вторник, 26 февраля 2008 г.

Мафкура ва характери точики чи гуна аст?

Мафкураи точики асосан зери таъсири «Авесто» шакл гирифтааст. Ҳеродот низ қайд мекунад, ки барои мардуми форс чизи аз ҳама нафратангез дурўғ аст ва онхо зидди дурўғ шадидан мубориза мекунанд. Дар оини зардушти дурўғ силоҳи асосии нерўи бад махсуб мешавад. Ҳеродот сипас боз қайд кардааст, ки форсҳо ҳар чизе хубе, ки дар халқҳои дигар мебинанд, зуд қабул мекунанд. Ин нукта ба пешрафти фикрии ин мардум далолат мекунад.

Афкори точикиро асосан Ибни Сино шакл дод ва ақлпарастиро ба мақоми аввал гузошт.

Дар даври Хайём се шохаи мафкура дар се шахсияти намоён падидор шуд.
Дар Хайём, ки бо асарҳои Бўали шинос буд ва ақлро чизи асоси меҳисобид.
Дар Ҳасани Саббоҳ, ки падари терроризм ҳисоб шудааст.
Дар Имом Ғаззоли, ки тарафдори исломикунонии мафкура ва зидди ақлпарастии Сино буд. Вазири бузург Низомулмулк, ки яке аз инҳоро чонибдори намекард, қурбони террор шуд.

Умари Хайём бошад ба Самарканду Бухоро омад, то ки пайравони ақлпарастии Синоро пайдо кунад.

Як даст ба мусҳафему як даст ба чом,
На кофири мутлақем, на мусулмони тамом.

гуфтааст Хайём, ки характери точикиро ифода мекунад.

Дар бораи як точикписаре, ки дар чанги Афғонистон асир афтода солҳо дар атрофи як пешвои дини будааст, мақолаи Насрулло Асадуллоев чоп шуда буд. Баъди чопи мақола ҳамон чавони варзоби ба идораи «Адабиёт ва санъат» омад. Ман ба вай гуфтам: - Наход, ки чунин инсони бузург ба ту сарпарасти кардан хоҳанду ту рад куни? Вай гуфт: - Ман ба мусулмонии онҳо бовар надорам. Зоҳиран мусулмон ҳастанд. Корҳо дигар аст. Мо бошем на даъвои исломгарои дорему на ба бачабози барин корҳои ношоям даст мезанем. Диламону корамон як аст.

Ман ўро фаҳмидам. Барои точик як будани дилашу кораш муҳим аст. Ин аз ҳамон мафкураи зардуштии «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» сарчашма мегирад. Инро ҳамоҳанги ё худ гармония мегўянд. Ҳамоҳангии даруну берун. Зебоии зиндаги ва ё худ «Золотое сечение»-и он дар ҳамоҳангии даруну берун намоён мешавад.

Ҳини сафарам ба Эрон бо Зафари Сўфи пас аз зиёрати мақбараи Фирдавси дар роҳ ёдгории меъмории кўҳнаеро дучор шудем, ки «Зиндон» ном доштааст. Дар паҳлуи майдони он санги бузурге истода буд, чортарош, ба мақбара монанд.

Зафар ба ман фаҳмонд: Қабри Имом Ғаззоли гум шудааст, ин қабри рамзии ўст.

Сипас ба зиёрати мақбараи Хайём ба Нишопур рафтем. Дар роҳ ман фикр мекардам: Гум шудани қабри Имом Ғаззоли ва то ҳол зиёратгоҳ гардидани қабри Хайём магар худ баёнгари хислати мардум нест?

Бешак ақлпарасти меҳвари асосии мафкураи точикист. Оё мо аз васоити муассири пешрафти ақл ба дарачаи кофи истифода мекунем? Яъне масалан компьютеру Интернет.

Комментариев нет: