воскресенье, 8 апреля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён -18


Шӯрбоя дузд буровардагӣ.
Аз он ки дар Самарқанд палавро дӯст медоранд, ба шӯрбо нописандона нигоҳ мекунанд.

Дар хонаи бачадор ғайбат нест.

Падарҷудо бошу шикамҷудо не.
Фарзандони аз як модар таваллудшуда нисбати ҳамдигар меҳрубонтаранд. Ба ин маъно додараш бошад, аз ишками модараш бошад мегӯянд.

Гапи роста аз кӯдак шунав.

Ҳар кӣ зан надорад, роҳати тан надорад.


Зану дандон роҳати мардон бувад,
Бе зану давдон ҷаҳон зиндон бувад.

Заната эҳтиёт куну зарата эҳтиёт кун.
Намуди дигари мақоли зан пинҳону зар пинҳон.

То омадани табар кунда меосояд.
Дар вақти даст задан ба кори хатарнок мегӯянд.

Моҳ ҳам доғ дораду офтоб ҳам.
Яъне дар ин дунё ягон чиз бе нуқс нест.

Гав, ки омад, гӯсола мехезад.
Агар калонсоле биёяду ҷавони нишаста ба эҳтироми ӯ нахезад, ба тариқи танбеҳи ӯ мегӯянд.

Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад.
Дар вақти дидорбинии ёрони дурафтода мегӯянд.

Деви озмуда беҳ аз парии ноозмуда.
Дар вақти интихоби арӯсшаванда мегӯянд, яъне духтари нозебои шинос беҳтар аст аз париҷеҳраи ношинос.

Ин лойи хушк ба девори мо намечаспад.
Нисбати тӯҳмати  беасоси касе мегӯянд.

Гар бар мансаб бирасӣ, маст нагардӣ, мардӣ.
Яъне агар ба мансаб соҳиб шавию аз худ равӣ, номардӣ.

Зани номард будана беваи мард будан беҳтар.

Аз одам ному аз гов пӯст мемонад.

Моли мӯъмин – хуни мӯъмин.
Машҳуртарин мақол. Зеро агар касе моли мӯъминро хӯрад, баробар аст бо хӯрдани хуни мӯъмин.

Даҳони хӯрда шарм медорад.
Яъне аз дастархони одами ноозмуд набояд ягон луқма хӯрд.

Марде, ки аз қавлаш гашт, номард аст.

Мардон назананд лофи мардӣ.
Мард ҳеҷ гоҳ ман мард намегӯяд, ӯ мардиро бо амал нишон медиҳад.

Некӣ куну ба дарё андоз.

Зинда бошу ганда мабош.

Гӯшвораи тилло намехоҳаму дарди гӯш ҳам.

Аз барракабоби дигарон мастобаи худат беҳ.

Гови ҷӯшоӣ – осиёби гардон.

Худо кама  тияду ғама натияд.
Дуои машҳури самарқандиён.

Талхии дуди хоная мӯрӣ мебардорад.

Коҳи кӯҳная бод накун.

Як сухан се саду шаст паҳлӯ дорад.

Як луқма кам, ду луқма кам,
То набинӣ дарди шикам.
Яъне пурхӯрӣ дарди шикам меорад.

Нонаша шутурча карда дод.
Яъне фиреб дод. Вақте ки бача ба кӯча бо кулчаи гарм баромад, фиреб доданӣ шаванд, мегӯянд: - Аз нонат шутурча сохта тиям-мӣ? Агар розӣ шуд, аз чор тарафи нонаш калон-калон газида ба дасташ медиҳанд ва ба соддагияш механданд.
Бойҳои навбаромад бе гирифтани розигӣ низ нонатона шутурча карда медиҳанд.

Ба амонат хиёнат намекунанд.
Солҳое, ки бонк набудааст, баъзе пулдорон, агар ба сафар раванд, пули худро амонат гӯён ба ягон кас медодаанд, ки дар вақти талабкардаашон як тин кам накарда бозгардонад.
Агар ин пулро хӯрад, хоин ҳисоб мешавад.

Сага рӯйи худаш нею рӯйи соҳибаш.
Саг ба соҳибаш монанд мешавад.

Ба шикори рӯбоҳ равӣ, барои шер силоҳ гир.
Зеро рӯбоҳ аноӣ не, дар паси шер руст шуда мегардад. Ба мисли маккороне, ки дар идораҳои ҳукуматӣ пуштибон доранд.

Фил аз муш метарсад.
Зеро ба гӯшаш ё ба сӯрохи хартум даромада боиси нороҳатии зиёди ӯ мегардад. Аммо ин мақол душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон гуфтанист.

Фарзанди касон намекунад фарзандӣ, ҳарчанд ба гарданаш тавқи тилло бандӣ.
Ба фарзндӣ қабул кардани кӯдакони бепарастор савоб аст ва баъзан чунин фарзанд фармудаи калонҳои хонаводаи нави  худро иҷро накунад, чунин мегӯянд.

Бадкина мабошу бадгумон бош,
Аз фитнаи даҳр дар амон бош.

Ба қуллаи баланд бароӣ, фаромаданаша ҳам андеша кун.
Яъне ба мансаби баланд соҳиб шавӣ ҳам рӯзе хоҳӣ-нахоҳӣ ба поён мефароӣ.

Дил дастархон нест, ки ба ҳама кушоӣ.

Ҳазил ба зил мегардад.
Ин ҷо зил ба маънои зиллат яъне беиззатӣ ва ҷанҷол омадааст. Бо ҳар кас наметавон ҳазл кард.

Умри дурӯғ – кӯтоҳ.

Баландовоз бошад марди омӣ,
Чу шир дар дег меҷӯшад зи хомӣ.

Аз шир даҳонсӯхта ҷурғота пуф карда мехӯрад.

Санги даркорӣ вазнинӣ надорад.

Аз таги пой пул ёбӣ ҳам, шумурда гир.

Сарфагари сари оташдон -  савдогари Ҳиндустон.
Яъне агар сарфакор бошӣ, савдогарӣ шарт нест.

То тавонӣ сирри дил бар ёри худ ҳаргиз магӯй,
Ёр ёре дораду аз ёри ёр андеша кун.

То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.

Кӯрпетба нигоҳ карда по дароз кун.
Яъне аз рӯи имконият харҷ кун.

Шири модгова намехӯрад, ҳаққи гӯсола ҳаст гуфта.
Дар бораи одами аз ҳад зиёд эҳтиёткор.

Он касе, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Мискин хараки хеш ба манзил бирасонад.
Яъне дар ин маврид ӯ  ба омӯхтан бисёр мекӯшад.

Пишак муша барои худо намедорад.
Дар бораи он ки ҳар кас пеш аз ҳама шиками худ, яъне манфиати шахсии худро фикр мекунад.

Аз миннат тарсу аз меҳнат натарс.

Либоси кӯҳна қадри мардон кам намесозад,
Агар гавҳаршиносӣ ханҷара урён тамошо кун.

Фикри нона кун, ки харбуза об аст.
Дар Самарқанд харбузаро бо нон мехӯранд. Зеро селитра дорад ва нон қадре бошад ҳам таъсири онро кам мекунад.
Аммо ин мақол таъкид бар он дорад, ки инсон аз чизи ғайриасосӣ асосиро бояд фарқ кунад.

Духтар дар хона намемонаду моли нағз дар кӯча.

Сурататро чӣ кунам, агар ту надорӣ сират,
Кас ба як ҷав нахарад сурати бесиратро.
Сират маънавиёт аст. Маънавиёт дар касе мешавад, ки китобу газета, маҷалла хонад, ба театр равад ва барои гирифтани ғизои маънавӣ кӯшиш намояд.

Гапа кобӣ гап мебарояд, замина коби об.

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Ихтиёр ба дасти бахтиёр.
Яъне  имрӯзҳо ихтиёр ба дасти дастдарозон аст.

Маро чӣ аз ин қисса, ки хар омаду гав рафт?

Чӯби мулоима кирм мехӯрад.

Духтар пир, бахташ мир.

Қадат барин  қад меёбию, дилат барин дил ёфта наметонӣ.

Кори шабу хандаи рӯз.

Гушна (гурусна) ба шер мезанад.

Зоғ хиромон  мегардам гуфта лӯк-лӯки худро фаромӯш кардас.

Дасти шикаста кор мекунад, дили шикаста не.

Аспа охури харба бандӣ, хар мешавад.

Давои қурут – оби ҷӯш.

Лаби беханда – шикофи девол.

Бо шир даромада бо ҷон мебарояд.
Дар бораи феъли баде, ки аз хурдӣ шакл гирифтааст.

Ҳар чӣ кардӣ бар падар,
Аниқ кашӣ аз писар.

Гар бо ту зоғ ҳамнишин,
Хӯрокат бувад доим саргин.

Ёфти ҷота, дароз кун пота.

Дарвозаи Самарқанда бастан мумкин, аммо даҳони мардума не.

Душман, ки айбата наёфт, думи сагата каҷ мегӯяд.

Палав будагӣ ҷоба Даҳбед як қадам.
Даҳбед дуртар аст аз шаҳри Самарқанд, аммо агар самарқандӣ шунавад, ки дар фалон ҷойи дур палави зӯр мепазанд ҳатман меравад. Зеро самарқандиҳо палавро дӯст медоранд.
Бомазахӯраки самарқандӣ барои палавхӯрӣ ҳатто ба Ҷиззах меравад, ки бо мошин чанд соата роҳ аст.

Пур хӯрдию дам кардӣ,
Умри азиз кам кардӣ.

Дили нохоҳам узри бисёр.

Шароби муфта қозӣ ҳам мехӯрад.
Шароб ғизои ҳаром аст, тибқи таълимоти динӣ ва қозӣ, ки пуштбони шариат буд барои нӯшидани он одамонро ҷазо медод.

Боғи бахил гул кунад ҳам ҳосил наметияд.

Хорӣ зи тамаъ хезаду иззат зи қаноат.

Даҳонаш каҷ бошад ҳам, бачаи бой гап занад.

Дунё дунёи қӯтур, рӯбоҳ дар болои шутур.

Дар дунё намонд шеру паланг,
Ҷаҳонро гирифт рӯбоҳи ланг.

Ҳар ҷо ки паривашест, деве бо ӯст.

Дар дунё одам намонд, буза Абдукарим ном карданд
Киноя ба мансаб соҳиб шудани одами пастфитрат.

Кал мурад – ғолиямӯй,
Кӯр мурад – бодомчашм буд мегӯянд.
Марсиянависӣ ё ёдномаҳо.


Комментариев нет: