понедельник, 25 февраля 2008 г.

Чаро шердор?

Вамбери олим нест, чосус аст. Ў бо он ақидаи вайрон ба Бухоро омада буд, ки ватани аввалини мачорҳои туркнажод Бухорост. Вақте ба Бухоро омад ва дид, ки ин тавр нест, дар дилаш оташи нафрат нисбати ин мардум забона зад ва ба бадгўии точикон кўшид. Ягон олими босаводу поквичдон ба гуфтаҳои Вамбери истинод намекунад. (Нигаред оиди сабабҳои оқибмонии точикон дар асрҳои охир ба китоби Урун Кўҳзод «Точикони имрўза»).

Валерий Аҳадов бошад, аз синамогарони камфарҳанг аст, дар филми «Дарвеши ланг» чое ҳаст: танўр дар кўча. Ман эрод гирифтам, ки дар ягон чои Бухоро танўр дар кўча нест, точик оташдону танўрашро дар чои озода месозад. Тан гирифт, ки ин саҳнаро дар Хева ба сурат гирифтааст. Сипас лаҳзае буд, ки ҳангоми сар задании чонвар қассоб «Бисмиллои раҳмони раҳим» мегўяд. «Раҳмони раҳим» намегўянд дар ин маврид.

Чиро ба сурат гиранд, ба манфиати миллати мост, фикр намекарданд. Тоҳир Собировро доимо ташвиқ мекарданд, ки оиди Восеъ филме ба навор гирад. Ба назари ман Восеъ авантюрист аст. Ба муқобили лашкари таълимдидаи босилоҳи амир бо қувваи кам «бо досу каланд» чангидан авантюра аст, яъне беҳуда талаф додани мардум.

Ягон руси босавод Пугачёвро қаҳрамони Россия ҳисоб намекунад.

Чаро ҳама қаҳрамонҳои машҳури Точикистон шикастхўрдаанд ва чаро шикастнопазирҳо Абўмуслими Хуросониву Сарбадорон - Абўбакри Калави, Хурдаки Бухорои ва Мавлонозода дар мақоми шоистаи худ гузошта нашудаанд, мавзўи баҳси алоҳидаест, ки чун мавзўи қаҳрамонии Восеъ бояд тачдиди назар шавад аз чониби рўшанфикрон.

Талбак ном чавон дар Данғара дар сўхтори гандумзор ҳалок шуд. Аз ў низ қаҳрамон сохтанд. Ҳол он ки аз садҳо тонна гандум чони як кас қиматтар аст. Ақлаш намерасид, ки куштани сўхтори калон кори як кас нест. Беҳуда чони худро талаф дод.

Искандар Ҳамрокулов, ки модараш рус аст, гуфт: - Мо точикон аз русҳо фарқи каме дорем, зеро дар мо низ Иванушка-дурачокҳо зиёданд. Афандию Мушфиқии латифаҳои мо ҳамон Иванушка-дурачоканд. Ва оиди чустучўи ин образ дар насри бадеии точик як рисола нависту чоп кард, касе чизе нагуфт. Хомуши низ маъное дорад. Лоиҳаи неругоҳи Роғун дар замони шурави кашида шуда корҳои сохтмони сарбанд оғоз ёфта буд, аммо Иванушка-дурачокҳои мо оиди зарари он як мағале бардоштанд, ки зарари он мағал имрўз ба даҳҳо миллиард доллар баробар аст. Дар сафи мағалгарон садои баъзе адибони машҳур аз ҳама баландтар буд.

Рафиқ Н. яке аз рўшанфикрон не, сарвари қисме аз рўшанфикрон аст. Боре аз у пурсидам: - Қаҳрамони дўстдоштаи адабиатон кист?
Гуфт: - Дон-Кихот.

Дон-Кихот ҳамон Иванушка-дурачок аст. Барои точик шудан точикона фикр кардан лозим. Точикона фикр кардан донишмандона фикр кардан аст. Аввалин асари илми ба забони точики «Донишнома» ном дорад!

Ба оқибмонии фикрии мардум асарҳои классикон ҳам сабаб шуда метавонанд. Бигирем боби авали «Маснави»-и Мавлавиро оиди қиссаи заргари самарқанди. Ин фатализм аст. Инсонро аз мубориза барои ба даст гирифтани тақдири худ бозмедорад. Ҳама чиз аз фалақ, инсон бозичаест, - мегўяд Мавлави. Дигар ҳамин мемонад, ки ба Давлатманд чўр шуда фалаксарои куни!

Агар дар ёдатон бошад барои ба герби давлати дохил кунондани сурати шер чи қадар мубориза бурда будам. Баъди як ё ду сол дар порлумони Точикистон як занак хесту гуфт: - Мо чи хел шер? Ҳамаи мо - мурғони паркандаи нимчон.

Ягон кас ба ў эътироз накард.

Иванушка-дурачокҳо барои аз герб берун афкандани сурати шер якдилона овоз доданд.

Вақте ки ҳама корҳо бар пояҳои илми ва мантиқи қавии фикр қарор гирифт, иқтисоди кишвар ҳам пешрафт мекунад. Барои ба ин мақсад расидан Иванушка-дурачокҳо набояд чилави роҳбариро ба даст гиранд, масалан дар порлумон аксариятро ташкил кунанд.

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Падид омадани боз як торнигори точикиро дар шабакаи чахонии интернет ба муаллифи он ва хамаи хонандагон табрик мегуям. Табрики ман ба хонандагон дучанду дубаробар аст, зеро онхо акнун имкон хоханд ёфт, дигарбора аз файзи сухани нависандаи маъруфи точик Адаш Истад бахравар шаванд.

Онхое, ки дар охири солхои 80 ва аввали солхои 90 хафтаномаи "Адабиёт ва санъат"-ро хонда бошанд, нагз медонанд, ки бисёр матолиби мухими Точикистонро нахустин шуда, устод Адаш дар миён гузоштаанд. Маколахои у, аз кабили зарурати додани макоми давлатй ба забони точикй, покизагии забони мо, шевахои поягузории давлати миллй, эхёи суннатхои шахрсозиву шахрдории точикон, рушди театр ва синамо, таваччух ба улуми дакик ва техникй, химоят аз точикони бурунмарзй ва гайра.

Агар шумо имруз дар чахор самти Душанбе дарвозахоро мебинед, аввалин касе, ки чунин пешниходро дар миён гузошт, Адаш Истад буд. Дар он солхо вай дар Иттифоки нависандагони Точикистон гурухи махфиеро таъсис дода буд, ки барои ба забони точикй додани макоми давлатй мубориза мекард. Рахбарони вакти иттифок, намояндагони Кумитаи марказии хизби коммунисти Точикистон хеле чустучу мекарданд, манбаъи гоя ва ташаббусхои миллии он замонро пайдо кунанд. Аммо устод Адаш ва ёронаш на худ ва на касеро ифшо накарданд. Ва замоне ки бахси макоми давлатии забони очикй сар шуду комёб гашт ва Фонди забон падид омаду анчуману махфилхо ин ягонагонро, ки нутфаи ташаббусро дар зехни мардум гузошта буданд, хама фаромуш кард. Адаш Истад аз ин заррае малул нагашт ва даст ба сина назад, ки ман хизмат кардам, чаро фаромуш шудам.

Як хислати нодири устод Адаш ин аст, ки агар дар хар бобате сухан мегуяд, пеш аз хама талош мекунад, суханаш ба пояи илм ва тахкику пажухиш карор дошта бошад. Биноъан ба маколахои у, бо вучуди тундиву сахтияшон эрод гирифта наметавонистанд ва аз ин чо буд, ки маколахояш чоп шудан замон даст ба дасти одамон мегашт.

Ман умедворам, у аз минбари нави интернетии худ, ки на танхо дар Точикистон, балки дар тамоми чахонро фрао мегирад, андешаву афкор ва пешниходу ташабусхои навинеро ба миён хохад омад ва агар курсаводону бехирадон аз рамзи миллии Точикистон шери болдори моро берун карданд, аз навиштахои Адаш Истад садхо, хазорон шери навчавон точик ба майдон хохад омад, ки рузе хакро ба хакдор хохад расонд.

Боз муборак бод!