воскресенье, 1 апреля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 16


Расидагӣ ба нордбон, нарасидагӣ ба армон.

Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.

Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад.

Дар назди бача ҳавлӣ нагӯй, ки ҳалво мегӯяд.

Нонат бутун набошад ҳам, дилат бутун бошад.

Ноз кунӣ ба нозбардор кун.

Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат бош.

Ба худодода ситеза макун, ки ба худодода Худо додааст.


Дар ноомади кор атола дандон шиканад.

Тагашба об рафт.
Ба маънои он ки корҳои ношоями касеро ошкор карданд.

Номи калону деҳи вайрон.
Яъне касе номи хуб дораду хилофи он корҳои нохуб мекунад.

Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пои худ.

Кунаша мӯрча нагазидааст.
Ба маънои он ки то имрӯз ҳеҷ як сахтии зиндагиро надидааст.

Хода хӯрдагӣ барин бисёр рост наист.

Қунғуз (гамбуск)-и сиёҳ бачеша сафедакам гуфтааст.

Дӯстба зору душманба хор накунад. (дуо)

Аз рӯ шона, аз таг фона.
Оиди амали душманонаи пинҳонии касе, ки суханҳои хуб мегӯяд.

Офтобро бо доман пӯшонида намешавад.
Он чи ки аён аст, пинҳон наметавон кард!

Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Алиф, бэ, тэ, маориф пула те.

Яку дую сею чор, маориф пула биёр.
Дар бораи муаллимоне мегӯянд, ки донишу маҳорати тарбиявӣ надоранд ва бо такрори матни дар китоби дарсӣ оварда шуда маҳдуд шудаанд.

Истеъдод худодод аст.
Шоир, нависанда, оҳангсоз, рассом умуман эҷодкорон истеъдоди худодод доранд.

Ҳаштмех кардан.
Ба маънои ба ҳашт мех бо ресмон баста мондан. Он тарз мот кардани касе, ки имкони эътироз надошта бошад.

Ширин обод,  манзил обод, ба пайғамбари Худо салавот, Худо ҳамин дамҳоя парешон накунад. Ба солу моҳи бенуқсон ҳамаи моҳона сиҳату бардам нигоҳ дорад, омин!
Дуоест пас аз хӯрдани меваи ширин, бахусус харбузаву тарбуз.
Баъзан барои ҷое ном мекобанд. Аз ин дуо маълум мегардад, ки ҷои сермеваро ширинобод мегуфтаанд. Ва хонаҳо хушнамуд бошанд, манзилобод гуфтан мумкин будааст.

Кӯҳна ҳаммом, кӯҳна тос.
Агар бо омадани роҳбари нав дар идора ё корхона корҳои нав, муносибати нав нашавад, чунин мегӯянд.

Соата таги трамвайба мон.
Дар Самарқанд солҳои шастуми асри бист соати дастӣ доштан ва аз кадом филиз будани он аз дорами соҳиби соат гувоҳӣ медод. Ҷавонҳо оиди он ки соати дастии кӣ дақиқтар мегардад, гарав мебастанд. Гаравро бой додагӣ соати худро зери чархи трамвайи Самарқанд мегузошт.
Аз ин пас ин мақол машҳур шуд, ки ба ҳар каси ба дарс ё кор дермонда мегуфтанд: Соата ба зери чархи трамвай мон!

Дойраро ба ду тараф мезанад.
Яъне ҳам ба дӯсту ҳам ба душман худро нағз карда нишон медиҳад. Одами дурӯя.

Меҳмони якрӯза – гулғунча, меҳмони серӯза хоки кӯча!

Ҳар зоғеро як доғе.
 Яъне ҳар кас дар зиндагӣ муаммое ё мушкилоте дорад.

Деҳқон бошӣ тирамоҳ шудгор кун, агар ки не садбор шудгор кун.
Замини корамро дар тирамоҳ нарм кардан нерӯи онро  хеле зиёд мекунад, ки деҳқонон дар таҷрибаи ҳазорсолаи худ дидаанд.

То гӯсолаҳо гав шудана ҷигарҳо хун мешаванд.
Дар мавриди душвор будани тарбияи фарзандон мегӯянд.

Кадбону бисёр шавад, хона норӯфта мемонад.
Дар мавриди он ки дар хонавода бояд як кас сарварӣ кунад. Кадбону мӯл шавад, зувола гум шавад, низ ба ҳамин маъност.

Мошини ёздаҳ кати омсодем.
Яъне ёздаҳ аз ду як (таёқча) иборат буда поҳоро ифода кардааст. Яъне гӯянда пиёда омадам мегӯяд.

Аз гови нар шир меҷӯшад.
Дар бораи одами маккор мегӯянд.

Мақолая дадош.
Як мақола навиштам, ки мақолаҳоя додош мегуфт раҳматӣ профессор Ш.Шукуров. Ҳоло мебинем, ки бисёр мақолаҳои газетаҳо бедодо барин.

Кам-кам хӯру ҳар дам хӯр.
Шиори мардуми донои Самарқанд. Зеро дар чунин тарзи истеъмоли ғизо дар як рӯз 4-5 бор, кас худро аз  хомфарбеҳӣ ва бисёр бемориҳо муҳофизат мекунад.

На ҳар зан зану на ҳар мард мард, худо панҷ лелая баробар накард.

Самарқандигарӣ.
Самарқанд дар тӯли асрҳои зиёд на танҳо маркази сиёсӣ, илмӣ, адабӣ, балки маркази тиҷорат буд, мардуми шаҳру ноҳияҳои дуру наздик аксар барои хариду фурӯш ба Самарқанд меомаданд ва ин ҷо бо мардуми савдогари аз нӯҳ даҳро мезадагӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Ва ҳамин тавр рафта-рафта дар мардуми шаҳрҳои дигар чунин тасаввурот шакл гирифт, ки самарқандиён мардуми аз инсоф дуранд. «Ин самарқандигариҳо бо хӯҷандӣ то ба кай?» гуфтани Камоли Хӯҷандӣ гувоҳи медиҳад, ки аз қадим чунин будааст.

Ман аз осиёб омадаму ту мегӯи, ки дӯл холӣ.
Ҳоло аз осиёбу обҷувозҳои зиёди Самарқанд як-дуто мондааст.

Ман ин мӯйи сарама дар осиёб сафед накардаам.
Мӯи сару абрӯю риши осиёбон бо ҷанги орд сафед буд, гарҷанд худ ҷавони мӯйсиёҳ бошад ҳам. Дар он маврид мегӯянд, ки ҷавоне аз ҳад зиёд манманӣ кунад, ва таҷрибаи ҳаётии мӯйсафедонро сарфи назар намояд.

Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар.
Афсӯс, ки бисёр падару модарон ин  мақоли муҳимро фаромӯш кардаанд.

Таги коса нимкоса.
Агар дар таги амале манфиати шахсӣ  ниҳон бошад, чунин гӯянд.

Сарфа кунӣ сагҳо хӯранд, дуздӣ кунӣ мушҳо хӯранд.

Уштура гуфтанд ғамза кун, полиза вайрон карду рафт.
Яъне ба ҳар кас мувофиқи худаш бояд супориш дод.

Кардагиҳо пушаймон, накардагиҳо дар армон.
Дар бораи тарки ватан кардагиҳо.

Нон ҳам нону нонреза ҳам нон.
Ба ин амал намуда самарқандӣ агар дар рӯи замин нонрезаро бинад, аз зери пой гирифта ба канор мемонад, то ки таги по нашавад.

Аз шер шербачаю, аз мор морбача.

Эрка – балои ҷон.
Яъне бачаро эрка кунед, худбину ислоҳнопазир мешавад ва сабаби марги падару модараш мешавад.

 Аз ҳокими беадолат шарофат маталаб,
Аз  замини бе меҳнат зироат маталаб.
Инчунин мегӯянд:
Ҳокими нодон – гурги биёбон.

Келин аз дар дароду модаршӯ мурда аз дар бурод.
Киноя ба зиддияти байни модаршӯ ва арӯс.

Одами паст, ҳимматаш низ паст.
Ба ин  маъне байтест машҳур:
Ҳиммат баланд дор, ки назди худову халқ,
Бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.

Ёр аҳл бошад, кор саҳл бошад.

Ростию растӣ.

Бинои тани худ он кас хароб кунад,
Ки шаб таом хӯраду саҳар хоб кунад.
Шаб таом хӯрдан хомфарбеҳӣ меорад.

Аз хурдон хато аз калонсол ато.

Дӯсту бародари ман бошӣ баробари  ман бош.
Ба он маъно, ки тибқи таомули дӯстӣ сарватманд бояд дӯсти худро сарватманд кунад.

То ина фаҳмидана думи шутур ба замин мерасад.
Дар бораи мансабдоре мегӯянд, ки нав ба мансаб соҳиб шудаасту аз ҳазору як муаммои кори худ хабар надорад. Шутур думи калта дошта бо гузашти солҳои зиёд низ думаш дароз шуда ба замин намерасад.

Гадой – душмани гадой.
Дар бозор бисёр вақт шоҳиди ҷанги савдогарҳо барои ҷой мешавам. Ҳол он ки ягон бор ҷанги байни гадойҳоро надидаам. Акнун худатон хулоса кунед, ки кӣ гадой будасту кӣ бой?

Бе амри он султони бахт,
Барге наафтад аз дарахт.
Мувофиқи афкори омиёна ҳама чиз бо амри султони бахт, яъне худо сурат мегирад. Ҳол он ки тибқи мазҳаби ханафӣ худо ба инсон ҷузъи ихтиёр додааст ва инсон барои гуноҳҳояш худаш ҷавобгар аст, на худо.

Одами беватан – булбули бечаман.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан.
Яъне дӯст дӯстро бо як ишорат мефаҳмад ва мушкили ӯро зуд ҳал мекунад.

Эстар набиё, ки рӯта набинам,
Ӯстар нарав, ки гургат мехӯрад.
Оиди муносибати хунуки байни хешони наздик.

Дӯст он беҳ, ки айби ёрашро ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд,
На, ки чу шона бо сад забон мӯ ба мӯ гӯяд.

Имрӯз сухани ман туро дард кунад,
Фардо сухани ман туя мард кунад.
Зарбулмасали дӯстдоштаи муаллимону мураббиён.

Зана задана девори хоная зан.
Яъне занро задан нишонаи бехирадии мард аст.

Фарзанди бад лелаи шашум, бурӣ дард кунад, набурӣ халал мерасонад.

Ваъда додӣ, вафо кун,
Ба душманат ҷафо кун.

Саги ҳақшинос беҳ аз мардуми ҳақношинос.

Дар хонае, ки зан нест, як сӯзан нест.

Қаҳри зан то хушк шудани дока.

Зан, ки ҳарчипаз шуд, мард ҳарчихӯр мешавад.

Қиблаи зан шавҳар аст, агарчи бадгавҳар аст.

Шӯи касро шӯ накун, деги сиёҳа ба рӯ накун.

Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад.

Аз очаи ахмоқ (аҳмақ) бачаи чақмоқ.
Ин ҷо чақмоқ ба маънои  барқ буда чолокиву серғайратиро ифода кардааст. Яъне аз волидайни нодон фарзанди доно метавонад таваллуд шавад.

Духтар – санги фалахмон.
Яъне парида ба ягон ҷой хоҳад рафт.

Писарат калон шавад, додарвор насиҳат кун, духтарат калон шавад, хоҳарвор насиҳат кун.

Ягон гӯр ба тақу туқ не.
Яъне дар ҳар хонавода муаммою мушкилоте ҳаст.

Харҷ оби равону дахл осиёби гардон.

Насияро дузд баровардагӣ.

Дар тобистон борон боридана морон борад.
Зеро бо зиёд шудани намигарӣ ҳашарот меафзояд.

Ниҳол дар як ҷо реша мегирад (месабзад).
Ба он маъно мегӯянд, ки кас дар як ҷо кор кунад, дар касбаш соҳиби маҳорат шуда обрӯ меёбад.

Ба хонае, ки офтоб надарод, табиб медарод.

Дар ҷое, ки пир нест, тадбир нест.

Тани гарм бе дард не.

Дард дигар, аҷал дигар.

Гарчи бе аҷал нахоҳӣ мурд,
Ту марав ба даҳони аждарҳо.

Дар рӯзҳои Наврӯз чил кундая сӯз, хоҳ шаб гардию хоҳ рӯз.
Яъне дар иқлими континенталии Самарқанд баъзан дар Наврӯз низ ҳаво хунук мешавад. Дар Наврӯз гулхан афрӯхта кундасӯзӣ кардан аз оинҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар атрофи он «сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир» гӯён суруд мехонданд.

Одам – шири хомхӯрда.
Яъне одам дар зиндагӣ хато низ мекунад. Оиди одами маккор мегӯянд: Вай шири очеша ҳафт бор ҷӯшонида сонӣ хӯрдагӣ.

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,
Миннати Ҳотами Тойӣ набарад. 

Такрор – модари дониш.

Комментариев нет: