пятница, 20 апреля 2018 г.

Баъзе ибораҳои обдори самарқандиён – 22


Аз табақи мис ғелид.
Яъне аз худ рафт. Ба монанди мақоли Хара таъриф кунӣ, худаша ба ҷар мепартояд.

Савори хари ҳамсоя ба ҷаннат рафтанӣ.
Касе, ки ба воситаи каси дигар соҳиби сарват ё мансаб шуданист.

Гапа кӣ занад? Пулдор!
Пулдор дар аксар маврид даҳонкалонӣ мекунад ва ин «Айба кӣ кунад? Маиб» барин садо медиҳад. Аммо дар ҷамъияти сармоядорӣ каси пулдорро маиб (маъюб) гуфта наметавонед, зеро, ки пулдор одами зӯр ба ҳисоб меравад.

На дар бел меистаду на дар табақ.
Оиди суханҳои по дар ҳаво.


Ҳавои даҳан кати осмони ҳафтумба оши палав мепазад.
Аз ҳад зиёд муболиға ё манманӣ мекунад гуфтанист.

Пеш аз пода чанг накун.
Пода дар деҳот ҳатман чанги роҳҳои пури тапурхокро ба ҳаво мехезонад.
Аммо  ин ҷо гӯянда қаблан овоза накун мегӯяд.

Сиёсат – зани ҷалаб.
Ин гап дар замони шӯравӣ пайдо шудагист, дар он замон машҳур буд.  Ба он сабаб ки гап дигару кор дигар буд. Роҳбарони коммунист оиди баробарию бародарӣ зиёд ҳарф мезаданд, аммо барои худ аз магазинҳои махсус ба нархи арзонтарин хӯрокворӣ ва пӯшоки беҳтаринро мегирифтанд.
Духтурони беҳтарин дар ихтиёрашон буд.
Радио, телевизион, матбуот дар бораи ин роҳбарон бо зиндабодгӯйӣ машғул буданд.

Дар вақти шомол гап занӣ, гапат беҳуда меравад.
Дарди бахайр мебуд агар беҳуда равад. Бисёр дидам, ки шамол ба даруни каллаҳои чун каду холӣ роҳ ёфта сайр дорад.

Бад кунӣ бар падар, мекашӣ аз писар.

Ҷанната диданаш ҳасту хӯрданаш нест.
Телевизор будас-дия!

Аз ганда гап пурсӣ, дашном мешунавӣ.
Яъне аз одами ганда дар ҳама вазъият дуртар будан зарур аст.

Ёфтӣ  ҷота, дароз кун пота.
Хусусан агар ба мансабе соҳиб шаванд, чунин меҳисобанд, ки ин мулк мероси падарашон.

Маҷит ҷои г.. нест.
Маҷит ҷои бод нест низ мегӯянд. Аммо аввали беҳтар аст, зеро маънои маҷозиаш дар ҷои покиза ҳарфи бадбӯй нагӯй аст.

Аз паси акка равӣ г.. мехӯрӣ.
Акка – дузд. Собун ва ҳар чизи дурахшони аз чашм дури инсонро медуздад. Ва як хислати бадаш наҷас хӯрдан аст. Маънои аввали ин зарбулмасал ишора ба бадкории акка дорад.

Ҷои гармата хунук накун.
Вақте ки як  кор дилбазан шуду ба кори дигар гузаштанист, мегӯянд.

Замин накафид, ки  даром.
Яъне шарм доштам мегӯяд.

Замин кафида одам буромадагӣ.
Яъне хеле серодам.

Сӯзан партоед, ба замин намеафтад.
Ба ҳамин маъно.

Дар хирмани каҳ сӯзан кофтан.
Яъне ба кори бенатиҷа даст задан.

Тобистон куҷо будӣ, таги туту бедона.
Дар бобати шахси ба зимистон тайёрӣ надида.

Бинеша дорӣ, ҷонаш мебурод.
Яъне лоғар, бемадор, нимҷон.

Номаша  гиру гӯшаша каш.
Ягон инсонро ёд оранду худаш даромада ояд, чунин мегӯянд.

Нодонмурӣ биёд.
Ин хел беморӣ бо номи нодонмурӣп нест. Аммо касеро нодоне бисёр зиқ кунад, ҳамин тавр мегӯянд.

Харбуза, ки пухт, думча мепартод.
Яъне аз палак – хонаи падару модар рафтани фарзандони калонсол дар назар аст.

Аз як палак чанд хел ҳандалак.
Ҳама фарзандон ба падару модарашон монанд намешаванд, як нафар аз пешгузаштаҳо сад-дусад сол пеш кабудчашм ё дигаре сиёҳпӯст бошанд, ҳамон генҳо худро намоиш медиҳанд.

Чоҳканро чоҳ дар пеш.
Ин чоҳест, ки дар роҳи касе канда рӯяшро хаспӯш кардаанд, барои афтонидани ӯ. Яъне касе, ки барои чунин кор чоҳ меканад, худаш ба чунин чоҳ меафтад.
Аммо маънои маҷозиаш ба касе бад кунӣ, бадӣ бебинӣ аст.

Дарахти каҷа сойеш ҳам каҷ.
Одами бадро ҳама ҷиҳаташ бад.

Беғамии баҳор – пушаймонии тирамоҳ.
Яъне беғамии ҷавонӣ – пушаймонии пирӣ.

Хабаркашро мадеҳ дар назди худ ҷой,
Ки охир мекунад сад фитна бар пой.
Ба шарҳ эҳтиёҷ нест.

Тухумдузди имрӯза – шутурдузди фардо.

Зувони паррандая парранда медонад,
Зувони даррандая дарранда.
Яъне забони дуздро дузд медонад.

Ба боғи ҳайвонот дарод, фила надида мебурод.
Оиди касе, ки танҳо ба майда-чуйдаҳо эътибор медиҳад.

Ба каромоти пири мо чӣ аҷаб, ки гурбаро диду гуфт барф борид.
Яъне гурба бо пағаи барф дар пушт вориди хона шудааст. Муносибати манфии мардум ба фолбинӣ.

Қавли се кас  нест дар даҳр устувор,
Хушомадгӯю фолбину аҳли бозор.

Мастию ростӣ
Шароб қулфи даҳонро мекушояд.

Май шарафи мардумӣ оварад падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
Дирамхарид – ба пул харидашуда, яъне ғулом.

Ҳар кӣ наомӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Чунин байтҳо, ки дар асл эҷоди шоирони классиканд, дар забони гуфтори мардум ба зарбулмасал табдил ёфтаанд.

Мастӣ мебарад ба пастӣ.
Албатта одами пастро ба пастӣ мебарад.

Обмӯрӣ - аз боғ калон.
Тӯйи осмонкаф ва исрофгаронаи одами камбизоат, яъне камдаромад.

Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Дар асл байти Фирдавсӣ буда зарбулмасал шудааст. Дар мавриде мегӯянд, ки фарзандҳо пароканда шуда ба сардорони хонавода итоат намекунанд.


Арақ гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Арақхӯрро ба дӯзах мерасонам.

Даромад – то миён, қарз – то хекиртак.
Аҳволи соҳиби тӯй баъди тӯй.

Як нону намаки каса хӯрдӣ, чил сол андеша кун.

Нону намаки кас сад сол андеша дорад.

Як бор нону намак хӯрӣ, чил рӯз андеша кун.

Ин зарбулмасалҳо аз афкори омиёна дарак медиҳад. Ҳамон одаме, ки ба шумо нону намак дод, душман, ҳаромзода ё дузд бошад чӣ бояд кард? Масалан фосиқ ғайбат надорад мегӯянд, чаро бадахлоқии ӯро фош кардан мумкин нест?
Дар ин маврид на танҳо сад солу чилсолу чил рӯз, балки як соат ҳам таъхир набояд кард.

Пул бошад, дар ҷангал шӯрбо.
Яъне дар ҷангал дӯкони гӯшт нест, ки гӯшт харӣ. Аммо пул боша, телефон кунӣ, гӯштро бо чархбол оварда мерасонанд. Дар замони сармоядорӣ аз пул зӯртар чизе нест. Маънои дуюми пул кӯпрук аст. Яъне чизест пайвандкунанда.

Амри подшоҳ – воҷиб.
Хусусан агар он подшоҳ зани худатон бошад.
Як навъ матриархат – модаршоҳӣ дар Самарқанд ҳаст.
Ин гуна подшоҳӣ шоҳигарии маҷозӣ аст. Шоҳигарии ҳақиқии зан он вақт сар мешавад, ки зан барои пулкоркунӣ барояду шавҳар дар таъминоти хонавода сустӣ кунад. Дар ин сурат зан – шоҳи ҳақиқӣ, шавҳар ҳамту як  ғуломбача барин шуда мемонад.

Зарбулмасалҳо баъзан такрор шаванд ҳам шарҳашон дигар аст.

Комментариев нет: