пятница, 5 июня 2009 г.

Зодгоҳи одамхудо Митроро дар кўҳистон бояд ҷуст

Оини Митро, ки беш аз 7 ҳазор сол таърих дорад, сараввал дар сарзамини ниёгони мардуми тоҷик пайдо шудааст.

Ин оин барои динҳои дигари ҷаҳонӣ – зардуштӣ, яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом замина гардида аст, ки донишмандони соҳа дар ин бобат осори зиёде навиштаанд. Ба ин сабаб Тоҷикистон ҳақ дорад, ки ҳафт ҳазору сисолагии тамаддуни митроиро ҳамчун бунёди асосии тамаддуни ориёӣ таҷлил намояд.

Тибқи ривоятҳо Митро дар ғори кўҳӣ аз Анаҳитои бокира ба дунё меояд. Баъд барои паҳн кардани оини худ ба ҳамвори мефарояд.

Донишманди тоҷик Холназар Муҳаббатов соли 2007 дар шумораи 7-ум маҷаллаи «Садои шарқ» мақолаи хуберо таҳти унвони «Нақши кўҳсор дар камолоти иқтисодиёту тамаддуни ҷаҳонӣ» чоп карда буд. Ў дар ин мақола аз ҷумла чунин навиштааст:
«Набояд фаромўш кард, ки кўҳистон аввалин пойгоҳи мардуми оринажод буд (махсусан кўҳистони Осиёи Марказӣ) ва маҳз аз ин макон онҳо ба дигар гўшаю канори дунё ҳиҷрат намуданд.
Донишманди маъруфи тоҷик Қандил Ҷўраев дар асари «Тоҷикон аз нигоҳи геоэтнографӣ» дар асоси омўзиши китоби муқаддаси «Авесто» ва сарчашмаҳои зиёди таърихию ҷуғрофӣ ҳиҷрати аҳолиро аз як макон ба макони дигар хеле хуб маънидод намудааст. Ў қайд кардааст, ки дар замонҳои қадим дигаргуншавии омилҳои иқлимӣ қисми зиёди аҳолиро маҷбур месозад, ки аз сарзамини кўҳсори ҳозираи Тоҷикистон ва гирду атрофи он ба шимоли Афғонистон ва ҷанубу ғарби Осиё ҳиҷрат кунанд.
Мувофиқи ривоятҳое, ки олими немис Карл Риттер дар асари худ «Эрон» овардааст, гуфта мешавад, ки Ҷамшед бо рама ва одамҳои худ аз кўҳсор оҳиста-оҳиста фаромада, дар водиҳои зархез макон меҷўяд, шаҳру деҳот месозад ва аз он ҷумла дар ғарбии Эрони имрўза қасре бино мекунад бо номи «Тахти Ҷамшед». Ҳоло дар байни эрониён ривоят мекунанд, ки аҷдодони қадимии онҳо аз шимолу шарқи Осиёи Миёна ба ин кишвар кўчида омадаанд.
Нақшҳои болои санг, ки дар Помир ёфт шудаанд ва ба давраи неолит тааллуқ дорад, яке аз қадимтарин бозёфти сайёраи мо ба ҳисоб меравад. Бостоншиносон боз бисёр чунин намуди нақшро дар болои санг дар қисми шимоли кўҳҳои Аличур дар баландии 3800 м ёфтаанд.
Ҳангоми сафари навбатӣ ба кўҳистони Мастчоҳ на чандон дуртар аз Дашти Ошиқон мо якчанд намуди нақши болои сангро пайдо намудем. Бино ба қавли академик А.Мухторов ин нақшҳо низ ба давраи неолит тааллуқ доранд. Доктори илми таърих Ю.Ёқубов, ки чандин муддат ба тадқиқи ёдгориҳои саргаҳи дарёи Зарафшон машғул аст, низ бисёр намунаҳои нақши болои сангро кашф намудааст.
Бисёр тадқиқотчиён дар кўҳҳои Тиёншон дар баландии бештар аз 3000 м петроглифҳои (катибаи) давраи неолитро дар ғори Окчункур (3000 м), Соймалӣ – шарқии кўҳҳои Фарғона дар баландии 3016 м ёфтанд. Санадҳо далолат мекунанд, ки қабилаҳои маскуни ин ноҳияҳо дар охири асри III ва аввали асри II то милод маданияти нисбатан баландро соҳиб буда, оид ба илми нуҷум (ситорашиносӣ) тасаввуроти муайян доштанд.»

Ин навиштаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки сангнигораҳои кўҳистони тоҷик вобаста ба торихи оини меҳрпарастӣ тадқиқ нашудаанд.

Аз ин ҷост, ки худ саҳеҳ гуфта наметавонам: аз нақшу нигори оини митроии Тоҷикистон кадом қадимтар аст?

Ба назарам ҳоло аз сангнигораи Сойи Сабоҳи Масчоҳ, ки Митро дар сурати одами офтобсар тасвир ёфтааст, нақши бостонитаре нест. Ба ин далел он ҷоеро, ки ин нақшро дорад, зодгоҳи одамхудо Митро бояд ҳисобид. Ба ин дар қадимзамон Меҳрҷо будани Масчо низ далолат мекунад.

Эҳтимоли қавӣ дорад, ки Сойи Сабоҳи кунунӣ номи ҳозираи «зодгоҳи худои офтоб» - яъне дараи субҳ аст.

Тибқи қавонини забон бо мурури замон баъзе овозҳои як вожа ба овозҳои дагар табдил меёбанд, ки мо мисоли онро дар вожаи Масчо мебинем. Ба номи ин аввалхудои тоҷикон ҷашни Меҳргон (рўзи Меҳри моҳи Меҳр) мавсум бошад ҳам, аммо ҷашни зодрўзи ў 21 декабр – Шаби Ялдо аст. Масеҳиён ба иллати дар замонҳои бостон саҳеҳ набудани тақвимашон онро ба 25 декабр, баъд ба якуми январ кўчондаанд. Ялдо – ба забони шумери таваллудро ифода мекунад ва мо намедонем, ки ниёгони тоҷик дар қадимзамон онро чӣ мегуфтанд.

Кулоҳи рўҳонии бузургро масеҳиён «митра» ва худи ўро митрополит мегўянд. Кулоҳу ҷомаи сурхи Бобои барфӣ низ митроист. Донишмандони оини митроӣ бар чунин ақида пофишорӣ доранд, ки расми қурбонӣ кардани ҳайвонот ба динҳои дигари ҷаҳонӣ аз дини меҳрпарастӣ гузаштааст. Дар бисёр муҷассамаву тасвирҳо Митро барои нерў бахшидан ба замин гови нарро қурбонӣ мекунад.

Ба исботи зинда будани ҷашни Меҳргон дар замони сомониён ин мисраи Рўдакӣ – «Малико, ҷашни Меҳргон омад!» кофист.

Ва боз ҳам Рўдакӣ оиди дар дасти сомониён будани дирафши ковиёнӣ (ҳамон дирафше, ки тасвири шеру офтобро дошт) бо ин байт хабарамон медиҳад:
Бо дирафши ковиёну тоқдес
Зари муштафшору шоҳона камар.

Тақдес ин ҷо ба маънои тахти тоқмонандест, ки шоҳони Эрон аз замони Фаридун сар карда ба он менишастанд.

Оиди офтобпарастии ниёгони мо номи қадимии кишвар низ гувоҳӣ медиҳад.

Асъадии Гургонӣ дар ин боб гуфтааст:
Забони паҳлавӣ ҳар к-ў шиносад,
Хуросон он бувад к-аз вай хур ояд.

Хур – номи бостонии хуршед будааст. Дар забони яғнобӣ чуни наст.

Онҳое, ки мехоҳанд оиди таъсири фаровони оини Митроӣ бар масеҳият ва чӣ тавр масеҳиёни қадим аз Митро Исои масеҳро офаридаанд, маълумоти аз ин бештаре гиранд, муроҷиат кунанд ба мақолаи донишманди эронӣ Мирҷамолиддини Каззозӣ «Сўзани Исо», ки бо ихтисор соли 2007 дар шумораи ҳаштуми маҷаллаи «Садои шарқ» чоп шудааст. Ва нигаронӣ ин аст, ки аз чунин мақолае, ки оиди решаҳои фарҳанги мардуми мост, кормандони ин маҷалла чиро ихтисор кардаанд?

Муаллифоне, ки оиди оини меҳпарастӣ ҳарф мезананд, Митрои замони одамхудоии ў, замони худоии ў (яъне меъроҷи ў ба осмон баъди марги ҷисмонӣ) ва замони фариштагии ў (дар оини зардуштӣ)-ро ба ҳам печидаанд.

Ва ё ки ба мисли Холиқ Мирзозода замони дар Аврупо паҳн гардида симои ҷанговарона пайдо намудаи ўро баён мекунанд. Ба ҳамаи ин каму костиҳо он вақт метавон хотима дод, ки донишмандони соҳа дар як конфронс ҷамъ шуда тамоми ҷиҳатҳои ин масъаларо баррасӣ кунанд ва ба як фикри ягона биёянд.

Комментариев нет: