавар мисли чароғ 

Мӯлиён буд идгоҳ дар Наврӯз 

Ва иди Гули сурхи дилафрӯз


Ин ҳама дар хоб буд 

Гӯё сароб буд 

Бо оби Мӯлиён Бухоро шодоб буд 

Суруди Рӯдакӣ бо шеъри ноб буд: 

"Зи оби ҷӯй ҳар соат 

Ҳаме бӯи гулоб ояд

Дар ӯ шустаст пиндорӣ 

Нигори ман рухи гулгун"

Бухоро дониши дилҳо,

Китоби хониши дилҳо

Ба вазъи Мӯлиёнат дилам шуд кӯзаи пурхун

Ба ҳоли зори ин биҳишти торихӣ

Ки буда сарнавишти шеъри торихӣ 

Бигиряд осмон хун чун дидаи Маҷнун.

ҲУШИ СУНЪӢ БА МО ЧӢ МЕДИҲАД?

Чин ,ИМА фаҳмид ки ҳуши сунъӣ як инқилоби илмиро дар пешрафти фикрӣ ва эҷодӣ ба вуҷуд оварда боиси тараққиёти устувори иқтисодиёту маънавият мешавад.Ба ҳамин сабаб барои бештар ривоҷ додани он маблағро дареғ надоштаанд.

Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки худ ба сиёсат аз институти илмӣ омадааст, ин раванди навро зуд фаҳмид ва барои татбиқ ва ривоҷи ҳуши маснуӣ аз мактаби миёна сар карда то ба дигар соҳаҳо қарор қабул карда буд.

Аз интернет маълум ки эрониҳо аз мо пештар дар эҷоди сурудҳо аз ашъори Ҳофиз ва Мавлоно дар иҷрои ҳуши маснуӣ мӯъҷиза офарида истодаанд.

Ба зодрӯзи Қодири Рустам

Дар ин дунёи Рӯдакӣ, 

Миллат ба синни кӯдакӣ 

Савори аспи чӯбаке 

Шодаст бо як қандаке 

Ҳарфе нахондаст як нафас 

Устод нишастаст дар қафас 

Панд медиҳад нодонро 

Нодони зиндонбонро.

 Навоӣ навойӣ 

Ва рамзи вафоӣ.

Ба дӯстон сафоӣ 

Ва Ҳотамтойӣ.


Ба хушксолӣ боронгар 

Ба дармонда осонгар 

Дар эҷод ту виҷдонгар 

Ба некӣ шитобонгар 

Ва офтоби инсонгар 


Навоӣ, ки назмат олии олист 

Ва ҷоят дар Самарқанд холии холист 

Навоӣ, ба хобам ҳанӯз зиндаӣ,

Дар Регистонӣ, дар Самарқандӣ

Ва боз  ҳам ҳарфат аз саховатмандӣ 

Ва ҳимматбаландӣ.

Навоӣ, Навоӣ

Ту дурбин будӣ.

Ва ишқро сутудӣ 

Ки байни халқҳо намонад ҷудоӣ.


Навоӣ, Навоӣ 

Каломат худойӣ 

Саломат худойӣ

Худоношиносем 

Биёӣ наёӣ.



Надонем "Хамса"

Бихонем самса.


Самса- талаффузи самбӯса дар туркӣ.

 Ватанамро Шерканд буд ном

Ва имрӯз Шеърканд шудаст ба забони ом

Ва Серканд низ гӯянд маддоҳшоирон

Ман аз Шерканд меоям

Ки дар тоқи мадраса ва қасрҳои шоҳ

Нақшест зи шерҳо

Ва ҳайкалҳои шери жаён 

Дар пеши ҳар бино дарвозабону посбон 

Дар бешазори Шерканд як шери зинда нест 

Дар шаҳрҳои Шерканд одам хеле зиёд 

Аммо як лидери далер нест 

Бар боғи ҳайвоноти шаҳр бинмой як назар 

Ки хоҳӣ дид 

Шере дар қафас хӯрад гӯшти хар

Хармизоҷ шудаст 

Ҳангос мезанад.

 Дар осмони боғи ман абр вазнин аст 

Дар шакл табарсангин аст

Дар ниҳодаш қатрае об надорад 

Обистан аз тирагист

Хокистарист

Ҳеҷ гоҳ намеборад

Ба мисли сояи гургест

Нишаста дар паси дарвозаи боғам

Ва ҳар рӯз зери сояи шаклам пинҳонӣ мегардад 

Куҷое меравам меравад ин абр

Меравад ин сояи гурге

Девори хонаам ҳуши маснӯист

Нақшҳояш гӯши маснӯист

Таги девори хонаам хонаи муши маснӯист

Ва гӯшаш гӯши маснӯист 

Сагам бо сояи гург хӯ гирифтааст 

Аккос намезанад.

Гурбаам ошиқи муши маснӯист

Шикор намекунад .

Чӣ бояд кард?

Намедонам.

 Боғи бобоии ман 

Боғи тиллоии ман 

Дар он минтақа аст

Бо боғҳои худоӣ машҳур 

Ки яке ҳам имрӯз нест.

Боғи бесоҳиби ман 

Дуртар аз рӯди Муғоб

Об мебинад хоб.

Дар сари кӯчаи он 

Сафедор қатор

Дар ин боғ 

Дорамаш себу анор,

Дорамаш чанд мурӯд

Боқӣ зардолузор.

Дар лаби ҷӯйи дарун

Дорамаш чанд анҷир, анҷири сафед ва анҷири сиёҳ

Онҳо бо дидани ман мекашанд оҳ.

Зеро ман аз ин кишвари худ дур шудаам.

Сар мезанам бо фосилаи дур ба ин боғ гоҳ-гоҳ.

Боғ танҳо монда

Дорад он ҳоли ғариб

Дар вазъи аҷиб.

Агарки  боғ бесоҳиб шуд 

Аз самар бозмонад

Оҳанг ёбоӣ хонад.

Боғи тиллоии ман 

Боғи бобоии ман 

Дуртар аз сари роҳ аст

Манзили як рӯбоҳ

Ва зоғони сиёҳ .

Соҳибаш -мардикор, 

Рафта бар шаҳри дулор.

Чӣ азобе дорам!

Бар ҷониби ин боғ ҷӯй меканамаш

Ҳар шабе дар рӯъё.

Солҳо мегузаранд 

Хобро охир нест 

Ин хобро таъбир нест 

Зеро як пири бо тадбир нест.

Боғ  дар ин хоб 

аз чашми тарам сероб шуд.


Дулор- талаффузи шевагии доллар аст.

 Рӯзи вафоти хоҳарам 

Осмон сафед буд,

Замин сафед буд 

Ба ранги қасри сафеди хоҳарам.

Дунё сафед буд 

Ба мисли дили сафеди хоҳарам.

Тобут зи чӯби бед буд,

Беди сафед буд 

Ба рӯи дасти шогирдони мактабаш

Мисли қуи сафед буд.

Ба хоби абадӣ рафт дар мазори Қадим

Шафати токзори қадим.

Дар зери барф токзор ва гӯристон якест,

Токҳои ҳавлиашро дӯст медошт хоҳарам.

Ба мисли модарам .

Ба решаи токҳо ҳамоғӯш шуд хоҳарам.

 Эй боғбони бебасар,

Эй соҳиби арраву табар

В-аз илми фалсафа бехабар!

Лидерро набур!

Агарчи он гул намекунад 

Мева намедиҳад.

Ва сараш болотар аз ҳама шохҳои дигар.

Лидер пурғурур

Ба сӯи фалак сар баланд кашад 

Ва ибрат аст ба дигарон

 Ки аз баландии шумо дигар баландӣ ҳаст

Ва аз Самарқанди шумо беҳтар Самарқанде ҳаст.

Эй боғбони арра ба даст,

Ба лидерҳо нарас

Он нест хору хас.

Аз дигарон як сару гардан болост 

Наздиктари Худост.

Ӯст пештар бохабар аз нури саҳар,

Ӯст бештар ба дигарон мавриди назар.

Агар лидер нест,

Гӯё ки байни ҷонварон як наррашер нест.

Агар рӯзе дарахт хушк шавад, 

Зеру забун шавад, 

Боз ин лидери ҳамтана шаҳсутун шавад.

Меъмории миллӣ чист?

Меъморӣ ин хушранг ба хушранг бошад,

Оҳанг дар санг бошад 

Ва хушоҳанг бошад.

Зебоӣ бо қолаб дар ҷанг бошад 

Яъне фарҳанг бошад.

Дар пешинаи он Тахти Ҷамшед бошад 

Айвони Мадоин, ва шаҳри Сипоҳон бошад 

Ва ё Шеру Хуршед аз Регистон бошад.

ИМРӮЗ

Мурғони сухан ҳама хомӯш нишастаанд 

Ва ё дар қафасе дам ба дарун бастаанд.

Интизори хӯҷаин, ки дон диҳаду  бо суруд шод кунанд.

Мурғи ҳақгӯй куҷост?

 То он қадар ҳақ гӯяд, ки аз гулӯяш хун чакад.

Замин нерӯ бигирад аз хуни гулӯи ӯ

Баҳор шавад 

Гулҳо бирӯянд

Саҳро пур аз нозу ниёз шавад.

Ва қулфи даҳони мурғони хушилҳон боз шавад.

Кӣ медонад? 

Ки дар суруди онҳо 

Сурхии хуни ҷигари мурғи ҳақгӯй ҳаст.

БА ЁДИ МАСЪУДА ИСТАДОВА

Дар Ангаралмос ҷони ман 

Хоҳари меҳрубони ман 

Мисли субҳи дамида буд 

Ба зери бори зиндагӣ 

Қоматаш нохамида буд.

Муаллими ҳисоб буд 

Дилаш пур аз китоб буд.

Хоҳари ғамгусор буд 

Ба софӣ чашмаоб буд.

Одаме не, фаришта буд, 

Ба дилҳои сахти мо

Тухми муҳаббат кишта буд.

ХУРӮСАМРО КУШТАМ...

Хурӯсамро куштам

Бемаҳал бонг барзад

Тоҷи сурх дар сар дошт 

К-аз шукӯҳаш ифтихор дар синаам ҷӯш мезад.

Хурӯсам сурх буд,

Ки ин ҷо кулангӣ гӯянд 

Мурғи ҷангӣ гӯянд 

На хурӯс, балки уқоби сарбаланде буд 

ЧАППАГӮЙӢ

Одамаки ганда бош,

Ҷандапӯшу ҷанда бош.

Диктотурро сано гӯй,

"Демукросӣ-фано" гӯй.

Ғам нахӯр, ханда бош,

Суст мисли панда бош.

Ишқ наварз, кунда бош,

Роботи оянда бош.

ОБРО ЛОЙ НАКУНЕД

Дар Регистон ҳаво шаффоф аст,

Осмон обист.

Гӯиё аз ҳар манор бонги азон меояд.

Чун акси садо аз гунбаз.

Дар замин хомӯшист

Он замине ки шарафи пои Навоӣ дар ёд дорад 

Ва садои шеъри Ҷомиро.

Дар Регистон мадрасаҳо мизбонанд

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАВӢ НЕСТАНД?

ҲАЙРАТАМ САДЧАНДОН АФЗУД, ВАҚТЕ ФАҲМИДАМ, КИ ФАКУЛТАИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАВӢ ТАЙЁР НАМЕКАРДААСТ.

ДАР Узбекистон Донишгоҳи давлатии журналистка ҳаст ва 18 хели журналисти соҳавиро тайёр мекунад. 

Дар замони шӯравӣ расонаҳои хабарӣ шӯъбаҳои тарғибот, маориф, тандурустӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ, маданият, адабиёт,спорт доштанд вале ягон журналисти ин соҳаҳоро амиқ омӯхта набуд.

Дар он вақт ки иқтисоддон Ҷовиди Муқим ба журналистика омад, шод шудем ки як нафар журналисти соҳавӣ пайдо шуд.

Дигар кардани парадимгаҳо ва оқибати он.

Афандӣ рӯзе аз ҳамсоя дегеро барои як рӯз гирифт. Сипас баъди як рӯз онро ҳамроҳи дегчаи хурде баргардонд.

Ҳамсоя сабаб пурсид, ӯ гуфт ки дегатон зоид.

Афандӣ боз як бор аз ҳамсоя дег пурсид. Ва дигар дегро барнагардонд.

Ба суоли ҳамсоя посух дод ки дегатон мурд

. Магар деги филизӣ мемирад?- гуфт ҳамсоя. 

-Вақте таваллуд кард, яъне зинда аст ва мурданаш табиист,-гуфтааст Афандӣ.

Яъне Афандӣ парадигмаро тағйир дод.

Ин ҳам монанди он аст ки тарғибгари давлати худкома сохти давлатдории худро демократӣ бигӯяд.

Мо ин ҷо низ ҳамон макри ивазкунии парадигмаро аз латифаи Афандӣ мебинем ки зикраш дар боло рафт.

Фантастикаи бадеӣ ва воқеияти зиндагӣ.

Ҳикояи "Баъди ҳазор сол" дар замони шӯравӣ аввал дар рӯзнома ва баъд дар маҷмӯаи ҳикояҳои камина "Баъди ҳазор сол" чоп шудааст.Сабаби навистани ин ҳикоя воқеаи дар як колхози Тоҷикистон рухдода буд 

Аз чанд ноҳияи пунбакори Тоҷикистон ба роҳбарони давлати шӯравӣ мактубҳои шикоятӣ расидаанд ки зиндагӣ дар ноҳияҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ба дараҷаи паст аст ба сабаби он ки Маскав ба ҳосили пунба нархи паст мондааст.

Воқеан зиндагӣ дар ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон бениҳоят сахт буд.Мардум ҳар рӯз дар гармои тоқатфарсо 12 соат кор мекарданд вале музди корашон нисбат ба музди меҳнати коргарони Русия даҳ маротиб камтар буд. Вазъ дар як колхози ҷанубӣ ба он дараҷа бад шуда буд ки мардум аз камғизоӣ наввад дар сад дучори бемории сироятии сил гардидаанд.

Барои санҷиши мактубҳои шикоятӣ Маскав як нафар корманди Кумитаи марказии ҳизби коммунисти шӯравиро ба як колхози Тоҷикистон мефиристад. Албатта қаблан огоҳ мекунанд ки комиссия меравад барои дидани хонаҳои колхозчиён ва сатҳи зиндагии онҳо.

Сипас барои қабули комиссияи тафтишотии Маскав ҷиҳози хонаи як пунбакорро бо фармони раиси колхоз тамоман нав мекунанд. Ҳатто дар ҳар ҷо дастаи пулро мегузоранд..

Тафтишгарро он қадар бо шаробу кабоб зиёфат кардаанд ки ӯ ба роҳбарони шӯравӣ чунин хулоса навистааст ки шикоятҳо ҳақиқат надоранд, агар мо нархи хариди пунбаро баланд кунем, тоҷик аз пурхӯрӣ кафида мемурад.

Дар замони шӯравӣ ҳамин воқеаро нависта чоп кунед, ба балои бад гирифтор мешудед.

Аммо фантастикаи бадеӣ чунин имкониятро дорад..

Ва камина аз ин имконият истифода карда будам.

 Гар қалам дар дасти ҳар дилкӯр бувад,

Ҷойи виҷдон оқибат дар гӯр бувад!

А. ИСТАД

 Гоҳ-гоҳ ба Истад мешавад ҳуҷум,

Ки "ҳастӣ чӯҷае руста аз тухум",

Ман аз Самарқанд, Бухоро рустаам,

Дар сабки худам ягона Рустамам.

 Ба хоки Ватан аст умқи решаам,

Ва инсоншиносист қалампешаам.

Решаам дар Митро, Зардушту Хайём,

Дар Абӯмуслим, Фирдавсӣ, тамом!

Гап тамом!

Шергуна

 Шергунае ба вазъи имрӯзаи камина.

Дар Фейсбуки Тсукерберг кадом як шум,

Ба саҳифаам монд шлагбаум.

Ман демократ мегӯяд Марк.

Ва гӯё ин сухан об шуд чун тагарг!

Ва шукр, ки Гугл ҳаст, Ютуб, Телеграм,

Ғами дил бо онҳо мебинам ба ҳам.