вторник, 26 февраля 2008 г.

Муаммои асосии ваҳдати милли

Муаммои асосии расидан ба ваҳдати милли мавчудияти маҳалгарои аст дар Точикистон.

Агар маҳалгарои вучуд намедошт ва дар афкори мардум аз поён то мақоми боло фарогир намебуд, ягон дасиса, ягон фитнаи маккоронаи душманони хоричи оташи чанги шаҳрвандии Точикистонро фурўзон карда наметавонист.

Гўё, ки ҳизбҳо буданду муборизаи сиёси буду дахолати хоричиву ва ғайра ин ҳама гапҳо сафсаттаанд. Он чанги шаҳрванди чанги мансабталоши буд.

Камина гарчи иштирокчии он ҳодасаҳо набуд, қариб ҳар рўз дар вақти танаффуси нисфирўзи митингҳои майдонҳои Озодиву Шаҳидонро мушоҳида кардааст.

Ҳоло баъзеҳо мегўянд, ки рўшанфикрони точик аз оқибати фалокатбори маҳалгарои огоҳ буданду барои пешгирии он коре накардаанд. Оё коре муассире карда метавонистанд, вақте ки рўшанфикрон як фарди камбизоати маошхўр буданду зери дасти роҳбарони маҳалгаро кор мекарданд.

Аммо аз рўи инсоф нест бигўем, ки аз нерўи қалам истифода накарданд. Дар мачмўаи «Замир»-и камина, ки соли 1978 нашриёти «Маориф» (Душанбе) чоп кардааст, оиди маҳалгарои ҳикояи хаёлие ҳаст, ки «Сарнавишти Кибербой» ном дорад. Дар ин ҳикоя бисёр фикрҳои муҳим ҳаст, ки адабиётшиносон ба он таваччўҳ накардаанд. Соли 1991 дар шумораи чоруми мачаллаи «Садои Шарқ» «Бузҳо ва гўсфандон» ном ҳикояи камина чоп шудааст, ки боз ин мавзўъро дунбола кардаам. Ё ки бихонед мақолаҳои каминаро, ки соли 1991 дар «Адабиёт ва санъат» ва дигар нашрияҳои Точикистон ба табъ расидаанд, аз чумла «Миллати точикро тақсим накунед!»-ро, ки 18 июл «Адабиёт ва санъат» чоп карда буд. Адибони дигар низ ба ин масъала бетараф набуданд. Нигаред ба матни суханронии Баҳром Фирўз дар анчумани даҳуми адибони Точикистон 22 апрели соли 1991, ки дар мачмўаи ў «Саҳнаи гардон» (Душанбе, 1993) чоп шудааст. Аз шоирон Камол Насрулло дар ин мавзўъ шеъри хубе дорад. Маҳалгарои дарди бедаво нест.

Агар ҳама бемории миллаткуш будани онро амиқ ҳис кунанду бар зидди он чораҳои амалишаванда биандешанд, аз он халос шудан мумкин аст.

Пеш аз ҳама ба такрори хатоҳои солҳои шўрави аксар аз як маҳал интихоб ва таъин кардани роҳбарон хотима гузоштан лозим аст. Манбаи дигари маҳалгарои донишкадаву донишгоҳҳоост. Дар Эрон абитуриент то хатми имтиҳони қабул намедонад, ки дар кадом шаҳр дар кадом донишгоҳ хоҳад хонд.

Дар Табрез ё Шероз таҳсил кародани донишчўи Хуросони як қоидаи умуми аст. Ин имкон додаст, ки дар ин кишвар пеши маҳалгароиро бигиранд. Чаро аз ин тачриба истифода намешавад?

Эҳтимол камина дар ин бобат ҳама чораҳои пуртаъсирро намедонад. Шумо чи фикру пешниҳоде доред?

Агар вазъ ҳамин тавр бимонад, маҳалгарои ба мисли минаи дерамал рўзе бо инфичоре чанги нави шаҳрвандиро оғоз хоҳад намуд. Агар ба ин пешгўии банда шакке доред, ҳикояи 20-25 сол пеш аз чанги шаҳрвандии Точикистон чоп шудаи А. Истад «Сарнавишти Кибербой»-ро хонед. Дар ин ҳикоя ногузир бо чанг анчомидани ихтилофҳои маҳалгарои пешгўи шудаанд.

Комментариев нет: