вторник, 26 февраля 2008 г.

Чашни точикона

Меҳмон Бахти ҳини сафари охиринаш ба Самарқанд дар сўҳбате гуфт, ки дар Точикистон муносибат ба гузаронидани рўзи таваллуду чашнҳо дигар шудааст. Адибони номи имрўзҳо чашни худро дар доираи маҳдуд дар хонаи худ қайд мекардаанд.

Сипас фикр кардам, ки оё хатари барҳам хурдани як маъракаи қадимаи соф точики пеш наомадааст?.

Ҳеродот дар боби авали «Таърих» навиштааст, ки форсҳо аз ҳамаи рўзҳои сол рўзи таваллуди худро беҳтар чашн мегиранд. Дар зодрўзи одами доро бошад, шутур, асп ё говеро мекушанд ва гушти онро дар қўра мепазанд. Агар доро набошанд, моли майдаро мекушанд. Дастархони чашни зодрўз фаровонтар аз дастархонҳои дигар будааст.

Қайди рўзи таваллуд инсонро ёдовар мешавад, ки ба падару модари ўро ба дунё оварда арч гузорад, оиди ки будани худ ва мақомаш дар чомеъа фикр кунад, андеша намояд, ки дар як соли гузашта чи корҳоро карда тавонист ва агар не ба чи сабабҳо. Ин ҳам як навъи чаҳонбини ва тарзи зиндагист. Дуруст, ки дар он замони қадим дар ин чашнҳо соҳибчашнро аз будаш зиёд таъриф намекардаанд, ба дурўғ роҳ намедоданд. Ва ин ба худшиносии ў мадад менамуд. Ҳоло бошад, одами муосир «комплимент»-ро фарқ карда метавонистаги шудааст ва дар чавоби таърифи зиёд бо табассуми малеҳ чавоб медихад.

Комментариев нет: