вторник, 23 июня 2009 г.

Магар оини меҳрӣ вуҷуд надошт?

Дирўз ба дастам китобе расид, ки «Очерки истории и теории культуры таджикского народа» ном дорад ва дар шаҳри Душанбе соли 2009 чоп шудааст. Муҳаррири масъули ин маҷмўаи мақолаҳои илмӣ доктори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва яке аз мураттибон низ ў будааст. Хеле шодам, ки ин дўсти азизам чунин корҳои муҳимро пайваста идома медиҳад. Дар аннотатсия навиштаанд, ки ин китоб ҷилди саввум ҳисоб мешавад, аз ҷилдҳои дагари он хабаре надорам.

Чизи тааҷҷубовар бароям он буд, ки муаллифони ин китоб, вақте ки оиди нишонҳои ориёӣ аз қабили свастика, ситораҳо ва ғайра ҳарф мезананд, аз оини митроӣ ном намебаранд, ки далел ба ноогоҳии онон аз ин дин аст. Пажуҳишгар Тўйчиева бошад, нақши панҷаи дастро танҳо мутааллиқ ба замони исломӣ медонад, дар ҳоле ки чунин нақшҳои дасти мутааллиқ ба замони митроӣ дар ғорҳо ҳастанд. Панҷ сутуни хонаҳои помирӣ низ пеш аз ислом вуҷуд дошт.

Худи топоними Помир аз ибораи «пои Меҳр» пайдо шудааст ва ба он касе шак надорад.

Донишмандони тоҷикро мебояд, ки сангнигораҳо ва номҳои мавҷудаи географии Тоҷикистонро вобаста ба оини меҳрӣ тадқиқ кунанд. Масалан касе намедонад, ки маънои Айваҷ чист.

Дар оини меҳрӣ Айвандод ном гове ҳаст, ки аз ў чорпоён ба вуҷуд меоянд. Оё ин устура бо Айваҷи Тоҷикистон алоқае дорад? Донишмандон бояд ба чунин саволҳо посух биҷўянд.

Дар вақти муайян кардани тарзи топоним ба манбаъҳои таърихи муроҷиат кардан низ лозим аст. Хеле аҷиб аст, ки дар дастхатҳои «Бобурнома»-и Бобур (1483-1530) Масчоро ё Масиҳо навиштаанд ё Масихо.

Замоне, ки Искандар ба Суғду Бохтар лашкар кашид, дар ҷойҳои дурдасти кўҳистон бо оини меҳрӣ дучор омад ва фармуд, ки онро ба тамоми олам густариш диҳанд. Яъне кўҳистониён дар замони зардушти ин оинро нигоҳ дошта будаанд ва свастикаҳои рўи сангҳои гўристонҳои қадимаи водии Зарафшон бар он ишора мекунанд, ки пайравӣ ба оини меҳрӣ эҳтимол бо омадани ислом низ давом кардааст.

Дар мақолае Каззозӣ бо такя ба Авесто ҷойгоҳи Митроро кўҳи Сипанд-ҳоро гуфтааст. Ҷойгоҳ зодгоҳ нест, аммо ин Сипанд-ҳоро дар куҷост, бояд ҷуст. Ҷои шакке нест, ки бо мурури замон Сипанд-ҳоро табдил ба Исфара шуда бошад, чун исфанд шакли пасини сипанд аст ва мардум дар талаффуз ҳиҷоҳоро дохили вожаҳо ихтисор мекунанд.

Комментариев нет: