вторник, 26 февраля 2008 г.

Точик шудан мушкил аст

Вақте ки тифл таваллуд шуд, падару модараш точику зодгоҳаш Точикистон бошад, ҳам ҳанўз ў точик нест ба маънои томи ин калима. Точик - категорияи фарҳанги. Агар инсон ҳангоми рушду фарҳанги точикиро аз бар карда тавонад, баъд метавон точик номид. Точикони асил ва хунсоф будани мардуми баъзе ноҳияҳои кўҳистони Точикистон сафсаттае асту бас. Баъзан чунин сафсаттагўи аз чониби донишмандоне чун Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ рух медиҳад ва мардум онро чун ҳақиқати маҳз қабул мекунанд.

Тифл дар Точикистон таваллуд шуда ба воя мерасад, даҳ сол дар мактаби миёна таҳсил мекунад, вале забони умумии адабии точикиро намедонад. Агар медонист, ба забони шифоҳии адаби гап зада метавонист.

Шарти авали точик будан донистани забони адабии точикист. Пас ў кист? Ўро данғараги, шуғни, вахони, язғуломи, яғноби, рашти, хучанди метавонед бигўед, аммо точик нест.

Донишмандоне ҳастанд, ки русзабонанд, аммо фарҳанги точики дар мағз-мағзи эчодашон реша дорад, ба мисли Темур Зулфиқоров. Ҳамин Темур Зулфиқоров точики асил аст, аммо точики кўҳистонизодае, ки Шоҳномаро нахондаасту Абўмуслиму Сарбадорон кистанд намедонад, точик нест ба маънои комили калима.

Се сол пеш ба Душанбе ба чашни Иттифоқи нависандагон рафтам. Ҳамроҳам донишманди самарканди Аслиддин Қамарзода буд. Дар м.103-юм ба микроавтобус нишастем ва ба тарафи маркази шаҳр равон будем. Дар ҳар чо яке барои фаромадан ба ронанда мегуфт: Манаш бикун. Вожаи «манъ» араби аст, азбаски дар точики садои ҳарфи айни араби нест, халқ онро ба савти точики мувофиқ гардондааст, сактаро партофтааст. Ба ҳамин сабаб ба гўши точики шимоли хандаовар мерасад ва агар бори аввал шунавад, худ ба худ суол медиҳад: «чаро маро бикун, мегўяд?». Дар лаҳчаҳои шимол дар ин маврид мегўянд: «Мошина нигоҳ дор!» ё «Ҳаминчо истед!». Ин ба гуфтори адаби наздиктар бошад ҳам, саҳеҳтараш «мошина боздоред» аст. Забони шифоҳии адаби миллатро муттаҳид ва шеваҳои маҳалли аз ҳам чудо мекунанд.

Қамарзода бори аввал «манаш бикун»-ро шунида аз ман суол кард, ки дар ин маврид дурустараш чи бошад ва ман то расидан ба маркази шаҳр ин масъаларо ҳамачониба матраҳ кардам. Ва илова намудам, ки дар замони шўрави Турачи Атобаки аз Ҳуланд омад ва дар толори Академия маърўзаҳо хонд. Ба шеваи теҳрони сухан мекард. Ман хестам ва гуфтам, ки мо як забони шифоҳии адаби дорем, аз забони китоби каме фарқ мекунад дар талаффуз. Магар дар Эрон чунин забон нест? Ў гуфт, ки ҳаст, байни мардуми фарҳанги ва кўшид, ки бо ин забон сухан кунад ва нақлаш барои мо фаҳмотар шуд.

Дар микроавтобус дар қатори пеш чанд нафар чавонҳои хушлибоси дафтару китобдор менишастанд. Ин нақли каминаро бо диққат гўш карданд ва баъд ҳар яке дар ҳар чо, ки фуромадан лозим буд, ба ронанда «манаш бикун!» гуфта фуромад.

Устоди донишгоҳи Самарқанд Қамарзода ба рўи ман механдид. Ман ба ў гуфтам: 25 соли дароз кори ман дар Душанбе аз ҳамин иборат буд ва натича чунин буд. Ман мегуфтам, ки Шашмақом мероси умуми аст, онҳо мегуфтанд, ки не, танҳо моли шимол. Ман мехостам онҳоро ба як масчиди тибқи суннатҳои ҳазорсолаи меъмории милли биноёфта биёрам, аммо онҳо ҳар яке дар маҳалле биное ба сурати кулба сохта онро масчид меномиданд.

Хеле таассуф хўрдаам, ки аз забони адабии солҳои шўрави пайдо гардидаи пойтахт чизе боқи намондааст. Мошин ба истгоҳи театр расид ва ман гуфтам: - Расидем ба маркази Данғара!

Комментариев нет: